00:00:17 03-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ МАВОРИДИ ФАСОД ДАР НИҲОДҲОИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар се моҳи соли ҷорӣ дар сохторҳои давлати Тоҷикистон 125 ҷароими марбут ба фасод ошкор шудааст, ки дар муқоиса ба нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 50 ҳодиса бештар будааст. Бино ба иттилоъи Ожонси мубориза бо фасод дар миёни сохторҳои давлатии Тоҷикистон мавориди фасод бештар дар вазоратҳои беҳдошту маъориф ва умури дохила ошкор шудааст.

Фатох СаидовФаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 апрел дар ҷамъи хабарнигорон аз ҳодисае ёдовар шуд, ки пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо кумаки ришва дар ивази як муҷрим, шахси бегуноҳеро зиндонӣ кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Саидов дар авоили соли ҷорӣ пулиси ин ноҳия як қочоқбари маводди мухаддирро бо миқдори зиёди маводд боздошт карда буданд. Аммо чун падари нафари боздоштшуда шахси сарватманд будааст, раиси бахши тафтишотии пулиси ноҳияи Шоҳмансур ва як бозраси ин ноҳия ба модари як ҷавони 20-сола 20 ҳазор дулор пардохт кардаанд, то фарзандашро ба ивази қочоқбар зиндонӣ кунанд.

Дар моҳи гузашта Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ин қазия огоҳ шуда ва расидагӣ ба ин парвандаро дубора оғоз кардаанд ва ҳамчунин раиси бахши тафтишот ва бозраси ноҳияи Шоҳмансурро ба иттиҳоми даст доштан дар фасод ва ришвахурӣ боздошт карданд. Дар ҷараёни ин бозрасӣ ҳуввияти ду қочоқгари маводди мухаддир ошкор шудааст, ки ҳамакнун онҳо мавриди ҷустуҷӯйи пулис қарор гирифтаанд.

Масъулони ин ожонс гуфтанд, ки дар сохторҳои давлатӣ умдатан ҷароиме чун сирқати маболиғ, сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ, ришвахорӣ ва тамаъҷӯйию қаллобӣ ошкор гардидаанд. Дар ин замина ба мавриди ахир дар заминаи боздошти як корманди бемористони Душанбе ба ҳангоми фурӯхтани доруе, ки кумаки ройгони башардӯстона маҳсуб мешавад, ишора шуд.

Шариф МуллоевШариф Муллоев, корманди масъули Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, ки мавориди истифодаи ғайримуассири маболиғи будҷет ва сирқати маболиғ давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Исфара, Фархор, Шуғнон, Данғара ва Зафарободи ин кишвар ошкор гардидаанд.

Оқои Муллоев гуфт, аз Идораи гумрук дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби боҷ ва аворизи гумрукӣ ба будҷети Тоҷикистон беш аз 5 милюн сомонӣ ворид нашудааст. Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон низ дар соли ҷорӣ ба будҷет беш аз 2 милюн сомонӣ зарари молиявӣ ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҳамасола ин ожонс аз ошкор шудани маболиғи зиёди сирқат ё истифодаи ғайримуассири маболиғи будҷети давлатӣ дар сохторҳои давлатӣ гузориш дода, аммо омилони ин амр ҷиддан муҷозот намешаванд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, аз ин лиҳоз мавориди фасод дар сохторҳои давлати Тоҷикистон дар ҳоли густариш будааст. Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, бештари афроди мазнун дар фасоди молӣ зиндонӣ мешаванд.

Бо ин ҳол вай таъкид кард, ки муқобала бо фасод танҳо аз тариқи муҷозоти зиндон душвор буда ва ҳамакнун давлати Тоҷикистон роҳҳои муҷозоти олтернотивро ҷустуҷӯ мекунад. Ӯ гуфт, мумкин аст чун дар Русия ва бархе аз кишварҳои Урупо аз афроди муртакиби фасод ҷаримаи сангин ситонда шавад. Масалан, ҳоло дар ин замина дар Тоҷикистон тарҳе омода мешавад, ки тибқи он фарди мазнун дар фасоди молӣ барои ҳар рӯзи зиндон 17 сомонӣ пардохт хоҳад кард.

Раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, дар сурати тасвиби ин муқаррарот афроди муртакиби фасоди молӣ маболиғи ҳангуфте пардохт хоҳанд кард, ки "аз ин тариқ имкон дорад, ҳам будҷети давлат ғанӣ гардад ва ҳам дар роҳи густариши фасод монеъ эҷод шавад."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854