ЯҲУДИЁН БА ОСИЁИ МИЁНА БАРМЕГАРДАНД
Нашрияи мустақили «Дунё»-и чопи Душанбе аз қасди режими саҳюнистӣ барои нуфуз дар кишварҳои мусалмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз тариқи бозгардондани яҳудиён ба Осиёи Миёна хабар дод.
Нашрияи мустақили «Дунё» дар шумораи ахири худ ба нақл аз пойгоҳи хабарии Izrus (вобаста ба режими Исроил) овардааст, ки мақомоти режими саҳюнистӣ дар талошанд то ҳузури худро дар кишварҳои мусалмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ густариш диҳанд. Ин нашрия навиштааст, ки эҳимолан режими саҳюнистӣ барои амалӣ кардани ин ҳадаф, аз яҳудиёне, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Исроил интиқол ёфтанд, истифода хоҳад кард.
Нашрияи «Дунё» дар идомаи матлаб навиштааст, тайи чанд ҳафтаи ахир, чанд ниҳоди вобаста ба санъатҳои низомии режими саҳюнистӣ, теъдоде аз мутахассисони забони русиро барои фарогирии бархе омӯзишҳо дар ин ниҳодҳо ҷазб кардаанд, ки мумкин аст бештари афроде, ки барои бахшҳои хориҷии санъатҳои низомии ин режим истихдом мешаванд, ҳамон яҳудиёни кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравии собиқ бошанд.
Нашрия сипас меафзояд, ки ин нерӯҳо ба дунболи таъмини манофеъи режими саҳюнистӣ дар кишварҳои мусалмони Осиёи Миёна хоҳад буд. Нашрия идома медиҳад, пас аз сард шудани муносиботи режими саҳюнистӣ бо Туркия, ки аз муштариён ва харидорони аслии силоҳ аз ин режим буд, Тел-Авив қасди вуруд ба бозори аслиҳаи кишварҳои Осиёи Миёнаро дорад.
Ин ҳафтанома ҳамчунин навиштааст, мӯҳлати қарордодҳои таслиҳотии режими саҳюнистӣ ва Туркия дар ҳоли поён ёфтан аст ва Туркия дар садади имзои қарордодҳои низомии ҷадид бо ин режим нест, бинобар ин режими саҳюнистӣ қасд дорад, ки мавқеияти худро дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ беҳбуд бахшад.
Нашрияи «Дунё» дар хотима, яке дигар аз аҳдофи режими саҳюнистӣ аз ин иқдомро беҳбуди муҷаддади равобит бо Қазоқистон ва барқарории иртибот бо Ӯзбекистон ва Туркманистон бо истифода аз яҳудиёни русизабони сокини ин кишварҳо донистааст.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4179-2011-01-18-06-48-51.html