ҲУШДОРИ МАҚОМОТ АЗ ХАТАРИ РЕЗИШИ ТАРМА ДАР РОҲҲО
Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи боридани барфи зиёд хатари резиши баҳман ё тарма дарроҳҳои кӯҳистонии ин кишвар афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи ин вазорат, бавижа дар қисматҳое аз роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар рустои Майхура, воқеъ дар 45-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, то тунели “Истиқлол”, ва дар баъзе аз бахшҳои гарданаи Шаҳристон хатари резиши тарма вуҷуд дорад.
Бино ба иттилоъи идораи фаврии Вазорати нақлиёту иртибототи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 24 феврал қитаъоте аз роҳи ртиботии Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари резиши тарма масдуд шуда буд, поксозӣ шуда ва ҳаракати васоили нақлия шурӯъ шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки ба далели баланд будани барф дар ду тарафи роҳ ҳаракати утумубилҳо дар ин масир якҷониба буда ва тибқи ҷадвал як рӯз ҳаракат аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ва рӯзи дигар аз Хуҷанд ба Душанбе сурат мегирад.
Гуфта мешавад, дар бархе аз қисматҳои кӯҳистонии ин шоҳроҳ баландии барф беш аз 1 метр буда ва танҳо як худрав метавонад аз роҳ убур кунад. Ҳамчунин, ба гуфтаи Бахтиёр Шарифов, корманди ин идора, ба иллати хатари эҳтимолии резиши тарма аз соъати 6-и шом то 8-и субҳ ҳаракати васоили нақлия дар масири Душанбе-Хуҷанд мамнӯъ аст. Оқои Шарифов гуфт, ки тибқи пешгӯйиҳои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, то авоили моҳи оянда борандагӣ дар масири Душанбе-Хуҷанд идома хоҳад дошт ва Вазорати нақлиёту иртитобот аз тариқи родию ва телевизиюн ва расонаҳои дигар сокинони кишварро аз хатари эҳтимолии резиши тарма огоҳ хоҳад кард.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки бо вуҷуди боридани барфи зиёд дар як ҳафтаи ахир дар ин масир сонеҳаҳои ҷиддӣ рух надода ва таҷҳизоту мошинолот сареъан роҳро аз барфу тарма поксозӣ ва шароити убуру мурури васоили нақлияро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, рӯзи ҷумъаи 25 феврал беш аз 200 утумубил аз шаҳри Хуҷанд вориди шаҳри Душанбе шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар авоили ҳафтаи ҷорӣ бар асари як сонеҳа дар ағбаи Шаҳристон, дар шимоли Тоҷикистон, 6 нафар кушта шуданд.
Тибқи иттилоъи Кумитаи авзоъи фавқулъодаи Тоҷикистон, як худрави Mitsubishi Pajero аз масири худ хориҷ шуда ва ба вартаи умқаш 100 метр афтодааст. Аммо масъулони Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин сонеҳа як ҳодисаи муқаррарӣ дар роҳҳо буда ва ба резиши баҳман рабте надорад. Роҳи утумубилрави Душанбе-Хуҷанд, ки аз тариқи тунели “Истиқлол” ва гарданаи Шаҳристон убур карда ва манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо Душанбе, пойтахт, муттасил мекунад, дар фасли зимистон дар пайи боридани барфи зиёд гоҳо масдуд мешавад.
Ҳамчунин, ҳамасола дар ин масир ба далели боридани барфи зиёд ва резиши тарма сонеҳаву садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд, ки гоҳо талафоти ҷониро низ ба дунбол доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровони убуру мурур аз тариқи кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бештари сокинони Тоҷикистон маҷбур ҳастанд аз ин масир ҳаракат карда ва маводду коло низ аз ин тариқ ҳамлу нақл мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4528-hushdori-makomot-az-rezishi-tarma-dar-rohho.html