02:03:19 03-уми Июни 2025 сол

ДОДГОҲИ АВРУПОӢ ИСТИРДОДИ ҶӮРАЕВ БА ТОҶИКИСТОНРО МАНЪ КАРД

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар истирдоди Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, аз Русия ба Тоҷикистонро манъ кардааст. Дар мусаввабаи ин додгоҳ омадааст, оқои Ҷӯраев, ки раиси пешини корхонаи шимиёии Исфара низ буд, дар кишвари худ метавонад мавриди шиканҷа қарор бигирад.

european_court_8555.jpg

Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Ҷӯраев дар Русия, рӯзи сешанбеи 31 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки додгоҳи урупоӣ ин тасмимро дар як ҷаласаи изтирории худ гирифтааст. Вай афзуд, ки додгоҳ ҷаласаи изтирориро дар сурате баргузор мекунад, ки фарде истирдодшавандаро шиканҷа таҳдид кунад. Хонуми Ставитская гуфт: "Мо тавонистем дар додгоҳ собит созем, ки маҳз дар қиболи Низомхон Ҷӯраев аз шиканҷа истифода хоҳад шуд."

Вай афзуд, ки бо ин вуҷуд, Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар баррасии парвандаи Низомхон Ҷӯраевро идома хоҳад дод, вале ҳамакнун аъмоли мақомоти Русия дар қиболи муваккилаш таҳқиқ мешавад. Низомхон Ҷӯраев 18 августи соли 2010 дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Давлати Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла қатл, сирқати маболиғ ва таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ мазнун дониста ва хостори истирдоди вай аз Русия шудааст. Мақомоти тоҷик оқои Ҷӯраевро дар созмондеҳии терури Толиб Бобоев, муъовини додситони кулли Тоҷикистон дар оғози даҳаи 1990 низ мазнун медонанд. Бо ин ҳол, бархе аз соҳибназарон таъқиби вайро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Низомхон Ҷӯраев соли 2007 аз Тоҷикистон фирор кард. Қабл аз ин, аз чанд ҳодисаи даргирии мусаллаҳона миёни Низомхон Ҷӯраев ва ҷонибдоронаш ва афроди мусаллаҳи номаълум дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд гузориш шуда буд. Бархе аз соҳибназарон иддаъо доштанд, ки кунтрули бархе аз корхонаҳои санъатӣ дар вилояти Суғд аз сӯйи оқои Ҷӯраев далели аслии мухолифатҳо миёни вай ва бархе аз гурӯҳҳои туҷҷор ва мақомот шудааст. Он замон оқои Ҷӯраев дар қаламрави вилояти Суғд аз эътибор ва нуфузи густурда бархӯрдор буд.

Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми истирдоди вай ба Тоҷикистонро содир кард. Вале оқои Ҷӯраев аз давлати Русия тақозои паноҳандагӣ карда ва ба ин тартиб, тавонистааст замони боздошти худ дар маҳбаси Маскавро тамдид кунад. Бо ин вуҷуд, Додситонии кулли Русия хостори истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон шуда буд. Дар пайи ин, муваккилони оқои Ҷӯраев ба Додгоҳи ҳуқуқи башар муроҷиъа кардаанд.

Анна Ситавитская, вакили оқои Ҷӯраев, мегӯяд, ки мақомоти Русия дигар наметавонанд муваккилашро ба Тоҷикистон мустарад кунанд, зеро иҷрои ҳукми Додгоҳи Урупоӣ дар ин кишвар ҳатмист. Дар посух ба ин суол, ки оё оқои Ҷӯраев метавонад аз маҳбас озод шавад, хонуми Ставитская гуфт: “Тибқи қавонини Русия, Низомхон Ҷӯраев метавонад дар маҳбас тӯли 18 моҳ баъд аз боздошташ қарор дошта бошад. Баъд аз ин мӯҳлат, мақомот ночоранд ӯро озод кунанд.”

Вале ба гуфтаи хонуми Ставитская, оқои Ҷӯраев метавонад қабл аз ин мӯҳлат низ аз маҳбас озод шавад. Зеро 2 июни соли ҷорӣ Додгоҳи олии Русия шикояти оқои Ҷӯраев аз ҳукми додгоҳи шаҳри Маскавро баррасӣ хоҳад кард. Агар Додгоҳи Олӣ ин шикоятро қонунӣ донад, вай озод хоҳад шуд. Дар гузашта Абдусамеъ Додобоев, раиси бахши равобити байналмилалии Додистонии кулли Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ба эҳтимоли истирдоди оқои Ҷӯраев ба ватан изҳори хушбинӣ карда буд.

Вай гуфта буд, ки баъд аз анҷоми ҳамаи тадорукот Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд, зеро ҷониби Тоҷикистон далоили кофӣ барои собит кардани иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро дар ихтиёри мақомҳои додситонии Русия гузоштааст. Оқои Додобоев дар ин замина аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи 31 нафар аз сокинони ноҳияи Исфара ёдовар шуд, ки дар он Низомхон Ҷӯраев дар қатл ва ҷароими дигар муҷрим шинохта шудааст.

Вале Анна Ставитская, вакили мудофеъ, мегӯяд, ки муҷозоти ин 31 нафар боъис шудааст, ки Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар бораи манъи истирдоди оқои Ҷӯраев ба Тоҷикистон ҳукм содир кунад. Ба гуфтаи вай, дар додгоҳ собит шудааст, ки афроди маҳкумшуда мавриди озору шиканҷа қарор гирифта ва таҳти фишору шиканҷа алайҳи Низомхон Ҷӯраев гувоҳӣ додаанд.

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар авохири моҳи сентябри соли гузашта дар пайи баррасии шикояти Маҳмудрӯзӣ Искандаров, аз мухолифони зиндонии давлати Тоҷикистон, Русияро барои боздошт ва истирдоди вай ба Душанбе ба пардохти 30 ҳазор юру ғаромат ба оқои Искандаров муваззаф карда буд. Ин додгоҳ дар авосити моҳи майи соли гузашта истирдоди ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Маъмурҷон Ҳайдаров, як сокини ӯзбактабори ноҳияи Шаҳринав ва Зикруллохон Хоҷаев, як сокини шаҳри Хуҷанд, аз Русия ба Душанберо низ манъ карда буд.

Оқои Ҳайдаров ба узвият дар як гурӯҳи ҷиноӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар авохири даҳаи 1990 ва оқои Хоҷаев ба пайравӣ аз Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, муттаҳам шуда буданд. Аммо Додгоҳи Урупоӣ истирдоди онҳо ба Тоҷикистонро мамнӯъ кард ва давлати Русияро ба пардохти 15 ҳазор юру ба ҳар кадоме аз онон барои ҷуброни боздоштҳои ғайриқонунӣ муваззаф сохта буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854