14:42:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОДАМФУРӮШӢ ДАРДИ БЕДАРМОН НЕСТ

Қисмати аввал

МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ МАНБАЪИ ҶИНОЁТ

Табиист, ки яке аз сабабҳои аслии густариши ин намуди ҷиноёт ба муҳоҷирати ғайриқонунии аҳолӣ вобаста аст ва одамфурӯшӣ пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа хосияти умумӣ гирифтааст. Тоҷикистон ҳам чун дигар кишварҳо ба мушкилоти муҳоҷирати аҳолӣ гирифтор аст ва ҳукумати кишвар ба ин масъалаи доғ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад. Дар ин замина Консепсияи тасдиқшудаи давлатии сиёсати муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати аслӣ барои танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

slaveryҲадафи аслии сиёсати давлатӣ дар арсаи муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар берун аз кишвар кор мекунанд, танзими сафари онҳо ба хориҷ аз кишвар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар раванди муҳоҷират мебошад. Бо мақсади танзими раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон базаи нормативӣ-ҳуқуқӣ кор карда шуда ва қонунҳои ҶТ «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи муҳоҷирон», «Дар бораи ҳолати шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ» ва «Дар бораи марзи давлатӣ» қабул карда шудааст.

15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» қабул шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дар ҶТ муайян мекунад.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти ин мақомот 4 январи соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шуд. Дар ин асос 27 майи соли 2005 гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис шуд ва он аз 21 июн то 19 июли соли 2005 дар Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият кард. Ва ин комисиюн10 гурӯҳи занону духтарон, ҳамагӣ 50 нафар, ки аз онҳо 43 нафар маҷбуран ва 7 нафар бо ихтиёри худ дар Аморот ба танфурӯшӣ машғул буданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Назар ба омори расмӣ, ба ҷиноёти ба фоҳишагӣ ҷалб намудан, ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ– дар соли 2004 – 116 ва дар соли 2005 – 172 ҷиноят, аммо дар соли 2010 – 106 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҷараёни соли гузашта 10 ҳодисаи хариду фурӯши одамон, аз ҷумла кӯдакон, 15 ҳодисаи ҷалб ба мақсади истисмори корӣ, 95 ҳодисаи таҷовуз ба номӯс ба қайд гирифта шудааст. Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон соли гузашта 359 ҳодисаи қӯшиши ҷалб намудани одамон, аз ҷумла кӯдакон ва ноболиғон – ба мақсади истифода, истисмор, хариду фурӯши инсон ва ҳолатҳои дигари монанд ба инро ошкор ва аз рух додани бештарини он ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба фармони 232 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз таърихи 27 апрели 2004) дар Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ гурӯҳи махсусе таъсис шудааст, ки бар зидди харидуфурӯши одамон мубориза мебарад. Ҳамчунин дар Раёсати Умури ҷустуҷӯии ВКД ҶТ Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ мавҷуд аст, ки яке аз вазифаҳои он мубориза бар зидди харидуфурӯши одамон мебошад. Дар Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии (РҲТҶ) ВКД ҶТ Шӯъбаи мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.

Дар ҳамин иртибот кормандони ВУД соли гузашта 6 ҳолати ғайриқонунии аз озодӣ маҳрум кардан ва 51 ҳолати бадахлоқии ҷинсиро ошкор кардаанд, ки дар муқоиса ба солҳои пешин хеле коҳишро нишон медиҳад. Тавре дида мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин падидаҳои шум қонун ва қарорҳои муҳим қабул кардааст ва дар роҳи мубориза пешрафтҳое низ дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, агарчи падидаи одамфурӯшӣ дар кишвари мо хеле кам шудааст, вале ҳанӯз ҳам одамфурӯшон ба воситаҳои фиребу найранг ва дуздиву зуроварӣ одамонро ба кори иҷборӣ ва фаъолияти ғайримашруъ водор мекунанд.

МУШКИЛОТИ ҲАМКОРӢ ЧИСТ?

Тоҷирони иснсон аз фишангҳое чун адовату душманӣ миёни кишварҳои ҳамсоя, ки боиси канорагирии мақомоти қудратӣ аз ҳамкорӣ мешавад ва фаъолияти озодонаи мардумони минтақа ба кишварҳои ҳамдигар хеле пурсамар истифода мекунанд. Ба гуфтаи коршиносони байнулмилалӣ, зимни сӯҳбатҳои ошкоро бо афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон возеҳ шудааст, ки бештарини онҳо дар ин замина хоҳиши ҳамкорӣ надоранд ва дар ин миён нобоварии шахсӣ ба шахсони масъули робита мавҷуд аст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи мазкур ба ришвахории (коррупсияи) чуқур мувоҷеҳ ҳастанд, ки ин мушкил низ сади роҳи мубориза аст. Милиса ва марзбонони ба коррупсия фурӯрафта, тоҷирони инсон, қочоқчиён ва террористонро зери ҳимояту дастгирии худ мегиранд. Афсароне, ки бо коррупсия сарукор надоранд, бо намояндагони дигари милисаи ба онҳо ношинос намехоҳанд алоқаи «сард» дошта бошанд. Аз ин рӯ, аксари робитаҳои зарурӣ умуман барқарор намешаванд ва ин вазъ то замони пайдо кардани миёнараве, ки вазифаи шиносоӣ ба ӯ бовар карда шавад, бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ҳолатҳои ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ, ки дар рафти тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ муайян шудааст, шаҳодат медиҳад, ки миқёси ин гуна ҷиноятҳо меафзояд, хусусияти махфияти онҳо аз ҷониби ҷинояткорон пурзӯр карда мешавад, вале чораҳои пешгирикунанда мувофиқ ва самаранок намебошанд. Дар рафти тафтишоти ин қабил парвандаҳои ҷиноӣ муайян карда шуд, ки баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо яке аз вазифаҳои аслии онҳост, зимни иҷрои вазифаҳои худ бесалоҳиятӣ зоҳир мекунанд, ки бо ин рафторашон ба содиршавии ин гуна ҷиноятҳо ҳатто мусоидат кардаанд.

Саҳми созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар масъалаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон назаррас аст. Ин созмонҳо дар ошкор кардани намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати даст доштани онҳо ба амали коррупсия манбаъи боэътимоде мебошанд. СҒҲ ҳамчунин ягона сарчашма ва захира дар минтақа мебошанд, ки бо вуҷуди камбуди молиявӣ ва дастгирии давлатӣ ба ҷабрдидагон аз ҳодисаи хариду фурӯши одамон ва зӯроварӣ кӯмакҳои дарозмуддат пешниҳод мекунанд. Барои ташаккули амалиёти босубот дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва зӯроварӣ ҳамкории боэътимоди СҒҲ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Ин маънои бозшикасти саддҳои нобоварӣ аз ҳар ду ҷонибро дорад.

Барои мисол, созмони ғайриҳукуматии «Модар» беш аз 12 сол аст дар Тоҷикистон ба мавзӯи муқобила бо хариду фурӯши инсон машғул аст ва дар ин арса таҷрибаи хубе ҳосил кардааст, аммо дар ҳамкорӣ бо органҳои давалатӣ ҳануз бо мушкил рӯ ба рӯст. СҒҲ «Модар» ба шарофати устуворӣ ва ташаббускории худ нахустин шуда аз мавҷудияти падидаи хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон ошкор иттилоъ дод ва иттилооти зиёди шаҳодати ҷабрдидагонро ба ҷомеа пешниҳод кард, то ки мардуми кишвари мо муносибаташро бо ин падидаи тозазуҳур тағйир бидиҳад.

Ҳанӯз соли 1999-ум дар ҷаласаи мизи мудаввар оид ба масоили хариду фурӯши одамон (лоиҳаи СҒҲ «Модар» бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва ЮНИФЕМ 1999-2000) дар мавзӯи «Тиҷорати моли (шахси) зинда» зикр шуда буд, ки «Тоҷикистони пас аз фурӯпошии шӯравӣ бори нахуст бо чунин падидаи нанговаре чун интиқоли ғайриқонунии кӯдакону занон ба хориҷи кишвар ва истифодаи онҳо бо мақсадҳои шаҳвонӣ ва ҳадафҳои дигари пасту нанговар барои ба даст овардани фоида рӯ ба рӯ шудааст».

Зимни баррасии масъалаи хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон СҒҲ «Модар» бо ҳодисаву амалҳои рӯпӯш кардани харид ва минбаъд фурӯхтани одамон, истисмори онҳо, яъне падидаҳои ваҳшонии давраи ғуломдорӣ мувоҷеҳ шудааст. Ин созмон ҳамчунин муқаррар кард, ки дар дохили кишвар тиҷорати қавии ҷинояткорона оид ба нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо ва мавҷудияти даллаҳо, ҳодисаҳои фоҳишагии ошкоро ва ба он ҷалб кардани кӯдакону ноболиғон ҷой дорад.

Бо туфайли ташкил шудани нерӯҳои таъиноти махсуси мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар доираи Вазоратҳои умури дохилаи кишварҳои минтақа (ба ҷуз Туркманистон) вазъ дар ин соҳа беҳбудӣ ёфтааст.

Мақомоти оргнҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар ду соли ахир мавзӯи хариду фурӯши одамон дар кишвари мо коҳиши чашмгир пайдо кардааст. Ҷулиетт Энгел – директор-бунёдгузори пажӯҳишгоҳи амрикоии МираМед Институт дар Русия маълумотеро пешкаш кардааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба гуфтаи вай, занон ва кӯдакони тоҷикро дар Русия пеш аз ҳама дар амалҳои талбандагӣ ва истифодаи шаҳвонӣ истифода мебаранд, ки онҳо ба назорати гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили Русия меафтанд.

Фонди хайрияи «МираМед-Институт» ва СҒҲ «Иттиҳодияи Ангел», ки ин масъаларо дар Русия мавриди омӯзиш қарор додаст, мегӯяд, шумораи кӯдакон ва занони гирифтор ба ин мушкилот, аз ҷумлаи тоҷикон, дар Русия кам нестанд. Ин масъули созмони амрикоӣ гуфтааст, ки масъалаи пайдо кардани роҳи кор бо ин кӯдакон хеле мушкил аст, зеро мавҷудияти онҳо дар Маскав бехатар нест ва аз тарафи дигар, бозгашти онҳо ба ватанашон низ хатарнок аст. Метавонанд бештарини онҳо нобуд шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ин мушкилот даҳшатовар аст. Мутобиқи шаҳодати кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Маскав, ки бо ноболиғон кор мекунанд, дар ин шаҳр беш аз 50.000 кӯдакони қурбоншуда ҳастанд ва онҳо дар арсаи фаҳшо, фаъолиятҳои ҷинояткорӣ ва талбандагӣ истифода мешаванд. Ба гуфтаи кормандони ятимхонаҳои иҷтимоӣ, бештарин кӯдакони аз тарафи кормандони милиса ба ятимхонаҳо равон кардашуда, кӯдакони Молдова ва Тоҷикистонанд.

Коршиносони дигар хариду фурӯши шаҳрвандони моро дар дохили кишвар ва интиқоли онҳоро ба кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон ва Туркия таъкид карданд. Маълумоте ҳам мавҷуд аст, ки шаҳрвандони мо солҳои зиёд аст дар таҳхонаҳои баъзе аз кишварҳои ҳамсоя чун ғулом истифода мешаванд. Мардони тоҷикро ба шакли ғулом ва истифодаи кори маҷбурӣ дар  корҳои сохтмонӣ ва кишоварзӣ дар кишварҳои дигар ҳам истифода мебаранд.

БЕХАБАРӢ ВА НООГОҲИИ МАРДУМ

Мушкили дигаре низ дар ин соҳа мавҷуд аст, ки ин бехабарӣ ва ноогоҳии мардум аз гирифтор шудан ба ин амалҳои зишт мебошад. Як теъдод аз мардуми мо ба сабаби хушбоварӣ ва ноогоҳии худ аз фиребу найранги одамҷалобон ба дасти онҳо меафтанд ва гузашта аз ин, ба сабаби надонистани ҳуқуқ ва қонун худро ба осонӣ аз гирдоби ин фалокатҳо раҳо карда наметавонанд.

Ба ҳамин тартиб, дар мубориза ба муқобили одамфурӯшӣ мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили муҳоҷирати корӣ, даст доштани намояндагони органҳои давлатӣ дар ҷиноёти одамфурӯшӣ, мавҷуд набудани ҳамкориҳои лозим миёни органҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ва ниҳоят сатҳи пасти огоҳии мардум, ҳам ҷабршавандагон ва ҳам мардуми кишвар аз қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ вуҷуд дорад.

Ва табиист, ки ҳалли ин мушкилот кори осоне нест ва ин амр умедворкунанда аст, ки ҳукуматҳо дар роҳи ҳамкорӣ талоши бештаре мекунанд ва сатҳи огоҳии мардум ҳам то ҳадде болотар мешавад. Вале дар ҳоли ҳозир ҷомеаи мо ва ҷомеаи ҷаҳон ба ин дарди нангин мубтало ҳастанд ва метавон гуфт, ки ҷомеаи мо бемор аст.

Мехоҳам дар ин ҷо пораеро аз китоби «Ҳикмат дар даврони шукуфоии фикри юнониён»-и файласуфи бузург Нитсше, ки перомуни фарҳанги бемор суҳбат мекунад ва нишонаҳои он дар ҷомеаи имрӯзи мо низ мушоҳида мешавад, пешкаши шумо кунам: «Аксари одамони чунин ҷомеа ба зоидаҳои муттаҳарике мемонанд, ки ҷаҳон барояшон чун лошаи шикамсеркун ва шоистаи тороҷ ва ғорат аст. Медоранд ва мебалъанд, мекушанд ва мекованд, коҳ мекананд ва пайи бод заҳмат мекашанд. Ин гурӯҳ чунон даргири чархи зиндагии беарзиш ва пасти худ ҳастанд, ки на аз гузашта дарси ибрате мегиранд ва на ба ояндаи беҳтар ва бартар меандешанд.

Дар гурҳое, ки худ кандаанд, ба зиндагӣ идома медиҳанд ва чунон нирӯи худро барои ба даст овардани осоиш табоҳ мекунанд, ки дар баробари туфони ошуфтагии равонӣ ҳатто ёрои ҳалқовез кардани худро надоранд… Бад-ин сон ҷон мекананд ва ин ҷон кандани тадриҷиро зиндагӣ меноманд».

Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА, шореҳи сиёсӣ, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi