НИГАРОНИИ AMNESTY INTERNATIONAL АЗ ТАҚДИРИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ
Amnesty International ё созмони Афви Байналмиллал бо пахши баёнияе аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллифони ин баёния, дар сурати истирдоди оқои Ҷӯраев аз Русия ба Тоҷикистон, эҳтимоли он вуҷуд дорад ки ӯ мавриди шиканҷа ва хушунат қарор бигирад.
Ин дар ҳолест, ки Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии Исфара ахиран аз давлати Русия дархости паноҳандагӣ кардааст. Вале, ба навиштаи муаллифони баёнияи Афви Байналмиллал, бо ин вуҷуд, эҳтимоли истирдоди оқои Ҷӯраев ба Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Ҷӯраев дар Русия қаблан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки ба далели дархости паноҳандагии оқои Ҷӯраев, Додситонии Русия мӯҳлати боздошти ӯ дар боздоштгоҳро то шаш моҳи дигар тамдид кардаст.
Ба ин тартиб, Русия аз ҳаққи нигоҳ доштани оқои Ҷӯраев дар боздоштгоҳ то моҳи июни соли ҷорӣ бархурдор аст. Хонум Ставитская низ изҳор дошта буд, ки давлати Русия тибқи таъаҳҳудоти байналмилалиаш наметавонад, фардро ба кишваре истирдод кунад, ки дар онҷо алайҳи боздоштшудагон шиканҷа истифода мешавад ва муҳокимаҳои додгоҳӣ дар он кишвар мунсифона сурат намегиранд.
Вале Абдусамеъ Додобоев, раиси бахши равобити байналмиллалии Додистонии кулли Тоҷикистон ба Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки ҷониби Тоҷикистон далоили кофие барои собит сохтани иттиҳомот алайҳи оқои Ҷӯраевро ба Додситонии Русия ироа кардааст.
Оқои Додобоев афзуд: “Тибқи Кунвенсиюни Минск, Русия наметавонад ин иттиҳомоти собитшударо сарфи назар кунад ва аз истирдоди оқои Ҷӯраев ба Тоҷикистон сарпечӣ кунад.”
Давлати Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла қатл, таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва тақаллуб муқассир дониста, хостори истирдоди вай шудааст.
Низомхон Ҷӯраев дар соли 2007, пас аз он ки додситонӣ алайҳи вай ва беш аз 30 нафар аз наздикону тарафдоронаш парвандаи ҷиноӣ боз кард, аз Тоҷикистон фирор кард. Вай моҳи августи осли гузашта дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулис бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуд.
Дар моҳи июни соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафарӣ бо шумули Низомхон Ҷӯраевро дар иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатлу роҳзанӣ, таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа, сирқати амвол, қаллобӣ ва пулшӯйӣ муҷрим шинохт.
Дар натиҷа, ин афрод барои муҳлатҳои гуногун, аз 10 то 25 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳарчанд додгоҳи истинофӣ дар моҳи январи соли гузашта муҳлати маҳкумияти ин афродро каме коҳиш дод, вале вакилони мудофеъ аҳкоми додгоҳро боз ҳам ғайриодилона хонданд.
Вале Абдусамеъ Додобоев, раиси бахши равобити байналмиллалии Додистонии кулли Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин ҳукми додгоҳ даст доштани Низомхон Ҷӯраев дар иттиҳоми ворида алайҳи ӯро собит кардааст. Оқои Ҷӯраев узви шурои вилоятии Суғд буд ва аз тоҷирони қудратманд ва бонуфуз дар он минтақа дониста мешуд.
Би-Би-Си