ТОҶИКИСТОНИ ҒАМХОР: ЗАРУРАТИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ШУҒНОН
Лашкарбек яке аз сокинони мусини Субдиҷ як рустои кучаке дар вулусволии Шуғнони Афғонистон аст. Вай бознишаста аст ва ҳафтодуҳашт сол дорад. Тақрибан чиҳил соли умри худро ба хидмат дар умури муҳосибот на танҳо дар идороти давлатии вулусволии Шуғнон, балки дар шаҳрҳо ва манотиқи дигаи Афғонистон ва аз ҷумла дар Кобул, пойтахти сарф кардааст.
Вале ба гуфтаи ў ҳаққи бознишастагие, ки давлати Афғонистон ба ў соле танҳо як маротиба пардохт мекунад, ҳамагӣ 500 дулори амрикоиаст. Ин пул барои таъмин рӯзгори хонаводааш кофӣ нест. Писараш дар маркази вулусволӣ дўконе дорад, ки аз он низ суди хубе ба даст намеояд. Вале Лашкарбек муҳимтарин тағйирот дар солҳои ахир дар ҳаёти иҷтимоъӣ ва иқтисодии мардуми мантақаашро дастрасӣ ба барқ хонд. Вай мегӯяд “бо омадани барқ мардуми маҳаллӣ аз бисёр мушкилот раҳо ёфтанд ва барқ ба иқтисоди хонаводагии онҳо тағйироти мусбате ворид кард.”
Ба гуфтаи Лашкарбек се сол аст, ки Тоҷикистон тавассути хати интиқоли барқ ба ин минтақа нерўи барқ содир мекунад. Ҳамакнун ҳамаи хонаводаҳои русто имкон доранд, шабонарўз аз истифодаи барқ бархўрдор бошанд. Ба ақидаи Лашкарбек пайдо кардани дастрасӣ ба барқ имкон дод, таъмини нӯҳ нафар узви хонаводааш осонтар шавад ва пуле, ки то ин дам барои гармӣ ва рўшанӣ истифода мешуд, барои иҷрои корҳои дигар истифода шавад.
Дар ҳамин ҳол инженер Асаддулло, як масъули идораи барқи вилояти Бадахшон гуфт, тибқи қарордод миёни давлати Афғонистон ва Тоҷикистон интиқоли барқ аз қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба вулусволии Шуғнони Афғонистон аз соли 2008 мелодӣ оғоз шуд.
Вай афзуд, нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол таъмин шуда ва теъдоди истифодабарандагони он ҳамасола меафзояд. Ба гуфтаи инженер Асадулло дар ҳоли ҳозир аз истифодаи нерўи барқе, ки аз Бадахшони Точикистон ба Бадахшони Афғонистон содир мешавад, ҳудуди ҳазор хонавода бархўрдор аст.
Нерўи барқи обӣ ба вулусволии Шуғнон тавассути ширкати хусусии мавсум ба “Помирэнержӣ” интиқол мешавад. “Помирэнержӣ”, ширкати аслии тавлидкунандаи нерўи барқи обӣ дар мантақаи Бадахшони Тоҷикистон аст. Тавре Далер Ҷумъаев, расии ин ширкат иброз дошт дар ҳоли ҳозир ширкат ҳадаф дорад, теъдоди истифодабарандагони барқро дар вулусволиҳои дигари вилояти Бадахшони Афғонистон низ афзоиш диҳад.
Ў гуфт, дар ин бора бо идораи барқи вилояти Бадахшон тавофуқҳо сурат гирифтаанд ва ба хусус дар фасли тобистон ширкат имкон дорад ба вулусволииҳои ҳамсоя миқдори бештари нерўи барқро содир кунад. Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, сухунгўи ширкати “Помирэнержӣ” дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшони Тоҷикистон ин ширкат нерўи барқро ба Бадахшони Афғонистон бо таъруфаҳои вижа ба фурўш мерасонад.
Ва шарҳ дод, ки аксари аҳолии вулусволиҳои кўҳистонии Афғнистон фақир ҳастанд ва имкони пардохти таъруфаҳои байналмиллалиро надоранд. Тавре зимни боздид аз бисёре аз хонаҳо дар вулусволи Шуғнон ба мушоҳида расид, дар ҳоли ҳозир мардуми ин вулусволӣ аз барқ танҳо ба унвони василаи рўшанидиҳанда ва гармидиҳанда истифода мекунанд.
Онҳо мегўянд, сомонолоти барқӣ дар бозори вулусволии Шуғнон нодир аст ва ҳамчунин на ҳар хонавода имкони пардохти пули зиёдро барои истифодаи барқ дорад. Лашкарбек мегӯяд се соле қабл хонаводаи ў барои рўшанӣ ва гармӣ пул ҳангуфте мепардохт, аммо акнун ин масрафот хеле коҳиш ёфтааст. Хонаводаи ӯ ҳоло дар моҳ барои барқ ҳудуди 1000 афғонӣ, муъодили 100 сомонӣ пардохт мекунад.
Ў дар хонааш ғайр аз чароғ, бухории барқӣ, телевизиюн, яхчол, дастгоҳи барқии нонпазӣ ва обгармӣ дорад ва писари дўкондораш Маҳмадашраф дар садад аст, тобистони имсол барояш осиёби барқӣ низ бихарад. Лашкарбек мегўяд, ин осиёб на танҳо барои нарм кардани гандум, балки барои тайёр кардани талқон аз тут, ки дар мантақаи Шуғнон аз ғизоҳои маъмул ва машҳур маҳсуб мешавад, кўмак хоҳад кард.
Аммо муҳимтар аз ҳама Лашкарбек, ки чанд сол бад-ин сӯ ба дарди фалаҷ гирифтор аст аз духтараш дар Олмон як мосождиҳанда ва болишти барқӣ дарёфт кардааст, ки барои шифои ў кўмаки муъасир расондааст ва дардашро ба маротиб камтар кардааст. Вай мегӯяд: “Агар барқ намешуд, ман чи гуна аз чунин асбобҳои муфидро истифода карда метавонистам?”
Тавре бисёре аз сокинони ин вулусволӣ гуфтанд, дар бисёре аз рустоҳои минтақаи кӯҳистонӣ мардуми маҳаллӣ барои рўшан кардани хонаҳо ҳанӯз ҳам аз чароғҳои сиёҳ истифода мекунанд, ки аз рўған ва пояи гиёҳҳои махсус омода мешавад.
Ширкати “Помирэнержӣ” соли 2002 тибқи як шартномаи консессионӣ миёни давлати Тоҷикистон, Иттиҳодияи Байналмилалии Молӣ ва Сандуқи Оғохон таъсис шуда ва ҳадафи он таъмини аҳолии манотиқи куҳистонии Бадахшон бо нерўи барқӣ аст.
Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си