13:39:54 01-уми Июли 2025 сол

ҒАРҚИ ҲАФТОДУ ПАНҶ НАФАР ДАР СОЛИ ҶОРӢ

Дар зарфи ду ҳафтаи ахир дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон 15 мавриди ғарқ шудани шаҳрвандон сабт шудааст. Бад ин тартиб, теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари ғарқшавӣ дар соли ҷорӣ ба 78 нафар расидааст, ин рақам дар муқоиса ба нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта дуву ним баробар афзоишро нишон медиҳад.

/images/stories/2011/07/19_gharq-shuda-2333.jpgЖенерол Ҳайбулло Латифов, раиси Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19 июл, дар нишасти хабарӣ, далели ин ҳодисаро ба оббозӣ дар манотиқи мамнӯъ, бахусус, дар рудхонаю кӯлҳое, ки нуқтаҳои наҷот вуҷуд надорад, марбут хонд. Ба гуфтаи оқои Латифов, дар минтақаи Варзоб, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ фаъол ҳастанд, мавориди ғарқшавӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Мавориди ғарқшавӣ умдатан дар рӯдхонаи Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон ва каналу кӯлҳо дар вилояти Хатлону ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст. Аз сӯйи дигар, раиси Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон таъкид кард, ки гармои шадид сокинон, бахусус, кӯдаконро водор кардааст, то барои оббозӣ аз ҳама гуна манобеъи об истифода кунанд.

Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон низ гармои соли ҷориро дар даҳ соли ахир бесобиқа хонданд. Ҷамила Байдуллоева, як тан аз масъулони ин марказ ба Би-би-сӣ гуфт, дамои мутавассити ҳаво дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар водиҳо то 1,5 дараҷа ва дар вилояти Бадахшон то 3 дараҷа боло рафтааст.

Гуфта мешавад, дар моҳи ҷорӣ дамои ҳаво дар вилояти Хатлон то ба 44 дараҷа ва дар вилояти Бадахшон аз 35 то ба 40 дараҷа расидааст. Ба гуфтаи хонуми Байдуллоева, дар моҳи гузашта дамои ҳаво дар ноҳияи Ванҷ, дар вилояти Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ба 38 дараҷа расида ва дар натиҷа, хатари об шудани пиряхи Хирс (Медвежий) ва ҷорӣ шудани сел ба миён омадааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари гармои шадид дар соли 1973 дар пиряхи Хирс рахна ба вуҷуд омада ва дар ин минтақа кӯли маснӯъи пайдо шуд. Сипас, ин кӯл сарозер шуда милюнҳо метри мураббаъ об ба рӯдхонаи Абдукагори ин ноҳия ва аз тариқи он ба рудхонаи Панҷ сарозер шуда, ба ноҳияи Ванҷ ва навоҳии поёноби рудхонаи Панҷ хисороти ҷиддии иқтисодӣ ворид карда буд.

Ҷамила Байдуллоева гуфт, ки дамои ҳаворо дар як моҳи оянда пешгӯйӣ кардан душвор аст, аммо аломатҳои кунунии дамои ҳаво ҳокист, ки дар моҳи оянда низ гармои шадид боқӣ хоҳад монд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи хонуми Байдуллоева, мизони борандагӣ низ дар соли ҷорӣ кам буда ва ҳоло ба Тоҷикистон хатари такрор шудани хушксолии солҳои 2000 ва 2001 таҳдид мекунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ