“АФҒОНИСТОН - МАЙДОНИ ЧАВГОНБОЗИИ АБАРҚУДРАТҲОИ ҶАҲОН”
Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ дар Тоҷикистон Афғонистонро “майдони чавгонбозии сиёсии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон” номиданд. Ин назар дар ҷараёни ҳамоише, ки рӯзи ҷумаъи 14 октябр таҳти унвони "Афғонистон пас аз Бурҳониддин Раббонӣ" дар шаҳри Душанбе доир шуд, садо дод.
Давлат Усмон, коршиноси сиёсӣ ва таҳлилагари умури Афғонистон мегӯяд, ки дар марҳалаи кунунӣ вазъият дар Афғонистон солҳои ахири мустақар будани артиши Шӯравӣ дар он кишварро ба ёд меорад. Ба гуфтаи оқои Усмон, Омрико ва кишварҳое, ки феълан дар Афғонистон мустақаранд ин кишварро ба майдони бозии чавгон табдил додаанд.
Вай афзуд: “Дар ин майдон кишварҳои абарқудрат бозиҳои жеупулитики худро амалӣ мекунанд ва сарнавишти мардуми ин кишварро ба фаромӯшӣ супурдаанд.” Оқои Усмон мӯътақид аст, ки ободии Афғонистон дар дасти мардуми он сарзамин аст. Оқои Усмон аз терури Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳ ва раиси ҷумҳури пешини Афғонистон имзҳори таъассуф кард ва гуфт, ки ду рӯз қабл аз ин терур бо Бурҳониддин Раббонӣ дидор доштааст.
Ҳамоиши имрӯз, ки “Афғонистони баъд аз Раббонӣ” ном гирифта буд ба ибтикори “Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон”, як созмони ғайридавлатӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи дастандаркорон, ҳадаф аз ҳамоиш, гирди ҳам овардани коршиносон, таҳлилгарон ва афроде буд, ки бо Бурҳониддин Раббонӣ ва авзоъи Афғонистон ошноӣ доштанд.
Дар толори ҳамоиш аксҳое аз Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Вали Карзай, женерол Довудхон ва бархе дигар аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, ки дар солҳои ахир терур шудаанд, гузошта шуда буд.
Раҳматкарими Давлат, яке аз масулони “Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон” гуфт, ҳамоиш барои гиромидошти ёди Бурҳониддин Раббонӣ ва шуҳадои дигари теруршуда дар Афғонистон бахшида шудааст.
Вай гуфт: “Яке дигар аз аҳдофи нишаст, даъват аз давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани хатароти эҳтимолӣ аз афзоҳиши ҳузури гурӯҳҳои тундрав ва ҷунбиши Толибон дар шимоли Афғонистон аст. Мо намегӯем, ки давлати Тоҷикистон ба қазияи Афғонистон дахолати сиёсӣ кунад, вале Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва дар гузашта аз эътилофи шимоли он кишвар ҳимоят мекард, бояд барои қатъи терурҳои пай дар пайи афроди саршинос дар он кишвар таъсиргузор бошад.”
Аз сӯйи дигар Худобердӣ Холиқназаров, таҳлилгар дар умури Афғонистон гуфт, чунин ба назар мерасад, ки Толибон бо анҷом чанд терур мехоҳад, раҳбарони умдаи созмонҳо ва аҳзоби мухолифи худро дар Афғонистон бесарпараст кунанд, то бо ин роҳ ин созмонҳо ва аҳзоб пароканда шаванд. Вале вай афзуд: “Бо роҳи аз миён бурдани раҳбарони созмонҳои сиёсӣ ва аҳзоби мухолф, имкони пароканда кардани онҳо вуҷуд надорад."
Таҳлилгарон дир ин ҳамоиш нақши кишварҳои минтақаро дар заминаи таҳкими сулҳ дар Афғонистон созанда хонданд. Дар охири нишаст ширкаткунандагон баёнияи ҳамоишро мунташир ва дар он ҳамдардии худро бо мардуми Афғонистон ва пайвандони Бурҳониддин Раббонӣ иброз карданд. Дар ин баёния равшанфикрон ва коршиносони нишаст хитоб ба мардуми Афғонистон хостори он шудаанд, ки ба низоъҳои идомадор дар кишварашон хотима диҳанд.
Аз ҷумла дар баёния омадааст, ки равшанфикрони Тоҷикистон аз тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон даъват мекунанд, "бо такя ба таълимоти осмонии Қуръони карим ва пайравӣ ба суннати Расулаллоҳ ва бо ҳифзи дастовардҳои муборизоти мардуми мӯъмин ва гарданфарози Афғонистон" ба музокирот биншинанд ва "бидуни дахолати бегонагон дар умури дохилии кишварашон", барои хотима додан ба ҷанги дохилӣ чора биандешанд.
Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе