12:51:30 06-уми Июни 2025 сол

ГАРАВГОНИ ТОҶИК ДАР ЯМАН ОЗОД НАШУДААСТ

ochilboevСафоратҳои Тоҷикистон ва Русия дар талоши озодии Ҳомидҷон Очилбоев аз асорати як қабилаи яманиянд. Сар аз 28-уми феврал ба ин тараф як шаҳрванди шастсолаи Тоҷикистон, ки дар Яман ба ҳайси табиб ифои вазифа мекунад, ба гарави як қабилаи яманӣ афтидааст. Рӯзи ҷумъа сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳволи Ҳомидҷон Очилбоев хуб аст, хешу наздиконаш бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кардаанд ва рӯзи ҷумъа ҳамчунон чанде аз хешу ақрабои номбурда ба вазорати корҳои хориҷӣ ташриф оварда буданд.

 

Назриев афзуд, гурӯҳи гаравгон ҳамоно талаб дорад, ки пеш аз раҳоии гаравгон ҳукумати Яман тақозои онҳоро иҷро намояд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон илова кард, ки Тоҷикистон дар Яман сафорат надорад ва аз ин рӯ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ супориш гирифтааст, ки дар паи ҳалли қазия бошад. Ӯ ҳамчунон иброз дошт, ки дар раҳоии гаравгони тоҷик сафорати Русия дар Яман низ саҳмгир аст.

 

Рӯзи ҷумъа пайдо намудани масъулони ширкати русии “Техностройэкспорт” душвор буд, зеро ҷумъа дар Яман рӯзи истироҳат буда, мардум одатан намозхонӣ мерафтаанд, вале гурӯҳи гаравгонгир, ки эҳтимол интизори гирифтани пул мебошад, ба занги Радиои Озодӣ ба зудӣ посух дод. Одамрабоён аз ҳукумати Яман талаб доранд, хисороти молӣ ва ҷонии бомбаборони соли 2009-ро бипардозад. Вале вақте гаравгонгир фаҳмид, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат дорад, ба Ҳомидҷон Очилбоев (масъулони ширкати русӣ ӯро Обчибоев меноманд -- РО) фақат иҷозати салом доду халос, яъне шунидани садо исботи он буд, ки гаравгон зинда аст.

 

Субҳи рӯзи ҷумъа ходимони бахши узбакиии Радиои Озодӣ бо Очилбоев ҳамсӯҳбат шудаанд, ва ӯ гуфтааст, ки силоҳбадастони гурӯҳи гаравгонгир мисли шикорчӣ ҳастанд ва ҳар лаҳза ба ҳаёти ӯ таҳдид мекунанд. Очилбоев афзуд, ки дар як дашти сард дар зери осмон ба сар мебараду силоҳбадастон ба ӯ як кампал додаанд, ки бо ҳамон дар рӯи сангҳо мехобад. Сухангӯи сафорати дар Яман, ки худро Сергей муаррифӣ намуд, гуфт, ки дар ҳақиқат консули сафорат бо ин қазия машғул аст, вале феълан тафсилоти бештаре дода наметавонад.

 

Искандари Хоҷа Мирзода, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4588-garavgoni-tojik-dar-yaman-homidjon-ochilboev.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854