АФЗОИШИ МАВОРИДИ СИРҚАТУ ҒОРАТГАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона ба соҳибкор ва сирқати миқдори зиёди ҷавоҳирот дар вилояти Суғд хабар дод. Тибқи хабари дафтари матбуъотии ин вазоратхона, ин ҳодиса 21-уми август рух дода ва як гурӯҳи номаълум дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба соҳибкори маҳаллӣ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд.
Маҳмадулло Асадулолев, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки зимни ҳамла афроди муҳоҷим, ки униформи низомӣ дар бар доштаанд, аз худкорҳои "Калашников" истифода кардаанд. Оқои Асадулолев афзуд: “Ин афрод, ҳангоме ба соҳибкор ҳамла кардаанд, ки вай дар утумубилаш ҷавоҳироти зиёдеро интиқол медодааст. Онҳо ҷавоҳироти ин соҳибкорро ба маблағи беш аз 485 ҳазор сомонӣ, ки муъодили 100 ҳазор дулор будааст, ба сирқат бурдаанд.”
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар назди манзили маскунии ин соҳибкори маҳаллӣ рух додааст ва дар ин қазия писари ин тоҷир захмӣ шуда ва ба бемористон мунтақил шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса кормандони интизомии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз карда ва машғули ҷустуҷӯйи афроди мазнун ҳастанд.
Тибқи хабари дигари ин вазоратхона, кормандони пулис панҷ нафар аз аъзои ин як гурӯҳеро, ки ба қатли корманди маркази фурӯши маводди сӯхтӣ гумонбар ҳастанд, боздошт кардаанд. Бар асоси ин хабар, ҳафтаи гузашта як гурӯҳи номаълум шабона ба маркази фурӯши маводди сухтӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда ва ду корманди ин марказро лату кӯб карданд. Дар натиҷа, дар пайи н ҳодиса кормандон ҷароҳатҳои сангин бардошта ва яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст.
Афроди ҳамлагар маблағи якрӯза аз фурӯши маводди сӯхтиии ин марказро бо худ бурдаанд. Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, барои бозрасии ин қазия аз ҷумлаи маъмурони пулис гурӯҳи вижае таъсис шуда буд ва онҳо муваффақ шудаанд, ки омилони ин ҷиноятро сареъан ошкор ва боздошт кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гузориши ниҳодҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон дар ин кишвар афзоиши мизони ҷароим ба мушоҳида расидааст.
Би-Би-Си