22:22:24 02-уми Июни 2025 сол

АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ: МАРГИ САНГОВ САРЕЪАН ТАҲҚИҚ ШАВАД

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) ва Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо интишори баёнияи муштарак аз марги “машкуки” Сафаралӣ Сангов, шаҳрванди ин кишвар, ки ба ҳангоми боздошт ҷони худро аз аз даст додааст, шадидан ибрози нигаронӣ кард.

 

amnesty_internatioИн созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон тақозо кардаанд ба таҳқиқи "фаврӣ ва муасири" иддаъоҳо дар мавриди эъмоли шиканҷа алайҳи Сангов ба ҳангоми боздошт, бипардозад. Қаблан гузориш шуда буд, ки Сафаралӣ Сангови 37-сола рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ, пас аз чаҳор рӯзи боздошташ аз сӯйи пулиси шаҳр, дар бемористони марказии шаҳр, мавсум ба “Қараболо” ҷон дод.Дар баёнияи Афви байналмилал ва Бюрои ҳуқуқи башар омадааст, “Созмони Авфи БАйналмилалӣ ва Бюрои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз иддаъоҳои мавҷуд дар заминаи кушта шудани Сафаралӣ Сангов дар замони боздошташ, нигаронанд.”

 

Баёния меафзояд, ки ба гуфтаи ҳамсари оқои Сангов, рӯзи якуми марти соли ҷорӣ чанд нафар бо либоси шахсӣ ба хонаи онҳо ворид шуда ва ба лату кӯби шавҳараш шурӯъ кардаанд. Баёния аз қавли ҳамсари оқои Сангов афзудааст, “ин афрод бидуни пешниҳоди аснод хона ва Санговро талошӣ карданд ва сипас бидуни ироаи тавзеҳот ӯро бо зӯр вориди мошин карданд ва бурданд."

 

Баёния ба нақл аз хонуми оқои Сангов аз мавриди лату кӯб қарор гирифтани пайвандон ва шоҳидони саҳнаи боздошти оқои Сангов, аз ҷумла як зани обистан, иттилоъ медиҳад. Пайвандони оқои Сангов дертар мутталеъ шудаанд, ки Сангов тавассути кормандони пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Сипас пулис ба хонавода хабар дода, ки оқои Сангов нахуст ба идораи пулиси Сино ва баъдан аз онҷо ба бемористони марказӣ мунтақил шудааст.

 

Афви байналмилал ва Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостаанд, ки ин қазияро “сареъан ва мунсифона баррасӣ кунад, афроди мазнун дар эъмоли шиканҷа ва лату кӯби оқои Санговро то замони анҷоми таҳқиқот аз салоҳиятҳояшон маҳрум кунад, давлат бояд натоиҷи таҳқиқотро мардумӣ кунад ва афроди муқассир дар марги оқои Сангов ва лату кӯби шоҳидони саҳнаи боздошти вайро муҷозот кунад."

 

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки давлат бояд иҷроиши таъаҳҳудоти 14-ум модаи кунвенсиюни СММ алайҳи шиканҷаро дар бораи ин, ки “дар сурати кушта шудани фард дар натиҷаи шиканҷа, бастагони вай ба ғаромат ҳақ доранд”, назорат кунад.

 

Ин созмонҳо меафзоянд, ки давлат ҳамчунин муваззаф аст, иҷроиши модаи дувуми Паймони байналмилалии рақами 9 дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро, ки тибқи он "сабаби боздошт ва иттиҳомоти ворида бояд ба ҳар фард қабл аз боздошташ эълом шавад", назорат кунад, ки зоҳиран дар ин қазия риъоят нашудааст. Афви байналмилал ва Бюрои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар поёни баёнияи худ менависад, “то ҷое маълум аст, афроди муқассир дар шиканҷа пайваста муҷозот намешаванд.”

 

Ин созмонҳо мегӯянд, ки тибқи иттилоъи вакилони мудофеъ, ҳуқуқдонҳо ва хабарнигорон, дар сурати матраҳ кардани ин мушкил афрод дар ин кишвар мавриди таъқиб қарор мегиранд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854