13:46:19 09-уми Июни 2025 сол

ДОДХОҲИИ СОКИНОНИ ЗАРКАМАР АЗ РАИСИҶУМҲУР

Сокинони деҳаи Заркамари Файзобод дар робита ба тахриб шудани як манзил дар ин деҳа аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ба раисиҷумҳур шикоят овардаанд.

Субҳи имрӯз, 3-юми август, беш аз 10 нафар сокинони ин деҳа, аз ҷумла чор нафар собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ ва занон, бо як номаи шикоятӣ ба дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон омаданд. Ба гуфтаи онҳо, манзили як хонаводаи серфарзанди деҳаи Заркамар бар асоси фармони шифоҳии додситони собиқи ноҳияи Файзобод бо далели он, ки ин манзил дар сари роҳ бунёд шудааст, хароб гардидааст. Вале додситони нави Файзобод ва раиси ин ноҳия гуфтаанд, ки ин амал бидуни иҷозати онҳо ва ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. 

Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода, ки дар ҳоли ҳозир ҳамроҳ бо кӯдаконаш дар ҳамин ҳавлӣ ба сар мебарад, дар бораи ҳодиса ва зиндагии сангини худ гуфт, манзили ӯ аз сӯи мақомот бо як шеваи бераҳмона хароб шудааст ва худи ӯ мавриди латтукӯб қарор гирифтааст.

Файзулло Фозилов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод ва шоҳиди ин ҳодиса, гуфт, манзили Гулрӯ Ибодова бидуни огоҳӣ хароб карда шудааст ва ашёву анҷоми хонааш зери хок мондааст.

Баъд аз ин ҳодиса раёсати ноҳияи Файзобод ба Гулрӯ Ибодова иҷозаи барқарор кардани манзилашро додааст, вале ӯ мегӯяд, барои дубора бунёд кардани хонаи худ тавони молӣ надорад. Вай интизор дорад, ки бо мусоидати дафтари раёсати ҷумхури Тоҷикистон хукумати ноҳия ба мушкили ӯ расидагӣ кунад.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Заркамар, онҳо бори дуввум аст, ки ба дастгоҳи раёсатҷумҳури кишвар дар робита ба ин ҳодиса шикоят овардаанд. Дар шуъбаи қабули мактубҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ номаи дуввуми шикоятии онҳоро сабти ном кардаанд ва ба қавли эътирозгарон, ваъда дода шудааст, ки ба ин масъала расидагӣ хоҳанд кард.

Расули Шодон, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854