13:52:04 01-уми Июли 2025 сол

ЗАРУРАТИ ТАКМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ГУМРУК

Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахири худ дар оғози соли равон дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ мақомоти гумрукро барои дар ду соли ахир иҷро накардани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мавриди танқид қарор дода буд.

 

гумрукБо ишора ба ин нукта ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, профессор Нидоев Н.Ф. дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳурияве, ки дар мавзӯи «Роҳҳои такмили фаъолияти мақомоти гумрук дар марҳилаи ҳозира» дирӯз, 19-уми январ дар Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бахшида ба 15-солагии ташкилёбии ин таълимгоҳ, 19-солагии таъсисёбии мақомоти гумрук ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар суханронии ифтитоҳии худ иброз дошт, ки ширкаткунандагони ин конференсия кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки сабабҳои бебарории кормандони мақомоти гумрукиро дар ду соли ахир то ҳадди имкон ошкор сохта барои бартараф кардани онҳо тавсияҳо бидиҳанд.

 

гумрукДар ҳамин ҳол Маҳмадов Н. Ш., муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳои нав ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ таҳия гардида, он барои баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Дар зарфи 20 соли истиқлолият баъди қабули нахустин Кодекси гумрук дар соли 1992 ин маротибаи дуввум аст, ки ба Кодекси мазкур тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд. Ба Кодекси нахустини гумрук бори аввал соли 2005 тағйироту иловаҳо ворид карда шуда буданд.

 

Зарурати тағйироту иловаҳои навро ба Кодекси гумрук дар марҳилаи ҳозира асосан шартҳои қабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумумиҷаҳони савдо ё худ Ташкилоти байналмилалии тиҷорат муайян кардааст. Дар назар аст лоиҳаи мазкур то нимаи соли ҷорӣ мавриди муҳокимаи вакилони палатаи поёнии Парламент қарор бигирад ва ба тасвиб бирасад. Ба гуфтаи Маҳмадов Н.Ш. дар ин лоиҳа ба масъалаи дахолат накардан ба фаъолияти субъектҳое, ки бо тиҷорати хориҷӣ машғул ҳастанд, соддагардонии тамоми расмиёти гумрукӣ ва масъалаи ҳимояи моликияти зеҳнӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст.

 

гумрукДар бораи фардои мақомоти гумрук, консепсияи рушди ин ниҳод, ниҳоде ки имрӯз панҷоҳ дар сади даромади кишварро медиҳад, дар бораи тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа, дар бораи истифодаи технологияи нави ҳозиразамон дар фаъолияти мақомоти гумрукӣ, дар конференсияи илмӣ-амалӣ олимони ин соҳа, ходимони мақомоти гумрук, азҷумла профессорони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Раҷабов Р.К., Мирзоахмедов, Воҳидов В.В., дотсентон Раҳматов А.С., Мираков Қ. М., Назаров Р. Н., муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуназаров К. А., сарнозири ҳамин Раёсат Маҳмадзода Ҳ. ва ғайра суханрониҳои пурмӯҳтавое карданд.

 

Зикр гардид, ки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар тӯли 15-соли арзи вуҷуд карданаш дар баробари тайёр кардани мутахассисони баландпояи ин соҳа инчунин дар рушду инкишофи сохторҳои мақомоти гумрук ва андоз бо истифода аз дастовардҳои илми муосир хизматҳои шоёне кардааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4206-2011-01-20-07-08-38.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ