АФЗОИШИ ХАРҶИ ҲАҶ ВА ҚОИДАИ НАВИ ПАРДОХТИ ОН
Қоидаи нави сафари ҳаҷ норозигии бархе аз сокинони Тоҷикистон ба бор овардааст, ки қасди сафари ҳаҷро доранд.
Агар дар соли гузашта харҷи сафари ҳаҷ 3191 долларро ташкил медод, акнун ин қимат то 3348 доллар афзоиш ёфтааст. Бар замми ин таъкид шудааст, ки пули сафари ҳаҷ танҳо бо доллар пардохт мешавад ва мисли соли гузашта орзумандони зиёрат наметавонанд, ин харҷро бо пули сомонӣ супоранд.
Шарофиддин Маъсумов, як сокини Душанбе мегӯяд, барои "сафар ба Хонаи Худо" аз дӯстону наздиконаш даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст, вале акнун бояд ҳамаи пулашро ба доллар иваз кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки қурби сомонӣ бо суръат поин меравад ва Шарофиддин намедонад чӣ қадр зиёни молӣ хоҳад дид.
Вай меафзояд, ки бар иловаи ин бояд боз ҳудуди 300 доллари дигар пайдо кунад, ки битавонад, қимати сафари ҳаҷи худро пардозад. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад яке аз рӯҳониёни тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар роҳҳои осону сабуктар кардани сафари ҳаҷ ҷустуҷӯ мешаванд, дар Тоҷикистон ҳар сол ин ё он маҳдудият ҷорӣ мегардад.
Вай афзуд, бар замми ин зоирон ҳангоми сафар боз борҳо мавриди афзоиши харҷ қарор мегиранд: «Баъзе ҳоҷиҳо ба мо хабар медиҳанд,ки бо вуҷуди ҷамъоварии маблағе, ки аз тарафи Кумитаи дин мушаххас шудааст, боз баъзе аз дастандаркорони ҳаҷ маблағи изофа талаб мекунанд, то номашонро ба чорабиние ҳамроҳ кунанд. Як навъ бепарвоӣ ва ҳатто динзудоӣ дида мешавад.»
Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар сӯҳбат ба РО гуфт, дар воқеъ имсол харҷи ҳаҷ 267 доллар бештар шудааст ва илова бар ин "маблағ бо пули милии сомонӣ қабул нахоҳад шуд ва танҳо бо доллар."
Сабаби инро ҷаноби Мухторов шарҳ дода гуфт: "Аввал ин ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба далели гарон шудани нархи солярка қимати билетҳоро бо ҳамин андоза ба мо пешинҳод карданд ва дуввум ин ки чаро ҳаҷпулӣ бо доллар қабул карда мешавад ба ин хотири он ки то сафари ҳаҷ як моҳи дигар дар пеш аст ва агар қурби сомонӣ боз ҳам ночиз шавад, онро кӣ ҷуброн хоҳад кард? Барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолат мо долларро қабул намудем.»
Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир сабти номи роғибони ҳаҷ идома дорад. Ва дар соли равон тибқи саҳмияи Тоҷикистон то 5 ҳазору 500 нафар имкони сафари ҳаҷро доранд. Ва аммо тавре ба назар мерасад дигаргуниҳои молӣ дар махориҷи сафари ҳаҷ бештари зиёраткунанадагонро дар ташвиш гузоштааст. Гузашта аз ин бархе аз иқтисоддонҳо ҳушдор медиҳанд, ки ҳамзамон аз муомила хориҷ кардани наздик ба 20 миллион доллари амрикоӣ холигоҳе ва ҳам талаботи бештареро ба доллар эҷод хоҳад кард.
Аз сӯи дигар онҳо мегӯянд, тақозои Кумитаи дини кишвар, ки махориҷи сафари ҳаҷро бтанҳо бо пули доллар қабул мекунад, хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст. Зеро дар шароити болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ, ин амал пули миллиро боз ҳам муфлистар мекунад ва бозори дохилиро касодтар месозад.
Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд: «Ҳафта ба ҳафта, моҳ ба моҳ қимати доллар меафзояд ва сомонӣ коҳиш меёбад. Ин тақозои кумита сабаби боз ҳам боло рафтани қурби доллар ва фурӯ афтодани қурби сомонӣ мешавад. Аз якуми сентябр ба маоши кормандони буҷавӣ 30 дарсад афзуда мешавад, вале сомонии арзон ин маошро дар баробари афзоиши маҳсулоти бозори дохилӣ беарзиш мекунад. Ман намедонам Кумитаи дин бо маслиҳати кӣ ва чаро чунин рафтор мекунад? Дар маҳалли ҳаҷ нархи ҳеҷ чиз гарон нашудааст. Ва солярка ҳам дубора арзонтар шуд ва ин ба ҳаҷ чӣ дахл дорад? Онҳо бояд аз рӯи қимати билетҳо муҳосаба кунанд.»
Ҷаноби Ҷумъаев меафзояд, ки Бонки миллӣ ба унвони амаликунандаи фармони махсуси президенти Тоҷикистон бояд назорат барад, ки дар қаламрави ин кишвар ҳамаи муомилоти молӣ бояд танҳо бо арзи миллии сомонӣ сурат гирад. Ин ба таҳкими сомонӣ ё қатъи коҳиши қурби он мусоадат мекунад ва як навъ эътидоли бозорро нигоҳ медорад. Ба назари Ҷумъаев, агар ҳар идора ва ниҳодҳои давлатӣ барои суди худ худсарона ба қонунҳои ҷории кишвар муносибат кунанд, сиёсати иқтисоди кишвар тадриҷан аз назорат хориҷ хоҳад шуд.
Ба назар мерасад,ки маъракаи ҳаҷ аллакай ба қурби пули миллӣ таъсири худро гузоштааст. Агар дар ибтидои ин ҳафта як доллар ба 4,78 сомонӣ баробар буд, ҳоло ин рақам ба 4,83 расидааст. Бонки миллӣ то кунун дар баробари раванди болоравии қурби доллар вокуниши расмӣ накардааст ва нагуфтааст, ки дар охирҳои ҳамин ҳафта чӣ ҳолат пеш хоҳад омад.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»