МАНЪИ ПОРКИНГИ МОШИНҲО ДАР НАЗДИ МУАССИСОТИ ДАВЛАТӢ
Пулиси Тоҷикистон гузоштани васоили нақлия дар назди сохтмонҳои муассисоти давлатиро мамнӯъ кардааст. Ба гуфтаи манобеъи пулис, ин амр дар чорчӯби тақвияти тадобири амниятӣ баъд аз кашфи маводди мунфаҷира дар ду худрав дар назди сохтмонҳои пулис ва амният дар Хуҷанд ва ҳамчунин, ҳамлае интиҳорӣ дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав, ки дастикам 35 кушта ва беш аз 150 захмӣ бар ҷой гузошт, сурат мегирад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, пулиси ин кишвар ба низоми “пурзӯри” ҳифозат гузаштааст. Оқои Асадуллоев рӯзи сешанбеи якуми феврал дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ таъйид кард, ки маъмурони пулис дастур гирифтаанд, то аз гузоштани васоили нақлия дар назди муассиости давлатӣ ҷилавгирӣ кунанд. Вай афзуд: "Тақрибан куллияи муассисоти давлатии Тоҷикистон аз сӯйи маъурони пулис ҳифозат мешаванд ва тибқи низомнома гузоштани васоили нақлия дар назди сохтмонҳои ин муассисот мамнӯъ аст."
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, субҳи рӯзи сешанбе маъмурони пулис аз ронандагони чанд худрав, ки дар назди бинои родиюи Тоҷикистон қарор доштанд, хостанд, ки мошинҳои худро аз сохтмон дуртар нигоҳ доранд. Пас аз кашфи маводди мунфаҷира дар ду худрав дар Хуҷанд поркинги мошинҳо дар назди биноҳои вазорати умури дохилӣ ва кумитаи амнияти Тоҷикистон низ манъ шуда буд.
Оқои Асадуллоев афзуд, ки баъд аз ҳодисаи кашфи маводди мунфаҷира дар ду худрав дар назди сохтмонҳои пулис ва бахши амнияти вилояти Суғд мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин муқарраротро ба иҷро дароардаанд. Ҳамакнун, ба назар мерасад, ки ин муқаррарот барои соҳибони садҳо васоили нақлия, ки дар муассисоти давлатӣ фаъолият мекунанд, мушкилотеро эҷод кардааст.
Дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҷойҳои нигаҳдории муваққат ё поркинги васоили нақлия чандон зиёд набуда ва ба гуфтаи бархе аз ронандагон, гузоштани мошинҳо дар маркази шаҳр ҳатто бидуни муқаррароти ҷадид душвор будааст. Сухангӯйи пулиси Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки шароити таъмини амният дар хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар низ тақвият ёфтааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло теъдоди маъмурон дар хиёбонҳо афзоиш ёфтааст.
Зимнан, баъд аз ҳодисаи кашфи маводди мунфаҷира дар ду худрав дар Хуҷанд, ки ду ҳафта пеш рух дод, дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе маъмурони пулис бо худкорҳои Калашников ва гоҳе бо сагҳои “хидматӣ” гаштугузор мекунанд. Теъдоди маъмурони амниятӣ ва пулис дар хиёбонҳо, бавижа шабҳангом, низ нисбат ба гузашта бештар мушоҳида мешавад.
Ҳарчанд Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки ниҳодҳои интизомӣ ба низоми “пурзӯри” ҳифозат гузаштаанд, аммо вай сару садоҳо дар бораи ба низоми ба истилоҳ “казарма” гузаштани маъмурони пулисро рад кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4319-mani-porkingi-moshinho.html