ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ: БИНОИ КУҲАНИ КИТОБХОНАИ ФИРДАВСИРО БА МО ДИҲЕД
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, ки сохтмони феълии Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсиро дар ихтиёри ин вазоратхона қарор диҳад. Ин вазорат мехоҳад бахше аз сохтмони феълии китобхонаи миллиро ба китобхонаи кӯдакон ихтисос диҳад.
Интизор меравад дар моҳи оянда Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сохтмони ҷадиде дар пушти пайкараи Исмоъили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе кӯч бандад. Раванди сохтмони ин китобхона аз сӯйи як ширкати чинӣ ҳамчунон идома дорад. Сафар Шосаидов, як масъули вазорати фарҳанг, рӯзи чаҳоршанбеи 10 август ба Би-би-сӣ хабар дод, ки дар ин замина дархости расмӣ ба давлати Тоҷикистон ирсол шудааст.
Вай гуфт, ки Китобхонаи кӯдакони Тоҷикистон, ба номи Мирсаид Миршакар, то ҳол биное дар ихтиёр надорад ва қисмате аз Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро ба иҷора гирифтааст. Тибқи иттилоъи оқои Шосаидов, дар китобхонаи кӯдакон 90 ҳазор дона китоб маҳфуз аст.
Дар посух ба ин суол, ки оё сохтмони куҳани китобхонаи Фирдавсӣ барои пур кардани китобҳои кӯдакона хеле бузург нест, оқои Шосаидов гуфт, ки китобхонаи кӯдакон танҳо дар қисмате аз ин сохтмон ҷой хоҳад гирифт. Вай афзуд: "Дар ин бино мо ҳадаф дорем, ки бахшҳое аз коллеҷи ҳунарии ба номи Шаҳидӣ ва бархе аз муассисоти дигари фарҳангиро низ ҷо диҳем."
Ин масъули вазорати фарҳанг афзуд, ки тасмими ниҳоӣ дар ин замина аз сӯйи давлати Тоҷикистон гирифта хоҳад шуд. Тайи чанд моҳи ахир мавзӯъи ҷамъоварии китоб барои сохтмони нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст. Ҳоло ин китобхона ҳудуди се милюн китоб дорад.
Вале сохтмони нав барои ҳудуди 9 милюн адад китоб дар назар гирифта шуда ва ба ин далел, ниҳодҳои давлатӣ аз кормандони худ хостаанд, ки ба таври ройгон теъдоде кутуб ба ин китобхона бидиҳанд. Дар посух ба ин суол, ки то ҳол чӣ миқдор китоб аз мардум ҷамъоварӣ шудааст, Сафар Шосаидов гуфт, ки ин мавзӯъ дигар ба вазорати фарҳанг муртабит нест.
Дар авохири моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва раиси ҳукумати Тоҷикистон, бо судури фармоне Китобхонаи миллии Тоҷикистонро як ниҳоди вобаста ба Ҳукумат эълом кард ва Носирҷон Салимов ба раёсати ин муассиса мансуб шуд. Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, ки раванди ҷамъоварии китоб барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад ва дар ин замина ситоди вижае ба раҳбарии Руқия Курбонова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, фаъолият мекунад.
Ҳарчанд худи хонуми Қурбонова иҷборӣ будани раванди ҷамъоварии китобро рад карда буд, вале аз манотиқи мухталифи кишвар хабар мерасад, ки ниҳодҳои давлатӣ ба сурати иҷборӣ аз мардум китоб ҷамъоварӣ мекунанд. Ахиран, бархе аз довталабони сафари ҳаҷ иттилоъ доданд, ки аз онҳо дархост шудааст қабл аз сабти номашон дар феҳристи зоирони ҳаҷҷи имсол, ба Китобхонаи миллӣ панҷоҳдонагӣ кутуб эъто кунанд.
Гуфта мешавад мақомоти тоҷик аз бархе созмонҳои хориҷӣ низ хостаанд, ки ба ин китобхона кутубе эҳдо кунанд. Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ низ довталабона тасмим гирифтаанд миқдоре кутуб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон эъто кунанд.
Аз ҷумла, бунёди "Ормоншаҳр-Open Asia", як созмони фарҳангӣ, ки мақарраш дар Порис буда ва тайи солҳои ахир китобҳои зиёде дар Афғонистон интишор додааст, тасмим гирифтааст бо роҳ андохтани "Корвони ҳазору як китоб" ва бо басиҷ кардани ноширони мустақил аз Афғонистону Эрон ва китобдӯстони байналмилалӣ ба ғанӣ сохтани ин китобхона мусоъидат кунад.
Гесу Ҷаҳонгирӣ, раиси ин бунёд, зимни ҳимоят аз бунёди ин китобхона гуфт, ки ин ибтикори фарҳангии давлати Тоҷикистонро "дар замоне ки нерӯҳои мушаххасе дар минтақа бар табли ҷанг мекӯбанд, қадаме дурандешона ва нек" арзёбӣ мекунад.
Хонуми Ҷаҳонгирӣ афзуд: "Сармоягузории давлати Тоҷикистон дар як маркази фарҳангии бузург бо ин ҳадаф, ки умри тӯлонӣ дошта бошад, онро аз дигар ибтикороти минтақаӣ, ки бештар заминаҳои тиҷорӣ доранд, мутамойиз месозад ва барои аҳли фарҳанги минтақа қобили қадрдонист."
Би-Би-Си