00:49:21 03-уми Июни 2025 сол

МАНЪИ ФУРӮШИ БОЗИИ "OPERATION FLASHPOINT" ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон фурӯши бозиҳои компютерии "Operation Flashpoint: Red River" мамнӯъ шудааст. Бозии комютерии мавсум ба “Operation Flashpoint: Red River” дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом гардида ва дискҳои он аз дуконҳои фурӯши диску коссетҳо мусодира шудааст. Дар ин бозӣ, ки дар моҳи апрел ба бозор арза шуд, маҳалли даргириҳои нерӯҳои дарёии Омрико бо ифротгароёни мазҳабӣ кӯҳистони Тоҷикистон интихоб шудааст.

game30411.jpgТибқи сенориёи бозӣ, дар соли 2013 ҷанги шадиде миёни шӯришиёни афғон ва сарбозони омрикоӣ сурат мегирад ва баъдан даргириҳо ба қаламрави Тоҷикистон мекӯчад. Омрикоиҳо барои муқобала бо шӯришиён вориди Тоҷикистон мешаванд, вале дар ин замон артиши кумунистии Чин ҳам ба ҷанг мепайвандад. Ин бозии компютерӣ, ки тавлиди ширкати бритониёии “Codemasters” аст, дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон бо номи “Тоҷикистон 2013” муъаррифӣ ва таблиғ шудааст.

Давлаталӣ Давлатзода, намояндаи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагони порлумони ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 15 июн дар ҷаласаи порлумон ин бозии компютериро “навъе иғво ва тавтеъаи хасмона алайҳи Тоҷикистон” унвон кард ва хостори мамнӯъияти фурӯши он шуд.

davaltzoda30444.jpgОқои Давлатзода дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар паси ин тавтеъа кишварҳои абарқудрате қарор доранд, ки мехоҳанд ба раванди сулҳу субот дар Тоҷикистон халал ворид кунанд. Аммо ӯ аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурд. Гуфта мешавад бозии компютерии "Operation Flashpoint: Red River" дар моҳи гузашта ба фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон ворид шуда ва муштариёни зиёде онро харидорӣ кардаанд.

Ман низ барои пайдо кардани ин бозӣ ба бархе аз дуконҳо ва фурӯшгоҳҳо дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сар задам. Масъулони мағозаи мавсум ба “Горбушка”, воқеъ дар наздики Фурӯшгоҳи марказии пойтахт, ки маъмулан муаддаб ва хушмуъомила ҳастанд, пас аз шунидани номи ин бозӣ бо асабоният гуфтанд, ки чунин диске аслан ба фурӯш гузошта нашудааст.

Сипас, онҳо аз идомаи сӯҳбат дар ин мавзӯъ имтиноъ ҷуста ва таъкид карданд, ки дар бораи мӯҳтавои ин бозии компютерӣ иттилоъе надоранд. Дар ҳамин ҳол, як корманди ҷавони ин мағоза, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки дар моҳи гузашта бозии компютерии “Тоҷикистон 2013” ба фурӯшгоҳ ворид шуда, вале дар ҳафтаи гузашта фурӯши он мамнӯъ ва дискҳо мусодира шудаанд.

Хайриддин Зайниддинов, раиси шикрати давлатии синемо ва видиюи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 17 июн дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин иттилоъро таъйид кард. Вай гуфт: "Ба далели хусусияти иғвоангез доштанаш бозии “Тоҷикистон 2013” аз ҷониби кормандони ниҳодҳои амниятӣ аз куллияи мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳои кишвар мусодира шудааст.”

Ба гуфтаи оқои Зайниддинов, ин бозии компютерӣ дар шаҳри Қазони Русия ба забонҳои русӣ ва инглисӣ омода шуда ва ба таври қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Қаблан мақомот дар ноҳияи Ҳисор ва сипас дар вилояти Хатлон ҷаласаҳое баргузор карда ва мавзӯъи мусодираи дискҳои ин бозии компютериро бо намояндагони маҳаллӣ баррасӣ кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854