18:17:33 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУЛОҚОТИ САФИРИ БРИТАНИЯ КАБИР БО ТАБИБОНИ ТОҶИКИСТОН

7 апрел ҷаноби Тревор Мур, Сафири Британия Кабир бо мақсади шиносоӣ ба рафти татбиқи лоиҳаи тадқиқоти вирусҳои хавфнок, ки соли 2010 бо маблағгузории Ҳукумати Британия оғоз гардид, ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикӣ ташриф овард. Ҳангоми ташриф Сафир бо ҷаноби Аъзам Мирзоев, муовини Вазири тандурустии кишвар низ вохӯрӣ намуд. 

safirСоли гузашта Ҳукумати Британияи Кабир ба Донишкадаи мазкур асбобҳои муҳими замонавиро тақдим кард ва барои ошкор намудан ва назорати роҳҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории тандурустӣ Донишкада тадқиқотҳои муҳимро оид ба омӯзиши организмҳои хавфноки касалиовари эндимикӣ ва касалиҳои трансмиссионӣ мегузаронад.

Лоиҳаи мазкур ба бунёди системаи назорати абровирусҳо равона карда шудааст, ки эҳтимолияти паҳншавии микрооганизмҳои касалиоварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд. Ҳудуди Тоҷикистон макони бисёр организмҳои касалиовар мебошад, ки онҳо сабаби касалиҳои инфексионӣ, аз қабили, вараҷаи геморрагии Крими Конго, вараҷаи Нили шарқӣ ва дигар намудҳои инфексия мебошанд, ки қисме аз онҳо ҳанӯз барои илми ғарб номаълум аст.

Тоҷикистон инчунин макони мавҷудияти бисёр намудаҳои дигари вараҷа низ ҳаст ва имрӯз таъсири пурраи онҳо ба организми инсон муайян карда нашудааст. Хусусан, лоиҳа имкон медиҳад моил будани ин вирусҳоро ба эпидемия татқиқ намуд. Ин  барои бунёди системаи назоратӣ аз болои арбовирусҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

Дар доираи лоиҳа Донишкадаи тибби профилактикӣ методи ташхиси молекуляриро ташкил ва инкишоф дода, барномаҳои таълимиро барои мутахассисони маҳаллӣ муаррифӣ менамояд. Ба дараҷаи беҳтар гаштани кор дар ин самт низоми назоратӣ қавӣ мегардид ва он имконият медиҳад, ки  мониторинги эпидемияи эҳтимолии микроогранизмҳои асосии касалиовари вирусӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтар ба роҳ монда шавад.

Ҳукумати Британияи Кабир қарор дод, ки дар доираи кӯмаки дуҷонибаи БританияюТоҷикистон оид ба мубориза бо касалиҳои инфексионӣ ва ҳимояи мардум аз ин касалиҳо ба ду сохтори дигари илмӣ дар Тоҷикистон низ кӯмаки молиявӣ расонад. Ин ду сохтор- Донишкадаи зоология ва паразитология ва Хадамоти давлатии назорати эпидиомологӣ мебошанд, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир гаштаанд.

Ин ду мақомот барои беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории тандурустӣ дар самти тадқиқи организмҳои хавфноки касалиовари эпидемикӣ ва касалиҳои трансмиссивӣ корҳои муҳими илмӣ-тадқиқоти мебаранд. 

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi