13:21:39 01-уми Июли 2025 сол

РӮЗИ СИЁҲ ҲАМ БА ВАҲДАТ МЕБАРАД. ДАР МО ЧӢ?

Боз як саҳифаи тозаи таърих аз хуни поку ноҳақрехтаи фарзандони Инсон лолагун гашт. Ин дафъа дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав, аз дасти аҳриманнажоде, аз дасти боз як фарзанди беаслу беватан ва бекафани терроризм 35 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ гардиданд. Макони гузаронидани ин амалиёти ваҳшиёна тасодуфӣ нест.

 

domodedovoМахсус тарҳрезӣ шудааст ва маънӣ аз амалиёт, ҳуҷум ба тамоми инсоният аст. Зеро маълум аст, ки аз ин фурудгоҳ мардум ба нуқоти мухталифи сайёра парвоз мекунанд. Мо бояд фоҷиаи ба сари ҳар як шаҳид, ҷабрдида ва наздикони онҳо омадаро ҳамчун фоҷиаи худӣ бипазирем. Зеро он ҷо метавонистем мою Шумо, фарзанду наздиконамон бошанд. Ин куштори ноҷавонмардонаро тамоми инсонҳое, ки нисбати дигар ҳамтоёни дар рӯи Замин халқшудаашон меҳру шафқат дар қалб мепарваранд, маҳкум менамоянд.

 

Имрӯз ҳамаи сокинони Федератсияи Русия, новобаста аз қавму миллат, мансубияти динии хеш, дар гирди давлату ҳукумати кишвари хеш гирд омада, омодагӣ хешро баҳри ошкор намудани дастандаркорони ин ҳодисаи мудҳиш ва расонидани кӯмак хешу табори қурбоншудагон баён медоранд. Тавре аз пайгирии мавзӯи мазкур бароям аён гашт, аз аввалинҳо шуда, созмону ташкилотҳои исломии дар ҳудуди Русия фаъолиятдошта ва намояндагони маъруфи доираҳои исломии ин кишвар овози худро ба маҳкумияти ин кирдори ҳайвонию зиддиинсонӣ баланд намуданд.

 

Ростӣ, маҳз ҳамин амал таваҷҷӯҳамро ба худ кашид ва то андозае ҳисси ҳасадро дар қалбам бедор кард. Ҳасад ба тифоқию ваҳдати аслӣ. Магар ҷои ҳасад нест, вақте садҳо қавму миллат, намояндагони дину мазоҳиби мухталиф дар чунин рӯзи сиёҳ даст ба даст мениҳанд, ҳамдигарро тасаллӣ медиҳанд ва алорағми кӯшиши даҳшатфиканонаи душманони насли одамӣ, ҳисси фардои некро дар қалби якдигар нигаҳ медоранд. Ин андеша маро ба чанд рӯзи сиёҳи ҳамсон, ки чанд моҳе қабл дар Тоҷикистони азизи мо рух дода буданд, баргардонид.

 

Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористон ба сарбозон дар Рашт, ҳуҷуми террористи худкуш дар шаҳри Хуҷанд, амалиёти террористон дар Исфара ва ғайра, чандин ҷони ҷавонро аз байн бурданд, даҳҳо нафар модаронро ҷудо аз фарзанд ва тифлонро ятим  намуданд. Амалиётҳои тарҳрезинамудаи навбатии террористон (мошинҳои бо маводи тарканда муҷаҳҳазшуда дар Хуҷанд), хушбахтона аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар пешгирӣ карда шуданд, вагарна боз чандин нафар шахсони бегуноҳ тӯъмаи ҷаҳолати гурӯҳҳои динситезу дингаро мешуданд.

 

Вале баръакси мусулмонони Русия, намояндагони маъруфи доираҳои динии Тоҷикистон, имомхатибони масоҷид, онҳое, ки худро пешвои аслии муслимин дар Тоҷикистон метарошанд, бетафовутӣ ихтиёр кардаанду хомӯшанд ва гӯё бо ин роҳ исломро ҳимоят доранд. Бигузор чунин ашхос пуштибонии исломро аз ҳамтоёни руссиягии худ омӯзанд. Пешвоёнии исломии Русия бо муроҷиат ва эъломи пуштибониҳои худ аз давлат, террористону роҳнамоёни онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки мо бо шумо нестем.

 

Исломи ҷаҳолатситезу даҳшатфиканро ҳаргиз дастгирӣ намекунему баръакс бо он мубориза мебарем ва дар роҳи нест намудани решаҳои аслии ин падидаи ғайриинсонӣ кӯмаки хешро ҳаргиз аз давлат дареғ намедорем. Ана ин аст, самти ҳақиқии ислом ва арзишҳои муқаддаси он! Фақат бо чунин роҳ метавон қарзи мусулмонии худро иҷро намуд ва исломро аз тамғаи «дини моҷароҷӯ ва террорист» раҳонид.

 

Асадуллоҳи Қурбон, муҳоҷири корӣ аз Руссия

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4264-2011-01-26-10-32-25.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ