"ТОҶИКЭЙР" ТЕЪДОДИ ПАРВОЗҲО БА ТЕҲРОНРО КОҲИШ ДОД
“ТоҷикЭйр” шумори парвози ҳавопаймоҳои худ ба Эронро коҳиш додааст. Ҳамакнун ин ширкат ҳафтае танҳо як парвоз ба Теҳрон анҷом медиҳад. Далели ин амр камбуди мусофирон унвон шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Президент Раҳмон дастур дода буд, ки миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Эрон бояд парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шавад.
Лола Кенҷаева, сухангӯйи ширкати “ТоҷикЭйр” мегӯяд, лағви як парвози ҳавопаймои ин ширкат ба Теҳрон ба далели камбуди мусофирон ва судовар набудани ду парвоз дар як ҳафта сурат гирифтааст. Вай гуфт: "Ба унвони мисол, ҳафтае пеш рӯзи шанбе ҳавопаймои “Боинг-757-200”, ки барои 216 мусофир ҷой дорад, бо 36 мусофир ба Теҳрон парвоз кард ва аз он ҷо бо 16 мусофир ба Душанбе баргашт. Ин барои ширкати мо зараровар аст."
Вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки дар фасли зимистон камбуди мусофирон дар куллия хаттисайрҳо як амри маъмулӣ аст ва барои мисол парвози “ТоҷикЭйр” дар масири Душанбе-Теҳрон дар ин фасли сол ҳавопаймоҳо маъмулан бо 80 ё 90 мусофир парвоз мекунанд. Тибқи иттилоъи ин манобеъ, дар парвози ахири рӯзи шанбе аз Душанбе ба Теҳрон 46 мусофир ва аз Теҳрон ба Душанбе 75 мусофир парвоз кардаанд.
Ба унвони муқоиса гуфта шуд, ки ҳавопаймои ширкати эронии “Осмон”, ки аз моҳи ноябр дар масири Теҳрон-Машҳад-Душанбе ҳафтае як парвоз анҷом медиҳад ва ахиран танҳо бо 10 то 15 парвоз анҷом медиҳад. Бо ин ҳол қарор нест, ки "Осмон" ба ин далел парвозҳои худро коҳиш бидиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, баъд аз лағви як парвози “ТоҷикЭйр” ба Теҳрон теъдоди мусофирони ширкати эронӣ афзоиш хоҳад ёфт. Иттифоқан, дар парвози рӯзи 31 январи ширкати “Осмон” дар ин масир теъдоди мусофирон ба яксаднафар расидааст.
Таҳаввулот дар равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол дорад лағви як парвоз ба Теҳрон аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ набошад. Ҳарчанд, мақомот мегӯянд, ки ба равобити миёни Тоҷикистон ва Эронро хатаре таҳдид намекунад, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд ахиран дар равобити ду кишвар тирагии андаке маҳсус мешавад. Чунин эътиқодҳо бахусус пас аз манъи сафари гурӯҳи беш аз ҳафтоднафарии асотиди тоҷик ба Теҳрон барои ширкат дар як давраи бозомӯзии хатти ниёкон афзоиш ёфтанд.
Вале, Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, вуқӯъи пайдарҳамии чанд таҳаввулоти манфӣ дар равобити миёни Тоҷикистону Эрон нигаронкунанда аст. Вай афзуд: “Дар равобити сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ, аз чумла бо Эрон хам тағйироте мушоҳида мешавад. Ба назари ман, Тоҷикистон сиёсати худро бо ҷаҳони ислом тағйир додан мехоҳад.”
Ба эътиқоди оқои Давлат, ҳаводиси Рашт метавонад, иллати чунин тағйирот дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад. Вай афзуд: “Таваққуъе, ки Тоҷикистон аз сиёсати бисёрҷониба дошт, амалӣ нагардид. Яъне, ҳукумат бовар дошт, ки бо наздик шудан бо ҷаҳони ислом сармояҳои зиёд ба Тоҷикистон ворид мешавад, ки ин муҳосибот дуруст набаромад.”
Вале, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуъотии худ гуфт, ки дар равобтити миёни ин ду кишвар ҳеҷ тағйироте сурат нагирифтааст. Вай гуфт: "ҳеҷ гуна тасмимот, тағйирот дар сиёсати хориҷии кишвар нисбати Эрон ё дар сиёсати хориҷаи Эрон нисбат ба Тоҷикистон вуҷуд надорад."
Викиликс дар бораи Душанбе ва Теҳрон
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта сойти Викилиск бархе аз номаҳои сафорати Омрико дар Душанбе ба вазорати хориҷаи Омрикоро мунташир карда буд, ки дар онҳо гуфта мешавад, диплумотҳои омрикоӣ ба мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз пайёмадҳои раванди густариши равобити Тоҷикистон бо Эрон ҳушдор доданд.
Шояд ба ин далел буд, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуъотӣ таъкид кард, ки "муносибати дуҷонибаи мо бо Ҷумҳурии исломии Эрон бо ягон кишвари дигар ҳамоҳанг намешавад ва дар ин муносибат мо бо ягон кишвари дигар машварат, маслиҳат намекунем."
Зимнан, лағви як парвози ҳавопаймо ба Теҳрон дуруст баъд аз як ҳафтаи интисоби Музаффар Исҳоқов ба симмати раиси ширкати “ТоҷикЭйр” сурат гирифт. Оқои Исҳоқов дар гузашта дар симмати раиси дафтари “Ориёнбонк” ва муддате раиси ширкати ҳавоии “СомонЭйр” ифои вазифа кардааст.
Гуфта мешавад, ки раёсати ҷадиди “ТоҷикЭйр” барои коҳиши хисороти худ ба коҳиши шумори парвозҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Сургут ва Самараи Русия ва Теҳрон иқдом кардааст. Гуфта мешавад, ки ин маҳдудиятҳо муваққатӣ аст ва дар сурати афзоиши шумори мусофирон парвозҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4311-qq------.html