ТОҶИКИСТОН: КОРМАНДОНИ МАҲБАСРО ДАР ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН ГУНАҲКОР ДОНИСТАНД
Ба ақидаи коршиносон, барои бемасъулиятии мунтазам на танҳо кормандони қаторӣ, балки мансабдорони олирутба низ бояд ба ҷавобгарӣкашида шаванд. Муовини сардор ва се тан аз нозирони маҳбас барои бемасъулиятӣ, ки соли гузашта ба фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи шадидан назоратшаванда оварда расонд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ба ақидаи коршиносон, пеш аз ҳама бояд мансабдорони баландрутбаро ба ҷавобгарӣ кашид, зеро ин фирор аз паст будани сатҳи иҷроиши тартибот дар ин ниҳод шаҳодат медиҳад.Сухан дар бораи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ ) меравад, ки дар таърихи 22 августи соли гузашта рух дода буд.
Зиндониён ба посбонони маҳбас ҳамла оварда, се нафарашонро ба қатл расонданду худ фирор карданд. Аҷаб нест, ки ин фирор як амали тарҳрезишуда бошад. Фирориён калиди маҳбасро ба даст оварда, маҳбусони дигаррро озод карданд, сипас ба яроқ даст ёфта, либоси нозирони маҳбасро ёфта ба тан карданд ва ба самти дарвозаи асосӣ, ки дар он ҷо нақлиёт интизорашон буд, равона шуданд.
Пас аз мурофиаи судӣ, ки пушти дарҳои баста гузашт, муовини сардори боздоштгоҳи тафтишотӣ Сайдулло Бердиев ва нозири ин муассиса ба мӯҳлати 8,5 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳамчунин ду нозири дигари боздоштгоҳ низ ба мӯҳлати 2 ва 5 сол маҳкум шуданд. Ҳукмнома рӯзи 4-уми апрел аз тариқи телевизиони давлатии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Аксари фирориён аз зумраи он 46 нафаре буданд, ки бо ҷурми терроризм, интиқоли маводи мухаддир ва кӯшиши табадулоти давлатї ба мӯҳлатҳои зиёд зиндонӣ шуда буданд. Ин нафарон дар натиҷаи амалиёти махсуси қувваҳои бехатарӣ дар шарқи Тоҷикистон моҳи июли соли 2009 ҳангоми ба ноҳияи Тавилдара ба хотири мубориза алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ворид шудани қувваҳои ҳукуматӣ дастгир шудаанд.
Ба таъкиди мақомот, ин маҳбусон бо гурӯҳҳои исломгаро, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбекистон (ҲИУ), ки солҳои 1999 ва 2000 кӯшиши дар Осиёи Марказӣ гузаронидани амалиёти тахрибкорӣ карда буд, робита доштанд. Солҳои охир ҲИУ бо Толибон ва Ал - Қоида дар Афғонистону Покистон робита дошт.
Шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта 12 тан аз фирориён дастгир шудаанд, ки аз ин теъдод 9 нафарашон аллакай дар додгоҳи Душанбе зери тафтишот қарор доранд. Се тани дигар аз ин гурӯҳ аз ҷониби қувваҳои бехатарӣ ба қатл расонда шудаанду боқимондагон то ҳол дар озодӣ ба сар мебаранд.
Фирори зиндониён боиси сар задани марҳилаи нави хушунат дар Тавилдара гардид. Замоне, ки қувваҳои ҳукуматӣ барои боздошти зиндониёни фирорӣ дар Тавилдара камин гирифтанд, онҳо ба муқобилияти шадид дучор гаштанд, ки дар натиҷа 25 нафар сарбоз ҷони худро бохтанд.
Баъд аз фирори зиндониён сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ҳамроҳ бо се нафар муовинонаш ба истеъфо рафта, сардори боздоштгоҳи тафтишотӣ ба вазифаи дигар гузаронда шуд. Бо вуҷуди ин, аксарият бар ин назаранд, ки на ин истеъфоҳо ва на ҳукми додгоҳии ба тозагӣ анҷомшуда барои ҳалли мушкилоти ҷиддии системаи бехатарии зиндонҳо кофӣ нестанд.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи њуќуќ, ки ба маводи тафтишотӣ дастрасӣ дошту нахост номаш ифшо шавад, ба Институти иниъкоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) гуфт, ки асноди мавҷуда аз бемасъулиятӣ ва беҷазоӣ дар тамоми сатҳҳои система шаҳодат медиҳанд.
Ӯ мегӯяд, ки иҷрои тартиботи бехатарӣ то дараҷае беназорат буд, ки “то рух додани ҳодисаи мазкур кормандони КДАМ бо сабабу бе сабаб, мисли он, ки ба хонаи худашон бошад, вориди боздоштгоҳ мешуданд”. Мошинҳои кормандон тафтиш намешуданд. Дар рӯзи фирор бошад, бар хилофи ҳама гуна қоидаҳои бехатарӣ, дар ҳудуди боздоштгоҳи тафтишотӣ мошине истода буд, ки аз соҳиби он касе оиди доштан ё надоштани рухсатнома пурсон нашудааст.
Назорати берунӣ ҳамчунин мавҷуд набуд. Масалан, прокуратура ҳармоҳа тафтишот мегузаронид, вале ин тафтишот ягон мушкилиеро ошкор накардааст. Ба иттилои манбаъи IWPR, зиндониён бо сарварии собиқ маҳбуси Гуантанамо аз ин хунукназарӣ дар риояи тартибот истифода намуданд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ин маҳбус, ки соли 2007 ҳангоми ба Тоҷикистон интиқол шуданаш барои як куштор ба муддати 25 сол ҳукми зиндон гирифта буд, аз маҳбаси муқаррарӣ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ гузаронида шуд, то тавонад ба мақомдорони хадамоти бехатарӣ маълумот диҳад. “Ӯ дар ҳудуди боздоштгоҳ озодона ва бидуни посбон гаштугузор мекард”- илова кардӯ.
Ба қавли манбаъ, масъулони амнияти маҳбас низ бояд ба додгоҳ кашида шаванд, зеро, агарчанде барои фирор маҳбусон чавобгаранд, вале ин имкониятро барояшон нозирон фароҳам овардаанд. Шореҳони дигар, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос аз Душанбе, ба ин нуқтаи назар мувофиқ ҳастанд. Ба ақидаи ӯ, имрӯз ҷавобгарии тамоми камбудӣ ва норасоиҳои боздоштгохро ба дӯши маҳбусони фирорӣ бор карданианд.
Коршиноси мустақили сиёсӯ Парвиз Муллоҷонов бар ин ақида аст, ки КДАМ бояд дар робита ба имконпазир шудани фирори маҳбусон, як таҳқиқоти ҳамаҷониба гузаронад. Дар акси ҳол, такрор шудани ин гуна ҳодисаҳо аз эҳтимол дур нест, илова кард ӯ.
Ирина Мельникова – тахаллуси рӯзноманигор дар Тоҷикистон.
Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаи Институти иниъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR): “Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва маълумоти ҳукуқӯ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Комисияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва “Барномаи иттиллотӣ оид ба иниъкоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ихтилофҳо ва таҳкими эътимод”, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад, омода шудааст.
Институти иниъкоси ҷанг ва сулҳ барои мазмуни мақолаи мазкур, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нишонгари назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати корҳои хориҷии Норвегия нест, ҷавобгарии пурраро ба зимма мегирад.
By Irina Melnikova - Central Asia