01:10:50 03-уми Июни 2025 сол

ТАЛОШИ БОЗГАРДОНИ ЭЪТИМОД БА БОНКҲО

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи «Қонуни суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро қабул намуд. Ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба порлумон пешниҳод шуда буд.

mubodila-5454545.jpgШариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин қонун дар порлумон гуфт, ки бар асоси он Бунёди пасандозҳо таъсис мешавад, ки ҳамаи бонкҳои кишвар ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба сурати ҳатмӣ муассиси ин бунёд хоҳанд буд. Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадафи аслии таъсиси ин бунёд ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандон аз ҳар гуна пайомади бӯҳронҳои молӣ ва иқтисодист. Бунёди мазкур ҳаққи гирифтани қарз аз ҳукумати Тоҷикистонро низ дорад.

Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, як ҳадафи дигари қонун ҷалби муштариён ва шаҳрвандон ба гузоштани сармояҳои худ дар бонкҳо ва бештар намудани эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон аст. Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир маблағҳои умумии шаҳрвандон, ки дар бонкҳои дохилӣ нигаҳдорӣ мешавад, ҳудуди 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ва қонуни мазкур ин сармояҳои мардумро аз беқурбшавӣ нигаҳ медорад.

Аммо дар сурати беқурбшавии пул баҳраи он пардохт хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Талбаков, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1,5 то 2 миллиард доллари шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 138 муассисаи қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонк ва 124 созмони молии ғайрибонкӣ фаъолият мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854