17:46:41 01-уми Июни 2025 сол

УМЕДИ БАРБОДРАФТАИ ҲАМДЕҲАГОН

Баъд аз зӯҳри 31-уми январи соли равон, барои ширкат дар маросими ниҳоии парвандаи Зайнулобидин Манонов, ба Суди Олии Тоҷикистон рафтам. Вақте он ҷо расидам, дидам, ки қабл аз ман чанд тани дигар аз хабарнигорон низ ҳузур доштанд ва бо ҳамкасбони худ сӯҳбат мекарданд. Дар дохили толори интизории ин додгоҳ бошад наздикон ва пайвандони Маннонов мунтазири лаҳзаҳои ахир ва шунидани натиҷаи ниҳоии он буданд.

 

Зайнулобидин МаноновОнҳо бо ҳамсӯҳбатони худ бо чеҳраи нимкушода гап мезаданд. Ман низ ба дохили толори интизорӣ ба назди пайвандони ӯ ворид шудам. Баъдтар дидам, баъзе хабарнигорон бо истифода аз дастгоҳҳои сабт вориди толор гардиданд. Инро дида хешовандони Зайнулобиддин рангашон парид ва хонумони ҳузурдошта толорро ба қасди берун тарк карданд. Мардони калонсол бо ҳам мегуфтанд то омадани ин хабарнигорон умед доштем, ки аз ҳамин толор Манноновро озод хоҳанд кард, аммо ба оммаи мардум нишон додани мулло Зайнулобиддин, умеди моро ба бод дод.

 

Судяи Додгоҳи олӣ, Анвар Аҳмадов, ҳангоми қироати ҳалномаи судӣ дар ҷамъи хабарнигорон ва пайвандони ӯ гуфт: «Тибқи моддаи 198 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ ва бар асоси моддаи 307 барои даъват ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ парвандаи Зайнулобиддин Маннонов, муҳокима шуд ва дар зимн баёноти шоҳидон ва фикру назари муттаҳам низ шунида шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Манноновро барои "даъват ба ҷиҳод", "узвият дар равияи салафия" ва "барангехтани низоъ ва хусумати мазҳабӣ" гунаҳкор донист».

 

Анвар Аҳмадов, ҳини қироати ҳалнома қайд кард, ки Маннонов ҳангоми ҷанозаи писар ва набераи Саломиддин ном шахс, ки дар Русия дар об ғарқ шуда буданд ва ҷасадашон ба ватан оварда шуда буд, дар амри маъруфи худ дар барои фарз будани намозу рӯза ва закоту ҳаҷ сухан гуфта, ба ҷиҳод низ даъват кардааст.

 

Дар ҳамин ҳол Қаноат Шоев, як сокини ҳамин ҷамоат ва иштирокчии ҷанозаи писар ва набераи Саломиддин, ин ҳодисаро чунин шарҳ дод: «Вақте, ки ҷасади ин ду нафарро ба деҳа оварданд, ҳаво гарм буду вақт бегоҳ мешуд. Инро ба назар гирифта, Маннонов гуфт, ки ҳоло вақт аст, бояд онҳоро тезтар бигӯронем, мабодо ҷасади онҳо ганда шавад. Соҳибони онҳо гапи ӯро нагирифтанд ва ҷанозаро ба субҳи рӯзи дигар қафо андохтанд. Зайнулобиддин ҳини амри маъруф кардан дар вақти ҷаноза, ин майитро шаҳид хонд ва гуфт, ки «тибқи гуфтаи Паёмбар (с) касе, ки дар ғурбат бимирад, шаҳид мешавад. Дар об афтида мурдан ҳам як навъ шаҳодат аст. Аз хотири он, ки онҳо ҳам дар ғурбат ва ҳам дар об ғарқ шуда ҷони худро аз даст додаанд, дараҷаи шаҳидиашон баландтар аст».

 

Зайнулобиддин зимни шарҳи шаҳодат ба ҷиҳод низ ишора кард ва гуфт, ки «дар вақти дифоъ аз ҷону мол, хонаву ватан мубориза ҷиҳод ҳисоб мешавад ва кушта шудан дар ин ҳолат кас ба дараҷаи шаҳиди аъло мерасад. Барои мисол: «Мо аз фалон ҷо ба мактабамон, ки об надошт, дастҷамъона ҳашар карда об овардем, он ҳам ҷиҳод ҳисоб мешавад. Инчунин дар таъмири роҳи байни деҳаҳо, ки тақрибан се километрро ташкил медод, мо талош карда онро аз нав сохтем, он ҳам ҷиҳод аст».

 

Ин гапҳоро баъзе камфаҳмҳо нодуруст фаҳмида, ӯро барои даъват ба ҷиҳод муттаҳам карданд» -, дар идомаи суханаш гуфт Қаноатов. Маънои ҷиҳод, ҷаҳд ва талош кардан аст. "Узвият дар равияи салафия", тибқи гуфтаи Анвар Аҳмадов, судяи Додгоҳи Олӣ: «Зайнулобиддин Манонов, дар моҳи рамазони 2010 ба ҷои 20 ракаат намози таровеҳ 8-таи онро бо ҷамоъат хонда, бақия 12-тои дигарро дар хонааш мехондааст ва дигаронро низ ба он даъват мекардааст.

 

Улфатшо Иброҳимов, ҳамдеҳаи Зайнулобиддин, вуҷуд доштани аъзои равияи салафияро дар минтақа, ба хусус дар ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод рад кард ва дар сӯҳбат ба мо гуфт: “Умуман дар мо салафӣ вуҷуд надорад. Инҳо аз рӯи Қуръон ва ҳадис гап мезаданд, баъзе одамҳои нофаҳм онҳоро салафӣ мегуфтанд”. Ӯ дар робита ба намози таровеҳ мегӯяд: “Дар масҷид одамҳо аз номи мулло ин чизро ташкил карданд ва ташкилкунанда ҳам ин мулло набуд. Ташкилкунанда ҳамон одаме буд, ки аз болои мулло навишт ва муллоро тӯҳмат карданд”.

 

"Барангехтани низоъ ва хусумати мазҳабӣ", яъне З. Маннонов ҳангоми мавъизаҳояш дар масҷиди ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон, баргузории маросимҳои мотамии ҳафту чил, соли майит ва Қуръон хондан дар сари қабрро, ки дар мазҳаби ҳанафӣ роиҷ аст, ҳаром хондааст.

 

Баъд аз он ки Додгоҳи олии кишвар Зайниддин Манноновро ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард, наздикон ва пайвандони ӯ ҳама нораҳат гардида, бо шунидани ин хабар дарҳол чеҳраашон ранги дигар гирифт. Онҳо аз Додгоҳ инро интизор надоштанд, балки умед доштанд, аз ин толор муллои деҳаашон озод мешавад. Ба ҳамин хотир ҳукми Додгоҳро ноодилона хонда, гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат ба мақомоти болоӣ дубора шикоят хоҳем кард. Ҳамаи ин афрод пирамарди беш аз шастсоларо дар лаҳзаҳои пирӣ бо сари хам, дили маҳзун ва бо гӯшаи чашм ба пушти деворҳои зиндон гусел намуда, дар толор бо ӯ Худоҳофизӣ карданд.

 

Он гоҳ оромона аз ҳавлии додгоҳ хориҷ шуданд. Ҳангоми хориҷ шудан ҳар лаҳза бовариашон нисбат ба адолати судӣ коҳиш меёфт ва намедонистанд баъд аз ин, дар чунин ҳолат ба кӣ бовар кунанд. Зайнулобиддин Маннонов дар поёни моҳи сентябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар боздошт шуда буд. Се нафар аз фарзандони номбурда низ дар ҳаводиси ахири шарқи кишвар, қабл аз ин кушта шуда буданд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4315-2011-01-31-19-45-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854