"ШИКОР"-И ГӮШТФУРӮШОН ДАР ДУШАНБЕ
Полиси шаҳри Душанбе дар пайи як иқдоми ғайримуқаррарӣ беш аз даҳ гӯштфурӯшро барои риоя накардани тавсияи шаҳрдорӣ дар мавриди танзими нархи гӯшт дар бозорҳо боздошт кардааст.
Нусратулло Саидов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфт, бархе аз гӯштфурӯшон ба ҷои ин ки як кило гӯшти говро ба қиммати 23 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфандро ба қиммати 24 сомонӣ бифурӯшанд, онро ба 27 сомонӣ савдо кардаанд. Барои мисол, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гӯштфурӯше боздошт шудааст, ки ба як сокини шаҳр шаш кило гӯшти гӯсфандро ба нархи 27 сомонӣ фурӯхтааст.
Ҷаноби Саидов мегӯяд, афроде, ки тавсияи шаҳрдориро риоя накардаанд, дӯконҳояшон баста ва нисбат ба онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода хоҳад шуд. Ҳамчунин, ба қавли ӯ, аз ин гӯштфурӯшон иллати боло бурдани нархи гӯшт пурсида мешавад.
Аммо иддае аз тоҷирон мегӯянд, риояи тавсияи шаҳрдорӣ дар бораи танзими нархҳо чандон воқеӣ ба назар намерасад. Зеро ба таъкиди онҳо, болоравии қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон ва ҳам афзоиши қиммати маводи сӯхт онҳоро ба боло бурдани маҳсулоташон водор кардааст.
Илова ба ин, ҳуқуқдонҳо низ мегӯянд, боздошти тоҷирон барои риоя накардани тавсияи шаҳрдорӣ набояд ҷавобгарӣ ба дунбол дошта бошад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ин танҳо тавсия буда ва ҳар касе, ки мехоҳад аз он риоя мекунад. Дар се рӯзи пеш шаҳрдории Душанбе аз фурӯшандагони бозорҳои пойтахт даъват кард, то нархи орду гӯштро дар бозорҳо ва марказҳои савдо боло набаранд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, гуфт, ки қимати як кило гӯшти гов набояд аз 23 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфанд аз 24 сомонӣ боло фурӯхта шавад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки дар ҳафтаи гузашта ба далоили мухталиф нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Душанбе то 30 сомонӣ расида буд.
Ҷаноби Убайдуллоев инчунин таъкид намудааст, ки "ба сифати гӯшти ба савдогузошташаванда эътибори ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар интихоб ва дастрасӣ ба гӯшти хушсифат поймол гардад."
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои танзими нархи гӯшту орд ва дигар маводи ғизоӣ дар бозорҳо то ба имрӯз аз ҳисоби буҷаи шаҳр 20 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Аз ин ҳисоб, 12 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 миллион сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва 4 миллион сомонии дигар барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт ҷудо шудаанд.
«Озодӣ»