21:57:40 02-уми Июни 2025 сол

ТАБИБОНЕ, КИ ПОРСОЛ АЗ ДИГАРОН БЕШТАР КОМЁБ БУДАНД

Имрӯз, 21-уми марти соли 2011, соати 4-у 21 дақиқаи субҳ ба вақти Душанбе тибқи иттилои нуҷумшиносон Наврӯзи фархундапай, яъне нахустин рӯзи соли нави 1390-и ҳиҷрии хуршедӣ қадами мубораки худро ба сарзамини зебоманзари азизи мо гузошт. Ба ин муносибат дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон тӯю маъракаҳои идона баргузор мегарданд.

navruz 2011Бузургтарин маъракаи ҷашни наврӯзӣ имрӯз дар маҳаллаи ипподроми пойтахт, ки бозсозӣ шуда аз ин ба баъд бо пешниҳоди Президент Эмомалӣ Раҳмон онро «Наврӯзгоҳ» меноманд, аз соати даҳи қабл аз зӯҳр оғоз гардид. Дар ин муҷтамаи фарҳангии бузург, ки масоҳати 28 гекторро ишғол кардааст, барои 8 ҳазор нафар ҷои нишаст таҳия шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашни бузурги наврӯзӣ ширкат варзида тоҷикистониён ва тамоми форсзабонони дунёро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта барои онҳо бахту саодат ва сулҳу суботро орзу намуд. Дар «Наврӯзгоҳ» намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва меҳмонони пойтахтро дидан мумкин буд.

Мардуми Тоҷикистон маъмулан  хеле дӯст доранд, ки тӯю сур ва маъракаҳои хурсандии худро дар рӯзҳои аввали баҳорӣ доир кунанд. Имрӯзҳо туйҳои арӯсӣ, хатнасурҳо, маъракаҳои шодбошии коллективҳои меҳнатӣ дар ин фасли баҳор дар тани дарахти ҷомеъаи рӯ ба шукуфоӣ овардаи мо низ мисли гулҳои баҳорианд, ки мужда аз рӯзҳои нек медиҳанд.

Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки дар минтақаи назди бозори Саховати ноҳияи Фирдавсии шаҳр фаъолият мекунад, дар ҷамъбасти соли 2011 аз сӯйи вазорати сиҳати оммаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи аввал дар байни коллективҳои кормандони ин соҳа дар миқёси ҷумҳурӣ дониста шуд. Директори Марказ Алиакбар Сафаров мегӯяд, ки дар муассисаи онҳо наздик ба 300 нафар духтурону ҳамшираҳои тиббӣ ба беш аз 90 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

sertifikatМаркази мазкур барои ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ гузариш ба тибби оилавӣ мактаби таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад. Дар базаи Маркази мазкур кафедраи тибби оилавии Донишкадаи баъдидипломии коркунони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки барои тамоми ҷумҳурӣ духтурони оилавиро тайёр мекунанд. Маркази мазкур имрӯзҳо пурра бо усули тибби оилавӣ ба мардум хизмат расонда истодааст.

Воқеан Алиакбар Сафаровро зиёиёни кишвар, махсусан бархе аз овозхонҳои ҷумҳурӣ хуб мешиносанд. Ӯ бо тахаллуси «Табиб» шеър низ менависад. Азҷумла як шеъри ӯро бо номи «Роғун месозем» Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов ба оҳанг дароварда хеле таъсирбахш мехонад. Дирӯз, 20-уми март дар маъракаи хурсандие, ки ба муносибати иди Наврӯз ва пирӯзӣ дар озмуни муассисаҳои меҳнатӣ ин Марказ баргузор кард, овозхони маъруф Қурбоналӣ Раҳмон, муаллифи шеър Алиакбар Сафаров ва ҳозирин ин таронаро бо шавқи тамом суруданд, ки дар зер навори онро метавонед тамошо кунед.

 

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854