13:46:41 01-уми Июли 2025 сол

НИГАРОНӢ АЗ ҲАМҶИНСГАРОӢ

Рӯзи қабл хоҳаре ба идораи мо занг зад ва худро сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда чунин арзи ҳол кард: - Бо амри тақдир як сол пеш бо розигии  падару модарам бо ҷавоне хонадор шудам ва дар рафти зиндагӣ муносибати ғайритабии шаҳвонӣ доштани ҳамсарамро эҳсос кардам. Аммо боварам намеомад, ки шавҳарам  шахси носолим ва аз ҷиҳати беҳдоштӣ бемор аст.

 

ruzgor_mail_agentБо ин вуҷуд ӯ бисёр вақтҳо то нимашаб дар назди компутер бо дӯстонаш тариқи интернет сӯҳбат мекард ва аз ин ҷиҳат танҳоӣ дар бистар маро нороҳат месохт. Рӯзе қаҳрам омад ва маҷбур шудам, ки тариқи бойгонии муколама дар “майлагент” сирри сӯхбатҳои тӯлонияшро барои худ кашф намоям. Бовар намеояд, ҳангоми кушодани бойгонӣ ва дарёфти наворҳо аз компутер ҳама умедҳоям ранги дигар гирифт. Ӯ ҳамҷинсбоз будааст. Бар замми ин ҳамсарам воқеан аз лиҳози ҷинсӣ марди ғайрифаъол. Сӯҳбатҳои тӯлонии шабона ҳама дар ҳамин мавзӯъ.

 

Баъд аз ин дигар имону виҷдонам маро нагузоштанд, ки дар хонаи чунин шавҳар лаҳзае бимонам. Аз ин ҷиҳат бо чашмони пур аз ашк ва синаи пур аз дарду алам баромада ба хонаи модарам рафтам. Қисса кӯтоҳ, ин ҳамаро ба модарам нақл кардам ва модарам сабаби ба хона баргашатанамро ба падарам гуфт. Онҳо баъд аз андеша ва бо ҳам машварат намудан домодро ба хона даъват карданд ва ӯ ноилоҷ қоил шуд, ки дар воқеъ марди ҳамҷинсбоз мебошад. Падару модарам барои нарехтани обрӯи худ ва домод ба ӯ гуфтанд, ки талоқамро бидиҳад ва сирри ӯ ҳам чун роз ва амонат дар хонаи мо нигаҳ дошта мешавад.

 

Шавҳарам аз ноилоҷӣ ба гуфтаашон кард ва ҷавобамро дод. Гуфтани ин ҳарфҳо бароям мушкил аст, вале маҷбурам… Зеро баъд аз чанд моҳ шавҳарам бозпас омада дубора хостгори ман шуд ва ба гуфти ӯ барои идомаи зиндагиамон шуда аз кардаҳои қаблиаш тавба кардаасту таъкид ва қасам ёд кард, ки бори дигар ба эъмоли чунин амалҳои номатлуб барнахоҳад гашт.

 

Ба қавли он духтар шавҳараш дар ин муддат дар назди табибони табобат гирифтааст: «Ҳамсарам худро бо боварӣ аз чунин беморӣ шифоёта муаррифӣ кард ва ман ҳам бовар кардам. Ба ҳамин хотир паноҳӣ аз падару модар дубора никоҳ кардем. Рӯзи рафтан падарам хабардор шуду аз ин кори мо қаҳраш омад ва таъкид кард, агар бо ӯ равам дигар асло ба хонаи падару модар набояд бар гардам. Чунки Худову Расулаш мардони ҳамҷинсгароро лаънат хондаанду вуҷуди онҳо боиси бебаракатӣ ва нохушиҳоро дар пай дорад. Обрӯрезӣ бошад аз нигоҳи шариъат ҳаром асту аз ҷиҳати муомилаи байни инсонҳо ноҷавонмардӣ...»

 

Акнун мани шӯрбахт дар ин дуроҳа киро интихоб кунам? Падару модар ё ҳамсарамро? Баъд кашфи чунин розҳо, чун корафтода будам, тариқи интернет хеле пажӯҳиш кардам ва ба ин натиҷа расидам, ки ин “беморӣ” дар ҷомеаи мо рӯзафзӯн шудааст. Ба ҳамин хотир нороҳатиҳоям зиёд шуд. Дидам, мушкили ман танҳо ба як оилаи мо вобаста нест, балки домани ин ноҷавонмардӣ сарҳади чандин хонаҳоро убур кардааст ва шояд даҳҳо оилаи ҷавонро дар маърази хатар қарор додааст ва чун вақте мебинам афроде ҳаммонанди ҳамсарам дар ҷомеа ҳастанд ва сафашон низ хеле зиёд аст, бояд дардамро гӯям, то дигар хоҳарону дугонаҳоям ба ин дом наафтанд ва пеш аз издивоҷ таҳқиқ кунанд, то ин ки бахташон мисли ман дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрон намонад.

 

Ҳамҷинсгароии мард бо мардро дар истилоҳи шариъат бо номи «лавотат» ёд мекунанд ва дар Қуръони кариму аҳодиси набавӣ ин амали афроди ҳамҷинсгаро маҳкум ва фоъилонашон малъун хонда шудаанд. Тибқи қонунгузории кишварамон низ онҳое, ки ба чунин амалҳои номатлуб ва ношоиста даст мезананд, ба муҷозот кашида мешаванд. Ба хотири маълумоти бештар ва ба он хоҳар дуруст маслиҳат додан ба собиқ мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, Қобилҷон Боев, муроҷиат кардем.

 

ruzgor_mail_agentӮ гуфт: «Агар зиндагӣ тинҷ шаваду вай шифо ёфта бошад, дар ин ҳолат барои зиндагӣ кардан гапи ҳеч касро намегирӣ. Вале агар дар оянда ҳамин кор боз сар шавад ва ин духтар дубора дар байни роҳ бимонад, инаш ҳайф аст. Шариъат дар ин хусус гуфтааст, ки падару модарро ҳурмату эҳтиром кун. Агар падару модар ба фоидаи шариъат гӯянд, гапи падару модарро мегирем ва агар онҳо бар зидди шариъат гӯянд, гапи онҳоро намегирем. Агар гапи падару модар аз рӯи шариъат бошад, итоат кардани онҳо аз обурӯрезӣ карда беҳтар аст. Ба ҳамин хотир аввал хуб фикр кунанд ва беҳтар мебуд, ки онҳо ин хабарро дар хона паҳн намекарданд ва сараввал домодро табобат мекарданд. Дар зиндагӣ пастиву баландиҳо вуҷуд дорад, Чунин шуданаш мумкин аст, ки духтар бо ҳамроҳии домод ба хонаашон меоянду дар андак нофаҳмиҳо аъзоёни хонаводаи зан метавонанд гузаштаи мардро ба хотир оварда ӯро таҳқир намоянд. Мабодо духтар ё домодро гӯянд, ки ту фалонӣ нестӣ?!! Ва ин боиси шармандагӣ шавад, аз ин ҷиҳат дар ҷомеаи суннатии мо ояндаи чунин ҳамсардорӣ зери суол қарор гирифтааст. Ба ақидаи ман, ба ҳамин хотир ҷудоӣ беҳтар аз обурӯрезӣ ва шармандасозии худ ва оилаашон аст».

 

Дар ҳамин робита ёдовар мешавем, ки чанде пештар аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буданд, ки моҳе қабл зимни як рейди махсуси кормандони ин вазорат маълум гардид, ки дар байни духтарони сабукпо ё танфурӯш як мард низ бо либос ва ороиши занона вуҷуд доштааст...

 

Оё замоне фаро нарасидааст, ки сари ин мавзӯъ ҷомеъашиносон, олимон  ва соҳибони дигар касбу шуғлҳои марбутаи кишвар андешаи амиқ бикунанд ва роҳҳои пешгирӣ намудан аз хурӯҷи ин дарди барои солимии ҷомеъа, покӣ ва пойдории миллат таҳдидкунандаро биҷӯянд?

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4451-nigaroni-az-hamjinsgaroi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ