19:54:33 16-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ҲАР СЕВВУМИН ШАХС ДАР ҶАҲОН МУБТАЛОИ ВИРУСИ ГЕПОТИТ МЕБОШАД

Имрӯз, 28-уми июл, аввалин маротиба дар ҷаҳон Рӯзи мубориза бо гепотит эълон шудааст. Ба ин муносибат Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (СБҶ) арқомеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он дар рӯи сайёра беш аз ду миллиард одамон гирифтори вируси гепотит мебошанд, хабар медиҳад хабаргузории Gather.

/images/stories/2011/07/28_virus-gepotit_28.07.2011.jpgБо иттилои СБҶ дар ҷаҳон аз бемории вируси гепотит ҳар сол зиёда аз як миллион нафар одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар байни бемориҳои гепотит бемории навъи  гепотити «В» ҷои аввалро ишғол мекунад. Бино ба гузориши СБҶ феълан дар ҷаҳон зиёда аз ду миллиард нафар мубталои ин навъи бемории гепотит ҳастанд. Ин беморӣ пеш аз ҳама аз тариқи хун вориди бадан мешавад. Сӯзандоруҳои олуда ва васоили ҷарроҳии ғайрибеҳдоштӣ низ сабаби афзоиш ёфтани ин касалӣ мегарданд, омадааст дар гузориши СБҶ.

Дар ин гузориш инчунин омадааст, ки бисёре аз беморони сироятшуда аз мубтало шудани худ ба ин беморӣ хабар надоранд. Аз ин рӯ ин созмон аз аз кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки бештар талош дар ташхиси вируси гепотит кунанд.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ даъват мекунад, ба амалӣ кардани чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Дар ҳоли ҳозир аз 193 кишвари аъзои ин Созмон дар 180 кишвари он эмгузаронӣ алайҳи ин беморӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi