"БА САДҲО МИНТАҚА ДАР ХАТЛОН ОБХЕЗӢ ТАҲДИД МЕКУНАД"
Бахши Вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки беш аз 280 манотиқи маскунӣ дар ин вилоят бо хатари ҳаводиси табиъӣ, ба хусус сел ва обхезӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Тибқи иттилоъи мақомоти ин ниҳод бахши умдаи чунин маҳаллот дар минтақаи Кӯлоб буда ва танҳо дар ноҳияи Восеъ ба 21 маҳалла хатари зери об мондан таҳдид мекунад. Мақомоти ин ниҳод ба Би-би-сӣ ибрози нигаронӣ карданд, ки мавсими боришоти баҳорӣ дар Тоҷикистон фаро расид ва дар ин мавсим хатари зери об мондани мактабҳо ва бемористонҳои зиёде вуҷуд дорад.
, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон гуфт, барои эҷоди истеҳкомот дар рӯдхонаҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар сурати афзоиши сатҳи об маблағи ҳангуфте лозим аст, ки ин ниҳод дар ихтиёри худ надорад. Оқои Шарипов гуфт: “Барои садгузории рӯдхонаҳо дар марҳалаи аввал як милюн сомонӣ лозим аст, ки мо чунин маблағро дар ихтиёр надорем. Афзун бар ин техникаи кории мо фарсуда аст ва дар сурати рух додани ҳолати изтирорӣ мо пурра омода нестем”.
Ин дар ҳолест, ки пас аз обхезии соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб, дар соҳили рӯдхонаҳои Тебалай ва Ёхсу, эҷоди истеҳкомот дар ин рӯдхонаҳо бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуд ва то ҳоло идома дорад. Аммо сокинони минтақаи Қӯрғонтеппа худ барои пешгирӣ аз обхезӣ ва сарозер шудани оби рудхонаи Вахш ба манозил ва роҳҳо ба таврӣ “ҳашар” ё довталабона маҷрои ин рӯдхонаро мебанданд.
Зимнан соли гузашта 18 хона дар ноҳияи Бохтар зери оби рӯдхонаи Вахш монд ва имсол низ чунин ҳодиса ба ҳудуди 40 ҳазор сокини ин ноҳия таҳдид мекунад. Шакархуҷа Саидов, сокини ноҳияи Бохтар, ки манзилаш дар минтақаи таҳти хатари обхезӣ қарор дорад, мегӯяд: “Ман ва хонаводаам ҳамеша дар тарсу нигаронӣ ҳастем, ки кадом лаҳза оби рӯдхона боло меояд ва манзили моро хароб мекунад.”
Шакархӯҷа мегӯяд, ки сокинони минтақаи маскунии онҳо пул ҷамъоварӣ карданд ва бо ин пул ба кормандони бахши вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят муроҷеъат карда ва аз онҳо кумак хостаанд. Вай мегӯяд: “Мо мебинем, ки хатари канда шудани садди рӯдхонаи Вахш торафт зиёд мешавад. Агар он канда шавад, моро ва ҳамаи дороии моро нест мекунад. Соли гузшта чандин хона дар ҳамин рӯдхона нобуд шуда буд.”
Бахши вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар Хатлон мегӯяд, хисороти молии ворида аз аз ҳаводиси табиъии соли 2010 дар ин устон беш аз 440 милюн сомониро ташкил додааст. Гуфта мешавад дар вилояти Хатлон беш аз даҳ созмони хориҷӣ барномаҳои мухталифе бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз ҳаводиси табиъӣ иҷро мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4578-ba-sadho-mintaka-dat-khatlon.html