18:53:21 02-уми Июли 2025 сол

КУМИТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: "ПАРВАНДАИ ИСКАНДАРОВ БАРРАСӢ ШАВАД"

Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ поймол шудани ҳуқуқи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳини боздошти ӯро таъйид кардааст. Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки ин кумита ба дархостҳои мукаррари худ дар робита ба қазияи Искандаров аз мақомоти Тоҷикистон посухе дарёфт накарда, аз ин рӯ дар баррасиаш ба нукоти омада дар шикояти Темур Тошев, бародари Искандаров такя кардааст.

iskandarov_2661521.jpgАммо ба гуфтаи хонум Баҳриева, кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, то ин мухолифи сиёсиашро бо васоили муассири дифоъ таъмин карда, ӯро ё раҳо кунад ва ё парвандаашро аз нав баррасӣ кунад.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2005 як бор дар Маскав боздошт ва дафъатан озод карда шуд. Он замон Владимир Устинов, додситони кулли вақти Русия, раҳоии ӯро қонунӣ хонд. Аммо дар нимаҳои ҳамон моҳ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русия ба таври мармуз ғайб зад. 26-уми апрели ҳамон сол додситони кулли вақти Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз боздошти ӯ хабар дод ва гуфт, ки Искандаров бо шиносномаи русӣ ва номи тақаллубӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Искандаров моҳи октябри соли 2005 аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳофизон ва дуздии маблағи давлатӣ ба ҳаҷми бузург муҷрим шинохта, ба мӯҳлати 23 сол зиндонӣ шуд.

Ҷонибдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров то ба ҳол иддао доранд, ки маҳкумияти раиси Ҳизби демократ ҷанбаи сиёсӣ дорад ва қавли онҳо таъқиби Искандаров ба дунболи эълони тасмими ӯ дар бораи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумуҳур шурӯъ шуд.

Бо гузашти панҷ сол аз ҳодисаи рабуда шудани Искандаров дар Русия, мақомоти қудратии Русия ин ҳодисаро дигар тавзеҳ надоданд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ҳукме, ки рӯзи 23-юми сентябри соли 2010 баровард, Русияро ба боздошт ва интиқоли ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон айбдор донист ва ба пардохти ҷаримаи 30 000 евро маҳкум намуд. Аммо Русия аз ин ҳукми Додгоҳи Аврупо норизоиятӣ кард ва хостори бознигарии ҳукми ин додгоҳ шуд.

Тибқи бархе гузоришҳо, қазияи боздошт ва истирдоди мармузи Искандаров дар нишастҳои СММ бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Аммо мақомот дар шарҳи шеваи боздошт ҳамеша таъкид кардаанд, ки Искандаров дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ