18:20:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КУМАКИ ФАННӢ БА ИДОРАИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН

Иттиҳодияи Урупо ба Идораи гумруки Тоҷикистон ба маблағи 483 ҳазор юру таҷҳизоти мудерн барои кашфи маводди мухаддир ироа кардааст.

Ин таҷҳизот, ки шомили системи мудерни кашфу ташхиси "Drug Con" ва "Drug ID", системи назорати видиюӣ ва дастгоҳҳои рентген мешавад, рӯзи ҷумъаи 14 август аз ҷониби Барномаи мусоъидат ба идораи марз (БОМКА) ва ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ (КАДАП) ба ниҳодҳои гумруки Тоҷикистон ироа дода шуд. Қаблан низ Идораи гумруки Тоҷикистон аз ин ниҳоди вобаста ба Иттиҳодияи Урупо компютер ва мебел дарёфт карда буд.

Жан Бернард де Милито, як масъули дафтари намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон, дар маросими эътои кумакҳои фаннӣ гуфт, ки ҳадаф аз ироаи кумакҳои билоъивази Иттиҳодияи Урупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоъидат ба таҳкими марзҳои ин мамолик ба хотири муқобала бо қочоқи маводди мухаддир аст.

Дар ин маросим таъкид шуд, ки маводди мухаддир дар Афғонистон парвариш ва тавлид шуда ва сипас аз тариқи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Русия ва мамолики урупоӣ мунтақил мегардад.

Оқои де Молито тарбияти кодрҳо ва навсозии таҷҳизоти посгоҳҳои марзиро аз роҳҳои аслӣ ва муассири муқобала бо қочоқи маводди мухаддир талаққӣ карда ва гуфт, ки Иттиҳодияи Урупо дар ин росто тарҳҳоеро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйи даст гирифтааст.

Ба гуфтаи Сӯҳроб Қаҳҳоров, раҳбари Барномаи мусоъидат ба идораи марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, ин барнома дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои бештаре доштааст.

Оқои Қаҳҳоров таъкид кард, ки аз замони оғози фаъолияти Барномаи мусоъидат ба идораи марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар соли 2004 то ба ҳол ин ниҳод ба идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, Ожонси назорат бар маводди мухаддир, Идораи гумрук ва Вазорати беҳдошти ин кишвар ба миқдори 13 милюн юру кумакҳои фаннӣ ироа кардааст.

Барномаи мусоъидат ба идораи марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Иттиҳодияи Урупо сармоягузорӣ шуда ва тарҳҳои он бо мусоъидати Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид иҷро мегардад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi