22:42:18 02-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОЛИ ТАҶҲИЗОТИ “САНГТӮДА-2” ТАВВАСУТИ ҲАВОПАЙМО

Эрон бархе аз таҷҳизоти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро тавассути ҳавопаймо вориди Тоҷикистон кард. Гуфта мешавад, ки дар сурати интиқоли ин таҷҳизот тавассути роҳи заминӣ хатари таъвиқи ин коло дар марзи Ӯзбакистон бо Тоҷикистон вуҷуд дошта ва ба ин далел тасмим шудааст, ки онро аз тариқи роҳи ҳавоӣ вориди Душанбе кунанд.

 

cargoИн дар ҳолест, ки интиқоли коло тавассути роҳи ҳавоӣ то ҳафт маротиба гаронтар аз ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан аст. Зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 9 март ҳавопаймои борбари “Боинг-747”-и ширкати “ЭронЭйр” миқдоре аз таҷҳизоти электрунӣ ва бахше аз ҷузъҳои турбинҳои нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро вориди фурӯдгоҳи Душанбе кард. Масъулони ширкати “Сангоб”-и Эрон, ки бо истифода аз сармояи давлати ин кишвар машғули сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби Тоҷикистон ҳастанд, гуфтанд, ки дар ҷараёни умури сохтмонӣ ба ин таҷҳизот сахт ниёз доранд ва ба ин далел тасмим гирифтанд онҳоро тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон биоваранд.

 

Қарор аст, фардо, 10-уми март боз як ҳавопаймое аз Эрон ҳомили таҷҳизоти мушобеҳ вориди фурӯдгоҳи Душанбе шавад. Дар мавриди интиқоли чархаҳои турбинҳо ва огреготҳои нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” масъулони ширкати “Сангоб” гуфтанд, ки интиқоли онҳо тавассути ҳавопаймо тақрибан ғайримумкин аст ва ба ин далел онҳо аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд.

 

Ба гуфтаи як манбаъи ин ширкат, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, “мо ночор ҳастем, ки чархаҳои турбин ва огреготҳоро аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон ворид созем. Агар боз ҳам мушкиле иттифоқ уфтод, ин колоҳоро аз тариқи қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон хоҳем кард.”

 

Замони қарордодии фаъол шудани нахустин огреготи “Сангтӯда-2” моҳи феврали соли 2012 муқаррар шудааст, вале бо дархости президент Раҳмон масъулони ширкати “Сангоб” “талош мекунанд, ки нахустин огреготи ин нерӯгоҳ то моҳи сентябри соли ҷорӣ фаъол шавад.”

 

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд ҷониби Ӯзбакистон аз авоили соли гузашта дар ҳаракати вогунҳои тоҷикистонӣ маҳдудиятҳое роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи онҳо тӯли чанд моҳ ҳамвора беш аз ду ҳазор вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар “масдуд” шуда буданд. Эрон танҳо кишваре буд, ки мақомоти он расман ҷониби Ӯзбакистонро аз идомаи “муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон” ҳушдор дод ва изҳор дошт, ки дар идомаи ин раванд, Эрон ночор аст дар қиболи вогунҳои ӯзбакистонӣ дар қаламрави худ иқдоми мушобеҳе рйи даст бигирад.

 

Баъд аз чунин ҳушдор шиддати “муҳосираи иқтисодӣ” коҳиш ёфт ва ахиран мақомоти ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон изҳор доштанд, ки вогунҳои тоҷикистонӣ қаламрави Ӯзбакистонро бидуни маҳдудияте убур мекунанд. Зимнан, дар тобистони соли гузашта дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон тавофуқ шуда буд, ки аз ин ба баъд ин кишвар дар ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон, ба ғайр аз колоҳо ва таҷҳизот барои иҷрои тарҳи “Роғун”, мамониъат намекунад. Ба ин далел, манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ҳоло бахше аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои “Роғун” аз хориҷи кишвар тавассути ҳавопаймо ворид мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4621-intikoli-tajhizoti-sangtuda-2.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854