12:48:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ЗАРИФ ШАРИФОВ: МУШКИЛОТИ ОМӮЗГОР

 

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ҳамчун яке аз таълимгоҳҳои бонуфуз ва тарбиятгари рӯҳи инсон аз маъракаи тақдирсоз барои ҷавонон берун нест. Раёсати донишгоҳ тамоми чораҳоро меандешад, ки қабули имсола дар сатҳи баланд гузарад. Доир ба масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия ва рафти қабули имсола сӯҳбати рӯзноманигор Н.БОЗОРЗОДА бо сарвари Донишгоҳ, профессор Зариф Шарифов пешкаши хонандагон мегардад.

- Мӯҳтарам Зариф Раҳмонович, баъди раиси Донишгоҳ таъйин шуданатон корро аз чӣ оғоз кардед?

- Дар ибтидо мехостам ифтихор аз он намоям, ки раиси чунин Донишгоҳи мӯътабар ва куҳансоли Тоҷикистон таъйин гардидам. Донишгоҳи омӯзгорӣ яке аз махзанҳои асосии илму фарҳанг ва тайёр намудани мутахассисони варзида дар ҷумҳурӣ мебошад.

Баъд аз раиси Донишгоҳ таъйин гардидан, аввалан, бо вазъи донишгоҳ ошно гардида, масъалаҳои ҳалталаби онро омӯхта, сипас, тибқи ҷадвали мураттабшуда дар алоҳидагӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни 12 факултет вохӯрӣ гузаронидам. Ба ин восита бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, аз пайи ислоҳи камбудиҳою норасоиҳои ҷойдошта гардида, дар назди худ ва раёсати донишгоҳ вазифаҳои нав ба миён гузоштам. Вазифаи муҳим ва асосӣ дар донишгоҳ тибқи супоришу дархостҳои Сарвари давлат ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим муқаррар гардид.  

- Аз кору пайкори раисони пештараи Донишгоҳ кадом амал идома ёфт ва кадом қатъ гардид?

- Ҳарчанд пештар бевосита дар Донишгоҳ фаъолият надоштам, вале аз коргузорӣ ва фаъолияти раисони пешина хуб бохабар будам. Азбаски муддати тӯлонӣ дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, дар вазифаҳои масъули ин соҳа ифои вазифа доштам, аз ин рӯ, аз бурду бохт ва мушкилоти соҳа огоҳии хуб дорам. Фикр мекунам, ҳар як раиси пешинаи Донишгоҳ барои болоравӣ, рушд ва инкишофи он саҳми худро гузоштаанд. Онҳо пеш аз ҳама дар пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукумат дар соҳаи маориф саҳм гузоштаанд. Ва вазифаи ман низ, чун раиси Донишгоҳ, пеш аз ҳама, аз ҳамин иборат аст, яъне равнақу ривоҷ ва нумӯи таълимӣ ва илмии донишгоҳ ва баланд бардоштани эътибори Донишгоҳ дар байни дигар донишкадаву донишгоҳҳо. Мо кӯшиш менамоем, ки иқдоми раисони пешинро оид ба рушди Донишгоҳ, мукаммалсозии заминаи моддию техникии он, баланд бардоштани сифати таҳсилот, махсусан дар ҷаҳонишавии раванди таълим идома диҳем.  

- ДДОТ ягона манбаи таъмини макотиби таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои педагогист, вале то ҳол муаллимон намерасанд. Сабаби таъмин набудани мактабҳо бо кадрҳои педагогиро дар чӣ мебинед?

- Дар ҳақиқат, маркази асосии тайёр намудани кадрҳои педагогӣ дар ҷумҳурӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дар панҷ соли охир Донишгоҳ барои макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ зиёда аз 5500 нафар мутахассис тайёр намудааст. Танҳо дар соли 2009 718 нафар шӯъбаи рӯзонаро хатм намуданд ва барои кор дар макотиби таҳсилоти умумӣ роҳхат гирифтанд. 

Инчунин тирамоҳ 1016 нафар донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона баъд аз супоридани имтиҳони давлатӣ донишгоҳро хатм мекунанд. Вале новобаста ба ин то ҳол муаллимон намерасанд. Сабаби пурра таъмин нашудани мактабҳо, ба фикри ман, аз як чанд омил вобастагӣ дорад:

- ба мактаб нарафтани ҳамаи хатмкардагони макотиби олии ҷумҳурӣ; 

- бо сабаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ тарки вазифа намудани муаллимони собиқадор, махсусан рӯ ба муҳоҷирати иқтисодӣ овардани эшон берун аз кишвар; 

- дур шудани мактабу маориф дар маҳалҳо аз мадди назари ҳокимияти маҳалӣ ва пурра ба дӯши мактаб афтидани раванди таъмини мактаб бо омӯзгорон 

- иҷро нагардидани имтиёзҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудааст.  

- Дилсардии омӯзгорон ба кори таълиму тарбия аз назари Шумо дар чист? Оё омӯзгори тоҷик ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шудааст?

- Тарки вазифа намудан, яъне ба мактаб нарафтани омӯзгорон пеш аз ҳама заминаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. Масалан, яке аз омилҳои асосии ба мактаб нарафтани мутахассисони ҷавон маоши кам ва набудани шароити зист мебошад. Алъон шартномаи сетарафа ҷорӣ гардидааст, ки байни Вазорати маориф, донишҷӯ ва ҳокимияти маҳаллӣ баста мешавад. Вале на ҳама вақт шахсони масъули ҳокимияти маҳаллӣ ба он имзо мегузоранд, зеро шартнома ҳокимияти маҳаллиро вазифадор менамояд, ки барои таъмини шароити зисти мутахассисони ҷавон чораҳо андешанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки барои пурра пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сардори давлат дар соҳаи маориф ҷомеа рӯ ба мактаб ва махсусан омӯзгор биёрад. Мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Табиатан баландшавии мақому манзалат боиси афзудани масъулият ва ӯҳдадории омӯзгор мегардад.

- Дар қабули имсола чӣ тағйиротҳо ҷой доранд? Барои сараро аз носара ҷудо намудан чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

- Дар яке аз мусоҳибаҳои пешинаи хеш бо рӯзноманигорон хабар дода будам, ки дар мавриди қабули довталабон ба донишгоҳ дигаргунии ҷиддие ворид нашудааст. Танҳо якчанд ихтисосҳои нав зам гардиданд. Раёсати донишгоҳ, комиссияи қабули он барои шаффоф гузаштани имтиҳонҳои қабул, қабул намудани довталабоне, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, чораҳои мушаххас андешид. 

Имтиҳонҳо дар шакли тестӣ ва навиштани иншо гузаронида мешаванд. Кӯшиш ба он дорем, ки омили инсонӣ ва дахолат ба рафти имтиҳони қабул аз байн бардошта шавад, ба қабули довталабони қобилиятнок ягон кас монеъ шуда натавонад. Боварии комил дорам, ки нафари соҳиби кулбори донишбуда донишҷӯи донишгоҳ мегардад.

- Кадом ихтисосҳои нав ҷорӣ мешаванд?

- Бо назардошти талаботи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав дар донишгоҳ ба миён омад. Аз ин лиҳоз, аз рӯи 9 ихтисоси нав «Таърих-бостоншиносӣ», «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ», «Таълими касбӣ. Энергетика», «Физика. Эҷодиёти техникӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигор», «Забон ва адабиёти тоҷик-алифбои ниёгон», «Таълими касбӣ. Информатика», «Менеҷменти молиявӣ», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ» нақшаҳои таълимӣ таҳия шуда, аз ташхиси Маркази методии ҷумҳуриявии назди Вазорати маориф гузаронида ва пурра тасдиқ кунонида шуданд.

- Ихтисоси рӯзноманигорӣ дар якчанд донишгоҳҳои кишвар мавҷуд аст. Чӣ зарурат пеш омад барои таъсиси ин ихтисос?

- Бале, ихтисоси рӯзноманигорӣ дар дигар донишгоҳҳои кишвар мавҷуд аст. Мақсад аз ҷорӣ намудани ихтисоси рӯзноманигорӣ илова бар ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар он аст, ки аввалан, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик илова ба ихтисоси аслӣ ихтисоси иловагӣ низ пайдо намояд. ӯ метавонад, баробари омӯзгорӣ оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти маҳалу минтақаи хеш дар матбуоти даврӣ хабару мақолаҳо чоп намояд. 

Махсусан, имрӯзҳо бардоштани масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, ба вижа таълиму тарбия ва тавассути ВАУ ба ҷомеа расонидани он зарур аст. Танҳо омӯзгори касбӣ, ки худ мушкилоти муҳими соҳаро медонад, метавонад ин гуна мушкилот ва масъларо ба самъи ҷомеа расонад. Аз тарафи дигар, албатта, омӯзгори эҷодкор, соҳибқалам беҳтар ва хубтар дарс мегӯяд ва шогирд тайёр менамояд.

- Назари Шумо ба сатҳи дониши довталабони имсола ва умуман хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ чист?

- Ба фикри ман, сатҳи дониш, маърифат ва умуман сифати таҳсилот дар макотиби таҳсилоти умумӣ нисбати солҳои пешин хубтар гардидааст. Вале то ба он сатҳу дараҷае, ки рушди имрӯзаи ҷомеа талаб менамояд, ҳоло нарасидааст. Макотиби таҳсилоти умумӣ имрӯз бояд шогирдонеро ба воя расонад, ки соҳиби асосҳои дониш ва ба фанҳои табиатшиносӣ, техника рағбат дошта бошанд, забони давлатӣ ва ягон забони хориҷиро хуб донанд, аз васоити техникӣ, махсусан компютер истифода карда тавонанд. 

Аммо, афсӯс, ки дар байни довталабон ва умуман хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ шахсони соҳиби дониши паст низ кам нестанд. Баъзе аз онҳо, ки тасодуфан ба мактаби олӣ қабул мешаванд, таҳсил карда наметавонанд.

- Кадом роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати донишҷӯён вуҷуд дорад, ки дар ДДОТ аз он кор гирифта мешавад?

- Роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати донишҷӯён гуногун мебошанд. Дар ибтидо мо бояд сатҳи таҳсилотро дар мактаби таҳсилоти умумӣ баланд бардорем, то ки дар мактаби олӣ ба онҳо аз нав тибқи барномаи мактабӣ кор накунем. Дар Донишгоҳ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Донишҷӯён ба китобхона, хониши асарҳои бадеӣ ва таълимӣ ҷалб гардидаанд, толори қироатхонаи донишгоҳ доим пур аз донишҷӯ буданд. Махсусан, тарғиб ва конспекти ҳатмии 5 асари бадеию таълимӣ дар ҳар як нимсола дар байни донишҷӯён натиҷаи хуб дод. 

Ташкил ва истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ки тавассути он донишҷӯён ба шабакаи Интернет пайваст мешаванд ва сари вақт маводи заруриро пайдо менамоянд, дар болоравии сатҳи донишу маърифати донишҷӯён мақоми хоса дорад. Ҳоло дар самти ба китобхонӣ ҷалб намудани донишҷӯён, бедор кардани шавқу завқи хонандагон ба китобхонӣ корҳои зиёдеро бояд анҷом диҳем.

Масъалаи дигар ҳар чӣ бештар донишҷӯёнро бо силлабусҳо, маводи дигари таълимӣ таъмин кардан аст. Дар самти таъмни низоми кредитии таҳсилот бояд қисми таълим, факултетҳо корҳои зиёдеро анҷом диҳанд.

- Дар макотиби олии кишвар, аз ҷумла дар ДДОТ кай аз миқдор ба сифат мегузаранд?

- Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2009 омадааст, додани эътибори ҷиддӣ ба сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мувофиқи талаботи пешрафти ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва умуман тамоми зинаҳои таҳсилотро зарур аст, ки баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони замонавиро вазифаи асосии худ донанд ва барои он тамоми имкониятҳоро истифода намуда, шароити зарурӣ фароҳам оранд.

- Аз назари Шумо, оё маълумоти олӣ гирифтани ҳама шарт аст? Маълумоти олӣ муҳим аст ё ҳунар?

- Соҳиби маълумоти олӣ гардидан, мутахассиси ягон соҳа будан ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад. Зиёд будани соҳибмаълумотҳо, мутахассисони касбӣ барои берун кашидани ҷомеа аз ҳар варта ва таъмини инкишофи он, аз байн бурдани ниёзмандӣ ба мутахассисон мусоидат менамояд. Вале дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ баробари таҳсилоти олӣ ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ низ бояд диққат дод. Баробари он омӯзиши ҳунарро метавон аз мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз намуд.

- Назари Шумо ба сарулибос ва одобу ахлоқи донишҷӯйи муосир? Галстук набаста донишҷӯ ё мутахассиси хуб шудан мумкин нест?

- Ба назари ман, одобу ахлоқ ва сарулибоси донишҷӯ солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Махсусан, мо инро дар Донишгоҳи омӯзгорӣ бештар мушоҳида менамоем. Аммо бояд гуфт, ки одобу ахлоқи донишҷӯ ва тартиби либоспӯшии ӯ танҳо аз донишгоҳ вобаста нест. Ин ҷо таъсири ҷомеа, тарбияи оила ва ҳатто муносибати волидайн ба фарзандон мақоми муҳим дорад. Бисёрии донишҷӯён қоидаҳои оддитарини либоспӯшӣ, муносибат дар ҷойҳои ҷамъиятиро намедонанд, зеро дар оила инро намеомӯзонанд. Барои ҳамин, агар дар донишгоҳ ва умуман макотиби олӣ каме гузашт ва ё озодӣ диҳанд, боз ба сатҳи аввала бозмегарданд. Пӯшидани либос низ ифодакунандаи сатҳи фарҳанг аст.  

- Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кадом сатҳ қарор дорад ва он чӣ натиҷа медиҳад?

- Таҷрибаомӯзӣ як қисмати асосии раванди таълим мебошад. Барои ҳамин раёсати донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳад. Алъон танҳо донишҷӯёни соли 4-уми донишгоҳ зери назорати устодон ва методистон ба таҷрибаомӯзӣ мебароянд. Барои таҷрибаомӯзӣ мактабҳои беҳтарини таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе интихоб мешаванд. Албатта, раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо аз натоиҷи таҷрибаомӯзӣ пурра қаноатманд нестанд. 

Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба сифати таҷрибаомӯзӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Махсусан, раёсати донишгоҳ чанд сол аст, ки барои донишҷӯёни факултети романию - геарманӣ бо мушкилот мактаб пайдо менамояд. Дар шаҳри Душанбе шумораи мактабҳое, ки ба омӯзиши забонҳои олмонию фаронсавӣ машғул мебошанд, ниҳоят кам ҳастанд. Донишҷӯёни соли 5-ум, чи хеле ки ба Шумо маълум аст, чанд соли охир дар таҷрибаомӯзии дарозмуддат мебошанд.

- Оё маоши устодони ДДОТ кифоякунанда аст? Як баст сарбории устодон (ассистент, дотсент, профессор) чанд сомонӣ муайян шудааст?

- Бояд иқрор шавем, ки аз он маоше, ки устодони Донишгоҳ мегиранд, ман низ қонеъ нестам. Барои ҳамин раёсати Донишгоҳ кӯшиш дорад, ки аз ҳисоби захираҳои дохилӣ оғози соли таҳсили нав то андозае музди меҳнатро баланд намояд. Алъон як басти кории ассистент, муаллими калон то 250 – 300 сомонӣ, дотсент то 550 сомонӣ ва профессор то 700 сомонӣ муайян шудааст.

-Чаро устоди макотиби олӣ чашм ба ҷайби донишҷӯ медӯзад (барои санҷишу имтиҳон маблағ талаб мекунад) ва умуман ришваситониро решакан кардан мумкин аст? Чӣ гуна?

Тамаъҷӯӣ, чашм ба ҷайби донишҷӯ намудан яке аз ҳодисаҳои нанговари ҷомеа, ба вижа соҳаи маориф аст. Раёсати Доншгоҳ алайҳи чунин падидаи нанговару номатлуб муборизаи шадид мебарад. Ба хотири пурра аз байн бурдан ва роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо усули қабули имтиҳонҳо бе иштироки омӯзгорон ҷорӣ гардид. 

Дар соли таҳсили нав имтиҳонҳои ҷории донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 пурра ба тариқи тестӣ қабул мегардад. Барои пурра решакан намудан ва аз байн бурдани ришваситонӣ чораҳои дастҷамъона ва иқтисодӣ зарур мебошанд.

- Кадоме аз устодони муосири ДДОТ мактаби илмиву педагогии худро доранд? 

- Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ниҳоят шумораи зиёди олимони шинохта машғули фаъолият мебошанд. Дар айни ҳол дар Донишгоҳ зиёда аз 20 нафар доктори илм, 171 нафар номзадони илм кор мекунанд. Махсусан, ман метавонам қайд намоям, ки олимони шинохта И. Обидов, М. Ғаффорова, Ҳ. Пирумшоев, У. Зубайдов, А. Солиев, Б. Раҳимов, М.Гулахмедов, М. Ахмедов ва дигарон соҳиби мактаби педагогиву илмии худ мебошанд.

- Оё Шумо аз сатҳи дониш, малакаву ҳунари ҳайати педагогиву илмии ДДОТ қаноатмандед?

- Чи хеле ки қайд кардем, устодону олимони шинохта ва соҳибунвони соҳиби малакаву ҳунари баланд дар Донишгоҳ кам нестанд. Вале мо бо ин қаноат надорем ва аз байни ҷавонон, онҳое, ки соҳиби қобилият ва дониши хубанд, тавассути ҷалб намудан ба докторантура ва аспирантура ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сафарбар менамоем. Имрӯз дар аспирантураи донишгоҳ 63 нафар машғули таҳсил мебошанд. Ҳамчунин бо роҳи фиристодан ба хориҷи кишвар низ кадрҳои илмиву омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд.

- Назари Шумо доир ба теъдоди макотиби олии кишвар ва тахассусҳое, ки такрор мешаванд?

- Дар ҳақиқат, таъдоди макотиби олии кишвар имрӯз ниҳоят зиёд гардидааст. Дар бисёри онҳо ихтисосҳо такрор мешаванд. Баъзе мактабҳои олӣ бештар он ихтисосҳоро интихоб мекунанд, ки имрӯз бозоргир мебошанд. Талаботи ҷомеа ва ҷумҳурӣ ба инобат гирифа намешавад. Бисёре аз ихтисосҳо ва касбҳо бе талабгор мондаанд. Аз ҷумла, дар Доншгоҳи мо ба ихтисосҳои логопед, сурдопедагогика, олигофреннопедагогика ва монанди онҳо талабгор ниҳоят кам аст. Ҳол он ки ҷумҳурӣ ба ихтисосмандони чунин соҳа ниёз дорад. Равиши инкишофи ҷомеа дар оянда, фикр мекунам, ба теъдоди мактаби олӣ низ тағйирот ворид менамояд.

- Робитаи ДДОТ бо донишгоҳҳои хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Умуман, довталабони хориҷӣ меоянд ва чӣ имтиёз доранд?

- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун аввалин мактаби олии ҷумҳурӣ аз ибтидои таъсисёбии хеш то имрӯз бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар робитаҳои тарафайнӣ дорад. Танҳо дар як соли охир Донишгоҳ бо якчанд мактабҳои олии Федератсияи Русия, Белорусия, Ҷумҳурии Исломии Эрон шартномаҳои ҷадид баст. 

Инчунин дар Донишгоҳ донишҷӯёни зиёде аз хориҷи кишвар, махсусан аз Русия, ӯзбекистон, Қазоқистан, Қирғизистон, Туркманистон, Ирон, Афғонистон, Куриё, Иёолоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил менамоянд. Вақтҳои охир таваҷҷӯҳи шарвандони ҷумҳуриҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон ба Донишгоҳ ниҳоят зиёд гардидааст. Ҳоло зиёда аз 160 нафар пажӯҳандагони иронӣ машғули тадрис мебошанд. 

- Ташаккур, барои сӯҳбати муфассал ва пурмӯҳтаво.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi