17:40:40 04-уми Июни 2025 сол

ТАРҲИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ АФЗОИШИ МАСРАФИ ДОРУҲОИ МУХАДДИР

/images/stories/2011/04/27__tj_rustamnazarov304.jpgЖенерол Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон гуфт, доруҳои мухаддирӣ ё мадҳушкунанда аслан аз шимоли ин кишвар ба шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Тоҷикистон ворид мешаванд. Женерол Рустам Назаров, рӯзи чаҳоршанбеи 27 апрел, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки мизони умдаи ин доруҳо аз Урупо ба Русия ва сипас аз Қазоқистону Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Ба гуфтаи женерол Назаров, аксари қоҷоқчиёни ин доруҳо аз ҷумлаи шаҳрвандони тоҷикистонӣ будаанд.

Оқои Назаров гуфт:Ҳарчанд мизони бештари ин доруҳо аз шимоли Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, вале чанде пеш аз Афғонистон, ки умдатан маводди мухаддири навъи ҳироун ба ин кишвар интиқол меёбад, як мавриди интиқоли доруҳҳои мухадирӣ ба Тоҷикистон сабт шудааст.”

Ҳамкориҳо бо Афғонистон

Аммо Женерол Рустам Назаров, раиси ожонсӣ мегӯяд, ки ҳамасола барои поксозии суфуфи кормандони ожонси мубориза бо маводди мухаддир аз афроди бесалоҳият, озмунҳо доир мекунанд, ки дар он ҳудуди нӯҳ дар сади кормандоне, ки дониши кофӣ надоштаанд, аз фаъолият сабукдӯш мешаванд.

Масъулони ожонсӣ мегӯянд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ се амлаиёти муштарак бо ҳамтоёни афғонро барои боздошти қочоқчиён агҷом додаанд ва дар натиҷаи ин амалиётҳо 28 килуграм маводди мухаддир кашф ва се коҷоқчии ин маводдро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи масъулон, ин амалиётҳо дар вилоёти Бадахшон ва Тахори Афғонистон сурат гирифта ва дар ҷараёни онҳо, ҳамчунин аз қоҷоқчиён миқдори зиёди силоҳ мусодира шудааст. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2005, яъне баъд аз таъсиси бахши афсарони сайёри ожонсии назорат бар маводди мухаддир, то имрӯз ин афсарон дар ҳамкорӣ бо афсарони Афғонистон 159 амалиёт доир карда ва беш аз 11 тунн ва панҷсад килу маводди мухаддирро кашф ва боздошт карда, дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 200 қоҷоқчӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ожонсии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари интизомӣ, беш аз 1 тунн ва 470 килуграм маводди мухаддирро дар Тоҷикистон мусодира карданд, ки дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2010 ҳудуди 16 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854