01:01:20 03-уми Июни 2025 сол

ДУСАД ҲАЗОР КӮДАКИ АРОБАКАШУ МОШИНШӮ

Ҳудуди 200 ҳазор кӯдаку наврас дар Тоҷикистон ба хотири таъмини хонаводаи худ маҷбуранд, ки ба ҳаммолӣ, мошиншӯӣ ва аробакашӣ машғул шаванд. Ин оморро Созмони ҷаҳонии кор ҳамроҳ бо шаш барномаву созмонҳои дохилии  Тоҷикистон дар як таҳқиқоти фарогир   ироъа кардааст.

arobakash_bachaho01012.jpgНамояндаи Созмони Ҷаҳонии кор Ситора Шоҳкмолова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин масъаларо тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар назар дорад, ба хотири коҳиши мизони истифода аз нерӯи  хурдсолону наврасон як таҳқиқоти муштарак бо Маркази стратегии назди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад. Ба қавли Ситора Шоҳкамолова, дар Тоҷикистон дар саҳроҳои кишту кор ва дар хонаҳо бо ҳар навъе кӯдаконро истифода мекунанд, ки дар ниҳоят аз таҳсилу мактаб дур шаванд  ва дар баробари таъини сарнавишти худ лол монанд.

Расул Шоҷонов, талабаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки агар супориши модараш ва ё падарашро иҷро накунад, ҳатман бо зӯр маҷбураш мекунанд: «Агар ман гапи модарамро гӯш накунаму кори фармудаи ӯро иҷро анкунам бо сим бо ҷорӯб бо кафш мезанаду маҷбурам мекунад».

Алишер Фаромузов, мудири Маркази таҳлилии Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Тоҷикисон мегӯяд ки  таи ду сол аст, ки бо пуштибонии Созмони ҷаҳонии кор, дар назди маркази таҳлили онҳо бахши бозорасӣ ё худ монитронги истифода аз кори кӯдакон фаъол аст. Вай меафзояд, ки дар ин замина ба чанд масъалаи марбут ба хурдсолон таҳқиқот пеш мебурдем ва ҳамзамон бо волидони хурдсолон ҳамкорӣ мекардаанд

«Мо бо масъалаи наврасонеро, ки дар бозорҳо бо боркашонию сеткакашӣ ва бо моиншӯӣ машғул буданд ва аз мактабҳо фирор кардаанд назорат мекардем. Ва ҳатто мувафақ шудем, ки дар соли 2011 наздики 12 нафароро ба мактабҳо баргардонем, ки аз инҳо 5 нафарашонро ба макатаб интернет супоридем».

Вазъи сангини иҷтимоии хонаводаҳо, набуди ҷои кори муносиб, маоши ночиз, водор мекунад, ки падару модар аз нерӯи наврасҳо истифод кунанд. Ва ин истифодаз нерӯи кор дар баъзе ҳолатҳо хурдсолонро водор месозад, ки ба дузқию ғорат даст зананад ва дар поёни рӯз бо дасти холӣ ба хона наёоянд.

Ҷамшед, як хурдсол нақл мекунад, ки дар бозор бо ҳамсолони дигараш вохӯрд, ки роҳи оснтари ба даст овардани пулу чизҳоро роҳнамоӣ мекарданд: «Бачаҳои калонсол буданд, гуфтанд, ки биё дуздӣ равем, ман розӣ шудам, рафтем сумкаи як кампира дуздидем. Ноноша гирифтему хӯрдем, дигар чизҳояша гирифтем».

Дар ҳамин ҳол, мудири мактаби махсуси душвортарбияи шаҳри Душанбе Намозхон Бобиев мегуяд, дар соли равон шумораи талабагоне, ки аз кӯчаҳо оварда шудаанд, бештар шудааст. Ба қавли Бобоев аксри инҳо хурдсолоне мебошанд, ки бинобар ниёзмандиҳои хонаводаҳо иҷборӣ ба кори сиёҳ ҷалб карда шудаанд:

«Дар соли 2011 теъдоди хонандаҳои мо аллакай аз 35 ба шам нафар расидааст. Ба бозорҳо меравед, ҳатто дар шаб 100 нафар бештар аз он дар бозорҳо хобидаанд. Бепарвоии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам боиси афзоиши кӯдаконе шудаанд, ки дар бозорҳо худро задаанд».

Созмони ҷаҳонии кор бо нашри гузориши ҷадиди таҳти шиори коҳиши ҳатмии истифода аз нерӯи хурдсолон маълум мекунад, ки дар миёни 215 миллион наврасу хурдсоле, ки ба корҳои мухталифи сиёҳ ҷалб шудаанд, 115 милиони онҳо ба корҳои хатарнок машғуланд.

53 миллион хурдсоле, ки бо кори хатарнок машғулан аз 5 то 14 сола мебошанд. 62 миилиони боқимонда аз синни 14 то 15 сол доранд. Созмони ҷаҳонии кор таъкид мекунад, ки истифода аз нерӯи  хурдсолону наврасон дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонии онҳо мегардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854