17:36:31 04-уми Июни 2025 сол

МАНЪИ ТАФТИШИ ШИРКАТҲО. ОЁ БА РУШДИ СОҲА КӮМАК МЕКУНАД?

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон корхонаҳои тавлидотӣ ба мӯҳлати 3 сол аз ҳама гуна санҷиш озод шуданд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин амр рӯзи 30-юми октябри соли ҷорӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

/images/stories/2011/10/04_janobi-oli_5.9.2011.jpgБа қавли ин манбаъ, ҳадаф аз эълони мораторий "таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, ворид намудани техника ва технологияи муосир, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мебошад."

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, қатъи бозрасии корхонаҳои истеҳсолӣ ва он ҳам ба муддати се сол ба рушди соҳаи истеҳсолот дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Вале гурӯҳе аз коршиносон мутмаинанд, ки ин фармони раисиҷумҳур низ наметавонад ба таври "бояду шояд" иҷро гардад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо, чанд соли пеш низ раисиҷумҳур ба фаъолияти соҳибкорӣ мораторий эълон карда буд, вале бархе аз нозирони андоз ҳамоно ба дунболи тафтиши фаъолияти соҳибкорон буданд.

Аз сӯи дигар оморе мавҷуд нест, ки таҳрими гузашта то чӣ андоза ба рушди соҳибкорӣ ва куллан иқтисод дар кишар ёрӣ додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, шеваи амали таҳрими эълоншуда дар чаҳорчӯби қонуни манъи ҳама гуна санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот танзим мегардад, ки тарҳи он аз ҷониби ҳукумат то охири соли ҷорӣ таҳия хоҳад шуд.

Вале ин манбаъ афзуд, "ин мораторий нисбат ба соҳибкороне, ки санҷиши фаъолияти онҳо гузаронида шуда, вобаста ба натиҷаи санҷиш тибқи қонунгузории кишвар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, татбиқ намегардад."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854