08:11:47 02-уми Июли 2025 сол

РӮҲОНИЁНИ РАШТ: АТТЕСТАТСИЯ ЧӢ ГУНА ГУЗАШТ?

Дар рӯзҳои ахири соли гузашта дар бинои ҳукумати ноҳияи Ҷиргатол хатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳия аз аттестатсияи давлатӣ гузаштанд. Аттестатсия аз ҷониби Кумитаи  дини назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои уламои дини ҶТ гузаронида шуд.

 

ХоликовРӯҳониёни расман ба қайд гирифташудаи ноҳияро шахсан  мушовири Раиси ҷумҳур оид ба кадрҳо Ҳасан Раҷабов, раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов, муовини раиси Кумитаи мазкур Ҷумахон Ғиёсов ва раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодир имтиҳон гирифтанд. Санҷиш дар ҳузури раиси ноҳияи Ҷиргатол Аслонбек Абдураҳмонов  сурат гирифт. Дар Ҷиргатол 5 нафар имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ ва 44 нафар имомони масҷидҳои панҷвақтаро имтиҳон карданд, ки ҳамаи онҳо аз ин санҷиш бо муваффақият гузаштанд.

 

Яке аз сабабҳои аз аттестатсия бомуваффақият гузаштани рӯҳониёни расман сабти номшудаи ноҳияи Ҷиргатол дар он аст, ки қариб ҳамаи онҳо ҷавон буда дар ин чанд соли ахир аксарият Донишкадаи исломии Имом Абӯҳанифаро дар шаҳри Душанбе хатм кардаанд. Аз натиҷаи аттестатсияи рӯҳониёни ноҳияи Ҷиргатол ҳам раиси Кумитаи дин ва ҳам раиси Шӯрои уламои дини ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Дар ҳамин ҳол тавре аз сӯҳбат бо Саидмукаррами Абдуқодир ва Ҷумахон Ғиёсов маълум гашт, аттестатсия инчунин дар байни хатибони масҷидҳои ҷомеъи ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод гузаронида шуд. Дар Рашту Ҷиргатол бошад аз аттестатсия ҳам хатибони масоҷиди ҷомеъ ва ҳам имомони масҷидҳои панҷвақта гузаронида шуданд. Ба рӯҳониён асосан аз Қонуни  ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фиқҳ, таҷвид ва сарф суолҳо дода шуд, – гуфтанд онҳо ва илова намуданд, ки дар Рашт аз 21 нафар муллои дар аттестатсия ширкат карда 5 нафарашон аз аттестатсия нагузаштанд.

 

Дар Нуробод бошад 2 нафар мулло аз аттестатсия гузашта натавонист. Дар Тоҷикобод 1 нафар муллоро  барои такмили дониш ва омода шудан ба фаъолияти имом-хатибӣ се моҳ мӯҳлат доданд ва боқимонда дигар  муллоҳои расмии Тоҷикобод аз аттестатсия гузаштанд. Дар минтақаи Рашт дар назди ҳукуматҳои маҳалӣ расман 18 масҷиди ҷомеъ ва 245 масҷиди панҷвақта (Ҷиргатол 5/44, Рашт 5/38, Тоҷикобод 2/13, Тавилдара 1/42, Нуробод 5/108) ба қайд гирифта шудаанд.

 

А. Холиқов дар баромади худ дар назди сокинони ноҳия Ҷиргатол қайд намуд, ки «маҳз сатҳи начандон баланди саводи динӣ  ва маърифати ҳуқуқӣ дар байни рӯҳониёни ноҳияҳои Рашт ва Нуробод, ки аз ҷониби мо мушоҳида карда шуд, боиси он гардид, ки онҳо натавонистанд саривақт дар бартарафсозии омилҳое саҳм бигиранд, ки мунҷар ба нооромӣ ва бесуботиҳо дар водии Рашт шуданд». Аттестатсияи рӯҳониёни расман ба қайд гирифташудаи минтақаи Рашт идома дорад.

 

Далер САФАРОВ, махсус барои сомонаи «Рӯзгор» аз Рашт

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4040-2011-01-03-05-47-42.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ