12:39:24 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОРРУПСИЯ ВА АШКИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ҳар онҷо, ки пора шуд аз дар дарун,
Шавад устуворӣ зи равзан бурун.


Зиёда аз ду сол муқаддам дар мақолаи таҳлилии худ оид ба вазъи ҳуқуқию омилҳои коррупсионии ҷомеаи тоҷик бо номи «Коррупсия ва сарнавишти миллат», ки дар шумораҳои 6-ум ва 7-уми ҳафтаномаи «Миллат» (моҳи феврали соли 2007-ум) чоп намуда будам, байти дар боло ишораёфтаи шоири бузурги классики форсу тоҷик Унсурии хушкаломро барои шарҳ додани ҷиноятҳои ришвахӯрӣ ва фасодии ҷомеа, оқибати чунин аъмоли паст ва хавфнокии он ба давлату ҷамъият истифода намуда, ишора намуда будам, ки он шоҳбайтест, ки ба баҳои «як асари бузурги ҳуқуқӣ оид ба шарҳи қонунии ҷиноятҳои коррупсионӣ» меарзад ва шояд болотар низ истад.

Чун бо гузашти давр ҳамчун ҳуқуқшинос, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик ва равшантар карда гӯям, ҳамчун фарзанди ин миллату ин ватан, ки номи он Тоҷикистон аст,ба навиштани мақолаи навбатӣ оид ба ҷиноятҳои порахӯрӣ, порадиҳӣ ва оқибатҳои он барои ин давлату миллат пардохтам, хостам, ки барои мақолаи навбатии худ эпиграфе ҷустуҷӯ намоям ва дар ин росто, бовар кунед, хонандаи закитабъи манн, аз ин шоҳбайти Унсурии бузург барои эпиграф ва ифодаи фикри худ дар муқобили ҷиноятҳои коррупсионӣ сухани беҳтаре наёфтам ва фикр менамоям, ки шумо низ бо ман ҳамовоз хоҳед шуд. 

Каминаи камтарин аз чопи мақолаи аввалини худ оид ба вазъи басо бади ҷомеаи тоҷик дар печидагиҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ бо номи «Чӣ бояд кард?» (Ҳафтаномаи «Нерӯи сухан», соли 2003 - юм) то айни замон ба раванди пешгирии ҷиноятҳои ришваситонӣ, дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ, вокуниши давлат ва ҷомеа ба ин «бемории саратонии давлату миллат» диққати махсус медиҳам, зеро пӯшида нест, ки фасодии ҷомеа бе ягон ташбеҳу истиора боиси бадбахтии ҳамон давлату миллат гашта ва аз ҳама даҳшатнок ва нуқтаи баландтаринаш ин аст, ки ахиран давлатро аз байн хоҳад бурд ва дар таърихи давлатдориҳо оид ба заволи ҳукуматҳо ва сулолаҳо, ки омили асосии он ҷиноятҳои коррупсионӣ буда, ин омил халқро қашшоқ ва норозӣ гардонида, интизомро дар артиш ва давлат аз байн бурда, хиёнат ва фурӯхтани худро ба душмани миллату давлат раво дониста, муҷиби нест гаштани давлату ҳукуматҳо ва ахиран боиси аз байн рафтани миллат гаштааст, дар саҳифаҳои таърих зиёданд ва ҳоҷати овардани мисоли зиёд дар ин росто нест. 

Танҳо диққати хонандаро ба он ҷалб менамоям, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва далелҳои дар ин саҳифаҳо оварда, сабабгори аслии аз байн рафтани давлатҳои абарқудрат - импературии Оли Сосон ва нусхаи хурдтари ӯ- давлати бузурги Оли Сомон ин фасодии ҷомеа, ришваситонӣ дар сатҳи олии ҳукуматҳои вақти ин кишварҳо, нодида гирифтани ҳаққу ҳуқуқҳои оммаи халқ, ба нокомӣ анҷом ёфтани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва андоз (ба ёд биёред ислоҳоти ин соҳаҳоро замони давраҳои охири умри ин сулолаҳо), бо ришва таъин кардани вазифаҳои баланди хизмати давлатӣ, ба дараҷаи олӣ барои худ ва ҳамтабақҳояшон ташкил намудани айшу ишрат (ба ёд биёред Яздигурд охирин шоҳи сулолаи Оли Сосон чӣ қадар таббох, навозанда, сароянда, дӯшизаи хизматгори шахсиро ҳангоми шикастхӯрӣ ва рӯ ба гурез оварданаш ҳамроҳ дошт).

Ин омилҳо дар ин сулолаҳои вақти тоҷикӣ, боиси аз байн рафтани ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, низому қувват дар байни оммаи халқи оддӣ ва артиш гашта, дар лаҳзаи ҳалкунанда ва ҳуҷуми ғосибон боиси рӯ тофтани оммаи халқ ва артиш аз муҳофизати марзи поки ватан ва ҳукумати миллии хеш гаштаанд. (Ба ёд биёред ҳуҷуми арабҳоро ба давлати пурзӯри вақт-Оли Сосон, чун фасод ҷомеаро фаро гирифта, низому интизом аз байн рафта буд, касе ба ҳифзаш нахеста, даъватҳои ватандӯстона низ ба дарди ин ҳукумат барнахӯрданд, ё худ баъди ҳуҷуми ғосибоне чун Султон Маҳмуду Насри Қарахонӣ моҳи октябри соли 999, оммаи меҳнаткаш, халқи оддӣ, ворисони бевоситаи имрӯзаи халқи тоҷик ба ҳифзи давлату ҳукумати вақти худ барнахестанд ва ба шайхулисломи Бухоро, муфтӣ ва дигар шахсони масъул, ки бо ғосибони турк дар тамос буданд гӯш дода, бо иборае барои ҳифзи ин давлату ҳукумати «фасодзада» - и хеш овозе сар надоданд).

Омилҳои коррупсионӣ, фасодии ҷомеа, вазифафурӯшӣ дар давлатҳои баъдинаи Осиёи Вусто, сулолаҳои Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғитиён ҳамавақт боиси ҷангу хунрезиҳо, ноободиҳо, қафо мондани раванди тараққиёти ҷомеа аз чархи таърих гашта, ин сулолаҳо ва ҳукуматҳо ва ҳукуматдорон бо фасодзадагии хеш боиси бадбахтии оммаи халқ гашта ва ахиран бо ин рибокорияшон сарашонро хӯрда, яке аз паи дигаре аз давраи тахт ба пояи тобут рафтаанд. (Ба ёд биёред оид ба фасодии ҷомеаи манғитиён, ҳаромхӯрӣ, вазифафурӯшӣ, ришваситонии қозиҳо, муфтиҳо, миршабҳо, раисон, арбобони деҳ аз хотирахои устодон Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ).  

Дар ҳамон мақолаи хеш бо номи «Коррупсия ва сарнавишти миллат» оид ба ин аъмоли бад, ки худ ҳаромхӯрист, қайд карда будам, ки оқибати гирифтани пора, фасодкорӣ боиси ноустувории ҷомеа, пояҳои давлатдорӣ, нооромӣ, вазнин гаштани зиндагонии халқ, паст гаштани нуфузи қонун, обрӯи давлат ва беадолатӣ мегардад. Ин омил ончунон барои давлату миллат, инсоният хавфнок аст, ки дар Қуръони Карим низ ояте оварда шуда, дар ин хусус ҳадисҳои бузурги пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) дуруд бар рӯҳи поки ӯ, осори олимону орифони бузурги дини мубини ислом, монанди ҳазрати Имом Абӯҳанифаи Кӯфӣ, Имом Ал-Тирмизӣ ва дигарон мавҷуд буда, ҳамагӣ омили ришваситониро бо ришвадиҳӣ санги маломат задаанд.

Ин мисолҳои овардаи мухтассари мо гувоҳи онанд, ки то чӣ андоза ҷиноятҳои коррупсионӣ ва коррупсионерҳо барои ҷамъият ва давлат хавфноканд ва ривоҷи он дар ҳама давраҳо боиси нороҳатии ҷомеа, ахиран қашшоқӣ ва аксуламалҳои инқилобгароёна гардидааст. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз дар ҳама давлату ҷамъиятҳо барои нест кардани он ё лоаққал ба ҳадди паст фаровардани ин омили зиддихалқӣ ва зиддидавлатӣ, давлатмадорон ва сиёсатмадорон мубориза бурдаанд.

Тавре ки дар мақолаи «Коррупсия ва сарнавишти миллат» ишора намуда будам, муборизаи муваффақона ва ҷазоҳои вазнин нисбати коррупсионерон аз тарафи Иван Грозный (Ивани 4) ба мисли шикояти деҳқонбача Никита Витка дар соли 1553 оид ба порагирии судя Мелентий Никуда вобаста ба дуздии барзагову ҳабси ғайриқонунии бародари ӯ Эрмилка Витка ва таъини ҷазои сахт нисбати судя боиси пок гаштани фасодии ҷомеаи рус ва аз ҳисоби маблағҳои бӯҷаи давлатӣ бунёд ёфтани шаҳрҳое чун Архангельск, Самара, Саратов, Волгоград (Саритсин), Уфа, Курск, Орёл, Липетск ва ғайраҳо дар ҳамон давра гардидаанд.

Бе муҳоббот агар ин шоҳ сиёсати нодурусти ҳокимонеро чун Яздигурд, амирони Сомонӣ, амир Олимхони манғит пеш мебурд, он гоҳ аз Русияи имрӯза ва халқи рус чизе дар равоқи таърихи имрӯза боқӣ намемонд.

Аз ин рӯ, дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик низ бояд бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва худи коррупсионерон аҳли ҷамъиятчигии тоҷик бодиққат назар дӯхта, бо шиори «аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар» ба хотири «шиносӣ ва хешию дурандешии тоҷикӣ» амал накард, зеро таърих гузарон аст ва он ба миллатҳо даҳ маротиба дар тӯли таърих давлату марзу буми алоҳида тақдим намекунад.

Дар хусуси ҷиноятҳои коррупсионӣ, хавфи он ба ҷомеа, хусусият ва омилҳои паҳншавии он метавонам мисли мақолаҳои пешинаи худ зиёд нависам, лекин ба ин амал ман нуқта мегузорам, зеро мақсад аз навиштани ин мақола он аст, ки дар зарфи зиёда аз ду соли чопи мақолаи хеш ҷомеаи тоҷик барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, хунсо кардани он чӣ чораҳоро андешид? 

Оё муваффақиятҳо ҳастанд, оё ҷомеа ва миллати тоҷик аз ин бузургтарин омили несткунандаи давлат, миллат ва ҳукумат ҷиддан нигарон аст? Чӣ тадбир бояд ҷуст, то ин омил - заволи миллату давлат аз байн бурда шавад? 

Нахуст, бояд қайд намуд, ки баъди гузаштани солҳои зиёд ва хомӯшии тӯлонӣ ҷомеъаи тоҷик оид ба ҷой доштани омилҳои бузурги фасодкорӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ба воситаи ВАО иттилооти густурдаеро паҳн намуда, ба таври ҷиддӣ барои пешгирии он чораҳои мушаххасро пиёда намуда, санаду қонунҳои зиёдеро рӯи кор овардаанд.

Яке аз амалхои хуби ҷомеъаи тоҷик дар ин давра бешубҳа ин қабул гаштани Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳияи нав буда, он санаи 25-уми июли соли 2005-ум зери №102 қабул гаштааст, қонуни мазкур то андозае роҳу равиш ва тарзи мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсиониро ба танзим даровард. 

Дар ин давра баъди 11 соли фаъолияти мақомоти пулиси андоз, ки дар давраи фаъолияташ аз худ рушди фасодкории зиёд, фаъолияти сусти корӣ ва кадрҳои то андозае ғайрикасбиро ба ёдгор монда буд, чун мақомоти нафъаш ба ҷомеа кам барҳам дода шуд.

Дар ин асос санаи 10-уми январи соли 2007-ум таҳти №143 бо Фармони Президенти ҶТ «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ» созмон дода шуда, воҳидҳои кории мақомоти собиқи пулиси андоз ба ин мақомоти навтаъсис арзонӣ дода шуда, вобаста ба таъсиси ин мақомот раёсати мубориза бар зидди коррупсия дар Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои марбут ба мубориза бар зидди коррупсия дар прокуратураҳои вилоятҳо санаи 17.01.2007-ум бо Фармони Прокурори генералии ҶТ барҳам дода шуданд. 

Дар ин росто ҳамзамон кумитаи назорати давлатии молиявии ҶТ низ барҳам дода шуд. Хотиррасон бояд кард, ки таъсиси мақомоти «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ» ин худ эътирофи фаъолияти густурда доштани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва фасодкорӣ дар ҷомеаи тоҷик буда, ташкили ин мақомот, як кори лозимаи замони ва заминӣ дар ҷомеаи имрӯза аст, зеро кушоду равшан бояд гуфт, ки тамоми носозиҳои ҷомеъаи тоҷик аз ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ сар карда то хусусигардонии амволи давлатӣ, ки ҳарду ин ислоҳотҳои бузурги давлатӣ солҳои зиёд давом карда, натичаи чашмрасеро барои рушди ҷомеъа ба бор наоварда, боиси қашшоқии соҳаи кишоварзӣ, аз кор мондани «набзи саноатӣ»-и кишвар гаштаанд, пеш аз ҳама агар аз як тараф вобаста ба қабули қонунҳои номукаммал дар ин соҳаҳо (оё қабули ҳамин қонунҳои номукаммал низ реша дар омилҳои коррупсия надорад?) бошад, пас бешубҳа тарафи дигари вазнинтарини он омилҳои коррупсионӣ буда, бо гузашти солҳо аз худ саҳроҳои нообод, ҷӯйҳои беоб, шӯразамин, корхонаҳои вайрону деҳқонону коргарони дар ҷустуҷӯи як луқма нон дар Шимоли Ақсо, Сибир, Урал, Шарқи Дур, Ҳафтруд, Украина, Қазоқистон овораро ба бор овардаанд. 

Имрӯз ба шарофати ин ислоҳотҳои паёмадашон барои миллату давлат фоида хуб надошта, ки иқтисоди кишвари тоҷикро фурӯ шинонидаанд, бештар аз 1 миллион, тибқи бархе аз хабарҳои иттилоотии дигар наздики 1,5 миллион тоҷик моҳҳову солҳои дароз дар гармову сармо, дар кишварҳои бегона бо азобҳои беҳуқуқӣ ва ранҷи ғуломӣ дастмузде ба даст оварда ба ватанаш, ба хотири ободии хонадон, серию пурии зану фарзандаш мефиристад, ки аз ин 2,7 миллард доллари тибқи иттилоотҳои ВАО ба кишвар воридшавандаи мардикорони точик, имрӯз ҳам оилаҳои тоҷик ободанду ҳам бозорҳо ва ҳам бонкҳои кишвар худро хело хуб ҳис намуда, ҷомеаи тоҷик бошад орому осуда аст. 

Дар ин асос Низомномаи Агентии мазкур аз санаи 10-уми августи соли 2007 – ум, зери №143 тасдиқи худро ёфта, ин мақомот дар ин асос фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 

Дар ин росто (камина ба таҳлили он машғул намешавам) Қонуни ҶТ «Дар бораи Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», ки бо Фармони Президенти ҶТ аз санаи 20-уми марти соли 2008-ум зери №375 қабул гашта, ин қонунгузориҳо кори ин мақомоти навэҷодро ба танзим медароранд.

Вобаста ба қабули ин қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ба мақомоти мазкур баҳри мубориза ба муқобили ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳои фасодзадагии ҷамъият ваколатҳои зиёде дода шуда, бо ибораи дигар қонунэҷодкунҳо хостаанд, ки бо ин амали худ пеши роҳи ҷиноятҳои мазкурро, ки имрӯз ҷамъияти тоҷикро аз боло то ба поён пурра фаро гирифтааст, пешгирӣ намояд.

Ин ҷо мушаххас вобаста ба қабули ин қонун ва санадҳо наистода, танҳо фикр ва мушоҳидаҳои худро аз ин муборизаҳои зидди коррупсионӣ баён месозам. Ба фикри банда, ташкили ин Агентӣ бе омодагӣ ва омӯзиши вазъи беҳад вазнини коррупсонии ҷомеъаи тоҷик сурат гирифтааст.

Бо ибораи дигар, Агентии мазкур дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии ҶТ бо додани ваколатҳои васеи санҷишию фаврӣ ва ба он ҳамроҳ намудани функсияҳои тафтишоти пешакӣ рӯи кор омадааст. Ҳол он, ки кумитаи мазкур дар давраи фаъолияташ аз худ чизеро рӯи об набароварда, дар вақташ боиси эътирози сахти мақомотҳои байналмилалӣ гашта буд. 

Баъдан, дар дохили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ доштани ревизорҳо ва тибқи нақшаҳо гузаронидани санҷишҳо, кори ҷиноятӣ оғозкуниҳо аз тарафи ин мақомот комилан хилофи КМҶ-и ҶТ оид ба даъвати мутахассис барои гузаронидани санҷиши ҳисоботию ҳуҷҷатист,зеро муттахассиси таркиби ин Агентӣ бешубҳа манфиатдори кори ташкилоти худ буда, объективияти кор бошад худ аз худ аз байн меравад. Таассуфовараш он аст, ки ин корро то ҳол мансабдорон нафаҳмида, нисбати «коррупсия ва омилҳои он», хавфи бузурги он назари ҷиддӣ надоранд. 

Дар ҳолате, ки ба шарофати омилҳои коррупсионии силсилавӣ, абилавӣ, маҳаллӣ, мафиозӣ, бо сиёсати кадрии маҳалгароёна ва аз байн рафтани нишонаҳои ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ, кӣ бовар мекунад, ки дар як мақомоти навсохт, бе таҷрибаи махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ревизору кормандони фаврию тафтишотӣ ба ришваситонӣ даст намезананд? Таассуфовараш боз он аст, ки ин мақомот дар назди дигар мақомот ташкил ёфтааст.

Чаро ин мақомот алоҳида, мухтор ташкил нашуда, дар назди мақомоти дигар ташкил меёфтааст? Чун ба қонунҳои мубориза бар зидди омилҳои коррупсионӣ дида медӯзӣ, ҳайрон мемонӣ. Эҳсос мешавад, ки ин қонунҳо пеш аз ҳама ба муқобили мақомоти прокуратура (ҳокимияти назоратӣ тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ) нигаронида шуда, бархе аз қишрҳои ҷомеъа мақсади суст намудани назорати прокурориро дар ҷомеаи пур аз фасод ва рӯ ба харобӣ овардаи имрӯзаи тоҷик доранд.

Таассуфовар он аст, ки чунин амалҳоро ба КМҶ - и ҶТ низ вобаста ба тағйиру иловаҳо дохил намудаанд. Чунончӣ, дар моддаи 212 - и КМҶ - и ҶТ аз ҳисоби тағйироту иловаҳо ба он аз санаи 12-уми майи соли 2007-ум омадааст:  

«Бо мақсади таъмин намудани тафтишоти хело пурра ва объективона ҳар як корро аз органи таҳқиқи ибтидоӣ гирифта ба муфаттиш медиҳад, корро аз як органи тафтиши пешакӣ гирифта ба дигараш, инчунин аз як муфаттиш гирифта ба муфаттиши дигар месупорад, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятие, ки дар қисми ҳафтуми моддаи 122 - и КМҶ-и ҶТ пешбинӣ гардидаанд».

Оё ин амал магар нишонаи маҳдуд намудани ҳаққу ҳуқуқҳои прокурор нисбати назорати прокурорӣ ва дар ин асос мухолифи Конститутсияи кишвар вобаста ба ҷой ва мавқеъи прокуратура нест? Оё хубтараш ин набуд,тафтишоти пешакиро бо парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионӣ дошта бо мақсади объективияти кор ва ҳалли саривақтии он ба муфаттишони мақомоти милиса ва амният низ прокурор вогузор карда метавонист?

Дар ин росто тағйиротҳо аз санаи 12-уми майи соли 2007-ум «Оид ба қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ» нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар моддаи 5-и ин қонун аз сархати нӯҳуми қисми 1-уми ин модда калимаи «коррупсия» - оиди самти асосии фаъолияти мақомоти прокуратура хориҷ карда шудааст. Ҷанобон, оё ин омил муқобили Конститутсия нест магар? Оё ин санадҳои ҳуқуқӣ пояи шохаи назорати прокурорӣ - назорати асосӣ ва олии давлатро дар кишвар барҳам намезананд? 

Дар тамоми ҷаҳон муборизи аслии зидди коррупсия ин мақомоти прокуратура ва «ҳокимияти назорати прокурорист» (ба ёд биёред прокурори Ситсиля ҷаноби Катаниро, ки дар кино нақши пулисро бозидааст, вале дар зиндагӣ ӯ прокурори бузург, муборизи шӯълавари зидди коррупсия ва коррупсионерон буд ва ҷони худро дар мубориза бар зидди ин вабои ҷомеъа ҳамроҳи ҳамсараш дар роҳи адолат ва демократия курбон намуд).

Сари масъалаи мухолифати ин қонунҳо зиёд наистода, ба тағйиротҳои охирин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон «Дар бораи мақомоти прокуратура» дида медӯзем. Тибқи муҳокимарониҳои вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30-юми апрели соли 2009-ум ба моддаи 58 - и Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ» ба таври зайл тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд: “Директори Агентии НДМ бар зидди коррупсия ҳуқуқ дорад, ки нисбати кормандони мақомоти прокуратура кори ҷиноятӣ оғоз намояд”.

Ҳамзамон гӯё ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқии кормандони Агентӣ, дар қисми 11, моддаи 31-и Қонуни амалкунанда дар бораи Агентӣ чунин ҷумла илова карда шудааст: «Нисбати кормандони Агентӣ, ки маводҳо нисбаташон рад карда шудаанд, кормандони таҳқиқ, тафтишот ва прокуратура метавонад, ки ба суд барои бекор намудани он муроҷиат намоянд». 

Аҷоибии кор дар он аст, ки кормандони Агентӣ нисбати кормандони прокуратура - (мақомоти олии назоратӣ) кори ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиш мебарад, лекин дар ин ҳолат прокурор ҳуқуқи оғози кори ҷиноятиро нисбати ин мақомоти «сунъисохт» надорад. Канӣ мантиқ, оё бо ин корамон мо теша бар решаи яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ (мақомоти назорати прокурорӣ) намезанем? 

Бо масъулияти том мегӯям, ки бо роҳи суст кардани ҳуқуқҳои прокуратураву додани ваколатҳояш ба таври ғайриқонунӣ ба мақомоти мазкур теша ба решаи давлатдории худ зада истодаем.

Воқеъан агар қонундонҳои мо мехостанд ин хоҳишҳои худро дуруст қонунӣ намоянд, пас бояд моддаи 93-и Конститутсияи ҶТ-ро бознигарӣ намуда, ба он ибораи «мақомоти назоратии ваколаташ маҳдудро» илова намуда, баъди гузаронидани райъпурсӣ ва гирифтани розигии халқ ба чунин кор даст мезаданд.

Дар мақолаҳои худ, аз ҷумла дар мақолаи «Прокуратура ва диктатураи қонун» дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (шумораҳои 13, 20, 27 дар моҳи октябри соли 2008- ум) қайд карда будам ва ҳоло низ қайд мекунам, ки агар ҳукумати феълии кишвар мехоҳад воқеан аз ботлоқи фасодии дар ҷомеаи кишвар ба вуҷуд омада берун равад, пас беҳтарин кор дар ин роҳ тақвият бахшидани диктатураи беҳудудии қонун дар ҷомеа аст. Диктатураи қонунро бошад, дар ҳамбастагии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо роҳбарии прокуратура метавон рӯи об баровард. 

Аз ин рӯ, дар шароити феълии гузариш аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигараш беҳтарин василаи ин кор дар барқарор намудани «институти назорати олӣ» дар фаъолияти мақомоти прокуратура аст. Маҳз назорати пурзӯри прокурорӣ имконияти пешгирии тамоми ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсиониро дар ҷомеа дорад.

Дар ин росто ба амалҳои Президенти РФ Д.Медведев ва сарвазири он В.Путин нигаристани ҳуқуқшиносону зиёиёни тоҷик хуб аст. Тибқи шарҳи Д. Медведев дар Русия ҳуқуқҳои зиёди давраи шӯравии прокуратура барқарор карда мешавад, зеро «судҳои модели аврупоӣ» аз проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқии меҳнатӣ, шаҳрвандӣ дар РФ набаромада, иттифоқҳои касабаи Русия хостори барқарор намудани ҳуқуқҳои мақомоти прокуратура гаштааст.  

Фаъолияти бузурги мақомоти прокуратураи Русия шоистаи омӯзиш аст. Ба ёд биёред, чӣ тавр прокурори вилояти Волгоград мири шаҳри Волгоградро, ки шояд даромади ду-се корхонаи калони мошинсозияш аз кишвари мо бузургтар аст, барои амалҳои тороҷгарӣ, қасрсозияш, порахӯрияш ба ҳабс гирифта, паси панҷара бурд. Ё ба хотир биёред губернатори вилояти Перм ё Челябинскро (аниқаш аз ёдам рафтааст), ки телевизиони РТР манзараи ба ҳабс гирифтани ӯро аз тарафи прокурори яке аз ин вилоятҳо ва ба дасташ ишкел заданро нишон дод. 

Хотиррасон менамоям, ки ин вилоятхо бо саноати басо тараққикардаи вазнин ва саноати ҳарбияшон аз кишвари мо даҳҳо маротиба бӯҷаашон зиёд аст. Дар ин кишвар доиман роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аз тарафи мақомоти прокуратура ба ҳабс гирифта шуда, нисбаташон корҳои ҷиноятӣ оғоз гашта, ба зиндон«роҳхат» гирифта, озими он мешаванд. Аз ин рӯ, миллиардерҳое чун Абрамович ва Березовский бо доштани миллиардҳо доллар, ки дороияшон дар сатҳи ҷаҳонист, аз сояи мақомоти прокуратураи русӣ метарсанд!

Дар ин кишвар пеш аз ҳама мисли даврони шӯравӣ прокуратура-прокуратура аст ва такмилу қувватбахшии он аз тарафи ҳукуматдорони вақт давом дорад. Аз ҷумла, дар давраи роҳбарии Путин дар таркиби Прокуратураи РФ (мафҳуми прокуратураи генералӣ нодуруст аст, зеро тибқи конститутсияҳо чунин мақомот вуҷуд надошта, танҳо вазифаи прокурори генералӣ вуҷуд дорад, ба ёд биёред прокуратураи СССР ва прокурори генералии онро), раёсати назорат оид ба иҷроиши қонунҳо дар воҳидҳои маъмурӣ-губернияҳо, ҷумҳуриҳо, шаҳру ноҳияҳо ташкил ёфта, ба ин васила фаъолияти губернаторон, президентҳои ҷумҳуриҳои дохилӣ, мирҳои шаҳру ноҳияҳо зери назорати сахти прокурорӣ қарор гирифтааст ,фикр мекунам, ки ин таҷриба дар роҳи мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвари мо низ боиси дастгирӣ хоҳад гашт.

Фаромӯш набояд кард, ки демократия - ин пеш аз ҳама диктатураи қонун аст ва ин диктатураи қонунро танҳо метавон бо назорати сахти прокурорӣ рӯи об баровард, вагарна ислоҳоти системаи судӣ дар ин кишвари шарқии капитализмро надидаи мо бо рӯҳия ва гуфтори феодалӣ ва сосиалистии мо аз як фиреби назар беш нест. Дар ин асос мақомоти прокуратурии кишвар ба як ислоҳоти сахти кадрӣ ва ҷобаҷогузорӣ, интихоби дурусти кадрҳо аз қишри «қашшоқи ҷомеа» ниёз дошта, ҳатман интихоби кадрҳои беҳтарини миллат бояд бидуни ҷои таваллуд, махалла, гузари «санги сиёҳӣ ва санги сафедӣ» сурат гирад. 

Кӯшиш бояд намуд, ки мутахассисони асил, донандаи кори хеш, зиёиёни асил ва ҷаҳонбинии васеъ дошта ба вазифаҳои мустақили прокурорӣ таъин гарданд. Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи прокурорӣ ин пеш аз ҳама дипломатияи ҳуқуқӣ, сиёсат ва масъулият буда, прокурори ноҳия бо донишу муносибаташ шукӯҳу шаҳомати давлатро дар байни оммаи халқ ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ, интихоби прокурорҳо бояд қатъан дар доираи касбият, саводу малака, интизому муносибат бидуни ибораи «ин кист, куҷоист?» сурат бигирад. 

Кӯшиш бояд кард, ки ба ин мақомот фарзандони халқи оддӣ (агар чунин шахсон дар ҳақиқат факултаи ҳуқуқшиносиро дар ин давраи номардии таърих хатм намуда бошанд ва оё чунинҳо ҳастанд?) ба кор қабул карда шаванд. Зеро маҳз ин қишри ҷомеъа ҳимоягари ин ватан ва ин миллат, бидуни дороӣ ва манфиати шахсӣ хоҳад буд. Қабули ба ном фарзандони сарватманд (сабабҳои сарватмандии ин гуна шахсон дар қафомондатарин ва камбағалтарин кишвари қораи Осиё –Тоҷикистон ва ғуломтарин миллати собиқ СССР - тоҷик то ҳанӯз омӯхта нашудааст), барои пешравии ин миллату давлат бо автомашинаҳои гароннарх, қасру кушкҳои аз ашки миллати тоҷик бунёдёфта аминам, ки заррае ба кор нахохад рафт, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин ашхос дар бисёр ҳолатҳо дониши казоӣ надошта, завқе ба кор низ надоранд. 

Дар раванди мубориза бо коррупсия бояд масъалаи қабули донишҷӯён аз қишри бепул, вале босавод бознигорӣ гардад, зеро ба шарофати коррупсия аклҳои бузурги худро рӯи об бароварда натавониста истодаем. Дар ин раванд набояд фаромӯш кард, ки яроқи бузурги мубориза алайҳи фасодии ҷомеъа ин раванди демократикунонии ҷомеъа, баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳ гаштани зиндагии шаҳрвандон буда, дар ин асос иниститутҳои ошкорбаёнӣ, иниститутҳо, ҳизбҳои сиёсӣ бояд рушду нумӯъ ёбанд, вагарна бе пешравии онҳо қонунҳо рӯи қоғаз монда, миллати мо аз дигар миллатҳои пешрафта аз рӯи савияи ҷаҳонбинӣ ва фикрронияш тамоман ақиб хоҳад монд. Ин амал бошад бузургтарин хатар барои бақои миллат хохад буд!

Дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс»зимни пурсиши рӯзноманигорон бархе аз зиёиён ба омӯзиши илмии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи ин мақомот назар андӯхтаанд. Ба маълумоти ҳамагон мерасонам, ки замони шӯравӣ чунин институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди прокуратура ва ВКД-и СССР амал намуда, дар онҳо прокурор-милисаҳои асил ба корҳои зиёди илмӣ машғул буданд. Чунин пажӯҳишгоҳҳо бояд дар кишвари соҳибистиқлоли мо барвақт дар назди прокуратура ва ВКД-и ҶТ ташкил карда мешуд. Таъсиси ин гуна пажӯҳишгоҳҳо дар ҳайати Прокуратураи ҶТ ба ВКД-и он ба манфиати миллат хохад буд. (ин кори зарурӣ дар собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ барвақт ба амал оварда шуда, ҷамъияти ҳуқуқшиносони тоҷик сари ин масъала мутаассифона дар хоби гарон карор доранд).

Дар ҳолате, ки кишварҳои гирду атроф босуръат тараққӣ намуда истодаанд (ҳатто Афғонистон низ) ва ба шарофати коррупсияи дохилӣ бо ҷанбаҳои маҳаллӣ дар кишвари азизамон ислоҳотҳои бузурги кишоварзи ва хусусигардонии амвол барои миллату давлат фоидаи лозимае надод, бояд ва ҳатман муборизаи зидди коррупсия ҷиддӣ шавад. 

Назорати прокурорӣ дар ин замина пурзӯр гашта, сиёсати кадрӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо хуб ба роҳ монда шуда, ақлҳои миллат бояд рӯи кор оварда шаванд, вагарна «омилҳои коррупсионии бемиллат» бо разведкаи иқтисодии кишварҳои хориҷа, ки бо ҳар восита роҳҳоро банд карда, барои пешравии диёрамон монеъаи сунъӣ ба вуҷуд меоваранд, ин миллату ин давлатро ба зону хоҳанд шинонд.т Аз ин бешарафии ҷанбаи маҳалгароии зиддимиллӣ дошта худоё миллату давлати моро нигаҳдор бошад!

Варқа ЗАЙНИДДИНОВ, 
ҳуқуқшинос, узви ИЖТ, 
ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi