16:33:39 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОСИЁИ МАРКАЗӢ- ЧОРРАҲАИ МАНФИАТҲО

Осиёи Марказӣ торафт бештар ба яке аз саҳнаҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ табдил меёбад. Аз як тараф, ин минтақа бо сабаби мавқеи умумии геополитикии худ таваҷҷӯҳи зиёди давлатҳои асосии ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ба худ мекашад. Аз ҷониби дигар, дар ин ҷой таҳдиду хатарҳое ҳастанд, ки метавонанд суботу амнияти минтақаро халалдор намоянд ва кишварҳои минтақа қодир нестанд онҳоро мустақилона аз байн бубаранд.


ДАР ОРЗУИ ЯК ҶУРЪА ОБ

Инак, 1-уми июл маърӯза бо арзёбии хатарҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ пешниҳод гардид. Дар таҳлили вазъият, ки 108 саҳифаро дарбар мегирад, хулоса шудааст, ки дар ин минтақа хатар ба амнияти об, энержӣ ва маводи ғизоӣ рӯ ба афзоиш аст. Хушксолиҳои бисёр ва давомдор боиси пастшавии сатҳи об дар обанборҳо шудааст ва ин дар навбати худ кори мутаассили нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва обёрии заминҳои кишти кишварҳои поёноб - Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистонро халалдор намудааст. 

Соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об барои Осиёи Марказӣ яке аз проблемаҳои ҳассостарин ба шумор меравад. 43 фоизи аҳолии Тоҷикистон бо оби соф дастрасӣ надоранд (ҳарчанд Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои захираҳои обаш фаровон маҳсуб мешавад). Дар Қирғизистон, ки дорои потенсиали калони гидроэнергетикӣ мебошад, дар баъзе вилоятҳо ҳар шабонарӯз то 12 соат қувваи барқро хомӯш мекунанд.

Вазъияти захоири об дар поёнобҳои рӯдҳои Осиёи Марказӣ ҳоло он қадар хуб нест. Агар сабабҳои сунъӣ боиси минбаъд ҳам кам шудани сатҳи об гарданд, ба ақидаи бисёр коршиносон дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ фоҷеаи иқтисодӣ ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Ба фикри мудири лабораторияи пажӯҳишгоҳи микробиологии Академияи улуми ӯзбакистон, академик Машҳура Мавлонӣ, давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд масъалаи обу энержиро бе дахолати кишварҳои дигар ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ҳал намоянд. 

Вале ба андешаи мутахассисони СММ бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин проблема метавонад барои инкишофи инсоният хатари ҷиддӣ орад. Ин дар ҳолест, ки бӯҳрони глобалии иқтисодӣ Осиёи Марказиро низ дар канор нагузоштааст. Ба ақидаи коршиносон, ба мисли дигар ҷойҳо дар Туркманистон ҳам сатҳи талаботи истеъмолӣ поён рафтааст ва бозори дохилӣ низ душвориҳои муайянеро эҳсос мекунад. Тоҷикистон, яке аз қашшоқтарин давлатҳои минтақа, пештар ҳам дар ҳоли табоҳи иқтисодӣ қарор дошт. 

Сабаби он бӯҳрони доимии энержӣ будааст, ки бо сабаби ҷаззобияти инвеститсионӣ надоштани иқтисодиёти кишвар боз ҳам амиқтар гаштааст. Имрӯз, вақте ки бӯҳрон ба кишварҳои истифодабарандаи нерӯи мардикориҳои хориҷӣ низ расидааст, интиқоли маблағҳои шаҳрвандҳои тоҷик, ки аксарияташон дар Русия кор мекунанд, наметавонад бозори молҳо ва хизматрасонии худи дохили мамлакатро самаранок ҳавасманд намояд.

Боз яке аз кишварҳои қашшоқтарини минтақа, ки ба дастгирии беруна ниёз дорад, Қирғизистон аст. Сабаби ин на танҳо набудани захираи нафту газ, балки боз сиёсати бемулоҳизаи раисҷумҳури собиқ Аскар Акаев мебошад, ки гумон карда буд Қирғизистон ба ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ тайёр аст. Узвияти фаврӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат инфраструктураи саноати ватаниро хароб кард ва Қирғизистон қариб ҳамаи он чизеро, ки дар замони шӯравӣ соҳиб шуда буд, аз даст дод.

ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳам проблемаҳои худро доранд, ҳарчанд онҳо оқибатҳои бӯҳронро ба андозаи камтар ҳис кардаанд. Зиёда аз ин сарвари вазорати иқтисодиёти Қазоқистон пешгӯӣ мекунад, ки бо назардошти азхудкунии маблағҳои барномаҳои зиддибӯҳронӣ вазъият беҳбуд меёбад ва дар охири сол рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мумкин аст то як фоизро ташкил диҳад.

Мутаассифона, айни замон ба наздикшавии давлатҳои Осиёи Марказӣ як қатор омилҳо халал мерасонанд. Яке аз онҳо адами боварӣ ба якдигар аст. Бале, созишномаву эъломияҳои давлатӣ вуҷуд доранд, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ кас ба каси дигар боварӣ надорад. Баҳсҳои марзии ҳар сари чанд вақт ба вуҷуд оянда далели ин аст.

Масалан, то ҳол делимитатсияи сарҳадҳои давлатии байни Қирғизистону ӯзбакистон ба анҷом нарасидааст ва дар ин ҷой қитъаҳои зиёди баҳсталаб мавҷуданд, ки онҳоро ҳар ду тараф ҳам марзу буми худ меҳисобанд. Аввали моҳи июн ӯзбакистон ба таври якҷониба ва бидуни огоҳкунию мувофиқа бо ҷониби дигар дар сарҳадҳояш бо Қирғизистон дар вилояти Андиҷон ба сохтмони иншоотҳои инҳисорӣ шурӯъ намуд. Ин кор баъди он, ки рӯзи 26-уми май дар шаҳри Хонободи вилояти Андиҷони ӯзбакистон як силсила амалҳои террористӣ ба вуқӯъ пайвастанд, оғоз гардид. 

Ҳукуматдорони ӯзбак изҳор намуданд, ки террористҳо ба кишвари онҳо аз ҳудуди Қирғизистони ҳамсоя ворид шудаанд, лекин ҷониби муқобил ин хабарро рад кард. Бояд қайд кард, ки байни Бишкеку Тошканд ӯҳдадориҳои шартномавӣ мавҷуданд ва тибқи онҳо "то анҷоми делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои байни Қирғизистону ӯзбакистон ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ҳуқуқи ба амале даст задан ва аз ҷумла ба оғози ягон сохтмон ва ё иншооти инҳисорӣ ҳуқуқ надорад".

Ҳамагӣ чанде пеш муносибатҳои байни ӯзбакистону Туркманистон рӯй ба беҳбудӣ оварданд. Моҳи март байни Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтушунидҳо баргузор шуданд ва дар онҳо ҷонибҳо кӯшиш карданд, ки доир ба баъзе масъалаҳо, аз қабили об, энержӣ ва амнияти минтақавӣ ба ҳусни тафоҳум бирасанд.

ХАТАРҲОИ БЕРУНА

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари аз ҳама бештари берунӣ вазъияти ноороми Афғонистон маҳсуб мешавад, ки дар он ҷой нерӯҳои эътилоф то ҳол натавонистаанд ҳеҷ кадоме аз вазифаҳои дар назди худ гузоштаро иҷро намоянд. Масалан бигирем он далелеро, ки Афғонистон дар ҷаҳон ба бузургтарин маркази истеҳсоли кӯкнор табдил ёфтааст. Дар давоми ҳузури нерӯҳои НАТО дар Афғонистон содироти героин аз ин кишвар ба самти Аврупо бештар аз 40 маротиба афзоиш ёфтааст. 

Қисми асосии кочоқи маводи мухаддир аз тариқи Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад. Аз паҳншавии маводи мухаддири афғонӣ пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия зарар мебинанд. Вазъияти ноороми Афғонистон ба пайдо шудани проблемаҳои ҷиддии дигар дар минтақа мусоидат мекунад. Тиҷорати яроқу аслиҳа, кочоқи молҳо, берун бурдани маблағҳо, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, паҳн шудани бунёдгарони исломӣ ва экстремизм аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар сарҳадҳои дохилӣ ва берунии Иттиҳоди Шӯравии собиқ гузаргоҳҳои зиёди ғайриқонунии муҳоҷирон ба вуҷуд омадаанд. Масалан 90 фоизи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия аз тариқи Қазоқистон меоянд. Русия бо ин кишвар қариб 7 600 км сарҳад дорад, ки амалан кушода аст. Илова бар ин дар як қатор мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дастаҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ фаъол шудаанд. 

Бо фарорасии тобистон, вақте ки ағбаҳои баландкӯҳи Помиру Олой кушода мешаванд, размандагон метавонанд бидуни мамониат сарҳадро убур кунанд ва ба водии Фарғона роҳ ёбанд. Чанде пеш дар шимоли Тоҷикистон 14 нафар узви фаъоли "Ҳизб ут-Таҳрир", ки фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъ аст, боздошт шуданд. 23-юми июн дар наздикиҳои маркази вилоятии ҷанубии Ҷалолободи Қирғизистон хадамоти махсуси Қирғизистону ӯзбакистон амалиётеро доир ба несту нобуд кардани як гурӯҳ террористҳои мусаллаҳи Ҷунбиши исломии ӯзбакистон анҷом доданд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ имконият надоранд, ки бо қувваҳои худ чунин хатарҳои берунаро бартараф намоянд. Ҳамин чиз онҳоро водор месозад, ки бо ин ё он давлат ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои гуногун банданд.

МУБОРИЗА БАРОИ НУФУЗ

ИМА алҳол барои пеш бурдани манофеи худ дар Осиё Осиёи Марказиро яке аз минтақаҳои муҳим медонад. Аз ин рӯ талош дорад, ки ҳузури худро дар ин ҷой мустаҳкамтар намояд. Барои ин вай аз ҳамаи воситаҳо истифода мебарад, аз ҷумла кишварҳои минтақаҳоро ба ҳамкориҳо бо НАТО ҷалб менамояд. Охирҳои моҳи июн Қирғизистон ва ИМА перомуни дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" ташкил кардани Маркази транзитӣ барои дастгирии нерӯҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон созишномаро ба имзо расониданд. 

Бояд қайд кард, ки қисми калони колоҳои амрикоӣ аз тариқи "Манас" интиқол дода мешаванд ва ҳавопаймоҳое, ки дар ҳудуди Афғонистон машғули амалиётанд, сӯзишвориҳои худро аз ҳамин ҷой мегиранд. Роҳбарияти Қирғизистон пештар исрор мекард, ки то 18-уми август пойгоҳ баста шавад, вале Вашингтон ба ҳар ҳол тавонист ин роҳи муҳими транзитиро барояш нигоҳ дорад.

Ҳамкориҳои ҳарбии худро бо ИМА Тоҷикистон ҳам мустаҳкам мекунад. 27-уми апрел Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва офиси амнияти сафорати амрикоӣ дар Душанбе машқеро дар бобати эътино ба амалҳои террористӣ бо иштироки 300 нафар корманди органҳои ҳифзи ҳуқуқ, пиёдагардҳои баҳрӣ, мутахассисони соҳаи амният баргузор намуданд. Чанде пеш дар матбуот хабар пайдо шуд ва дар он гуфта мешавад, ки Точикистон ба нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА фурудгоҳи "Айнӣ"-ро пешниҳод мекунад.

Дар доираи иштирок дар барномаи НАТО "Шарикӣ барои сулҳ" Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фаъолтар аст. Роҳбарияти Қазоқистон алҳол ин "майлиғарбгароӣ"-ро танҳо марбут ба ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ бо кишварҳои Аврупо ва ИМА медонад.

Алҳол, он қадар зиёд набошад ҳам, ҳамкориҳои ИМА ва ӯзбакистон низ густариш меёбанд. Чанд вақт пеш овозае паҳн шуда буд, ки дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ пойгоҳи нави низомии ИМА бунёд мегардад. Лекин роҳбарияти амрикоӣ ин овозаҳоро рад кард ва изҳор намуд, ки танҳо мехоҳад фурудгоҳи Навоиро барои ҳамлу нақли борҳо ба Афғонистон истифода барад.

Туркманистон ҳам омодаи ҳамкориҳои густурда бо Ғарб аст. 10-уми июл Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор намуд, ки айни замон дар мамлакат гази зиёде мавҷуд аст ва онро дар сарҳад метавон ба фурӯш баровард. Вай қайд намуд, ки Туркманистон барои ширкат дар лоиҳаҳои калони байналмилалӣ, аз ҷумла тариқи "Набукко" омода аст. Маросими расмии имзогузорӣ дар бораи оғози сохтмони тарҳи мазкур 13-уми июл доир гардид. Хотиррасон мекунем, ки лоиҳаи номбурда барои содироти гази табиӣ бидуни истифода аз марзҳои Русия пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин ба муовини котиби давлатии ИМА оид ба масоили сиёсӣ Уилямс Бернс ҳангоми ташрифи мавсуф ба Ашқобод рӯзҳои 10-11-уми июл таъкид намуд, ки мақсад дорад ҳудудҳои кишварашро барои ҳамлу нақли колоҳои ғайринизомии ИМА ба Афғонистон пешниҳод намояд. Бердимуҳаммадов иҷозат дод, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар фурудгоҳи Ашқобод фуруд оянд ва сӯзишворӣ бигиранд. 

Ғайри ин Туркманистон ба мисли ӯзбакистон ва Қазоқистон иштирокчии лоиҳаи нақлиётие мебошад, ки аз ҷониби ИМА ва кишварҳои ҳавасманди дигар маблағгузорӣ мешавад. Роҳи мазкур Line commuinication ном дошта кишварҳои НАТО-ро аз тариқи ҳудудҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон пайваст мекунад.

БАРОМЕТРИ ДӮСТӢ

Тӯли асрҳои зиёд халқҳои Русия ва Осиёи Марказӣ дар ҳамкориҳои наздик бо ҳамдигар инкишоф меёфтанд, иртиботи гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд. Нуфузи Русия ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа имрӯз ҳам хеле назаррас боқӣ мондааст. Қисми зиёди элитаи сиёсӣ ва ҳарбии Осиёи Марказӣ дар замони шӯравӣ таҳсил кардаанд ва барои онҳо монеаи забонӣ вуҷуд надорад. Аксарияти аҳолии минтақа забони русиро фаромӯш накардаанд ва бо фарҳанги русӣ ошноянд.

Ҳамаи ин ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишвару халқҳои мо мусоидат мекунад. Осиёи Марказӣ барои рушд аз ҷиҳати геостратегию геополитикӣ ва иқтисодию сиёсӣ нақши хеле муҳим мебозад. Доир ба таъмини амнияти минтақавӣ ва амнияти марзҳои ҷанубии Русия кишварҳои ин минтақа аҳамияти махсус доранд. Дар ин бахш шаффофии сарҳадҳо, миллионҳо нафар муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қисми зиёдашон ғайриқонунӣ вориди Русия мешаванд, нақши манфӣ мебозанд. 

Дар иртибот бо ҳамин Русия барои таҳкими амнияти минтақавӣ торафт талошашро афзунтар менамояд ва таваҷҷӯҳи худро ба фаъолтар кардани ҳамкориҳо дар доираи СҲШ, созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Маркази зиддитеррористии (МЗТ) ИДМ ва гурӯҳи зудамали минтақавии МЗТ-и ИДМ дар Бишкек равона месозад.

Барои Русия ҳамчунин мустаҳкамшавии иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷрои стратегияи иқтисодии Русия муҳим аст. Дар ин бобат барои иқтисодиёти кишвар захираҳои энержии минтақа аҳамияти калон дорад, ки мубориза барои онҳо солҳои охир хеле тезутунд шудааст. Аз ҷониби дигар на танҳо ҳифз кардан, балки боз ҳам васеътар намудани бозори фурӯши техника ва молҳои саноатии Русия, ки солҳои 90-ум хеле коҳиш ёфта буд ва ҳамчунин таъмин кардани ниёзҳои худ аз ҳисоби хариди молҳои кишварҳои минтақа муҳим маҳсуб мешавад. 

Русия ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки қариб шаш миллион ҳамватани муқими кишварҳои Осиёи Марказӣ буҷаи худро ба ҳукми тақдир ҳавола намояд. Ҳимояи ҳуқуқ ва амнияти онҳо яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии он боқӣ мемонад. Ҳифз намудан ва боз ҳам мустаҳкамтар кардани анъанаҳои муштараки фарҳангию таърихии Русияву кишварҳои минтақаҳо ҳам ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Ҳалли ҳамаи ин вазифаҳо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки Маскав то чӣ андоза омода аст ба шарикҳояш барои ҳаллу фасли якҷояи проблемаҳои барои онҳо дардноктар дар бахши иқтисодиёт, мубориза бо ҷинояткорию терроризм, ҳамчунин соҳаи гуманитарӣ вариантҳои самарабахш ва "рақобатпазир"-ро пешниҳод намояд. 

Дар иртибот бо ҳамин бояд қайд кард, ки раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба минтақа сафари корӣ анҷом доданӣ аст. Дар Душанбе вай ҳамроҳи лидерҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон масъалаи пайваст кардани шабакаҳои нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикии чаҳор мамлакатро баррасӣ менамояд. 

Яке аз масъалаҳои асосӣ ҷараёни омодагӣ ва татбиқи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ ва дар ин ҷой инкишоф додани бозори нерӯи барқ хоҳад буд. Дмитрий Медведев ҳамчунин ба Қирғизистон ташриф оварда, дар саммити ғайрирасмии СПАД ширкат меварзад.

Наталя Ярмолик, «Красная Звезда»,
мақоларо ҳафтаномаи «Дунё» тарҷума кардааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi