00:22:43 03-уми Июни 2025 сол

МАҚОМИ ВЕТЕРАНӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ ТОҶИКИСТОН

Думаи давлатии Русия мақоми иштирокдорони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97-ро ба мақоми собиқадорони ҷанг баробар кард. Бар асоси тағйироти ворида ба Қонуни собиқадорон, акнун ширкат дар ҷанги Тоҷикистон низ ба аскарону сарбозони артиши Русия имтиёзи ветеранӣ хоҳад дод.

/images/stories/2011/10/19_veteran_2011.jpgБино ба ҳисобҳо, ин қонун тақрибан ба 33 600 нафар мақоми собиқадори ҷангро эъто мекунад. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои 90 дар Тоҷикистон воҳидҳои дивизияи 201-ум ва ҳам нирӯҳои марзбониву амниятии Русия дахил буданд. Ба иддаои мухолифин, онҳо ошкоро аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекарданд.

Лоиҳаи қонун дар Думаи давлатии Русия ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ пешниҳод ва мавриди арзёбии вакилон қарор гирифта буд. Ин имтиёзҳо нафақаи болотари бознишастагӣ, дастрасии содатар барои соҳиб шудан ба манзил, истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти арзонтари хидматгузориҳои коммуналӣ  ба мисли пули барқ, об, телефон, таъмири манзилро дар бар мегиранд. Гуфта мешавад бо ин тасмим давлати Русия  ӯҳдадориҳояш дар назди сарбозонро, ки дар манотиқи доғ хизмат кардаанд, ба иҷро мерасонад.

Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бар изофаи артиши 201,  Русия ҳамчунин марзҳои Тоҷикистонро назорат мекард. Нерӯҳои марзбонии Русия борҳо бо нерӯҳои мухолифини тоҷик вориди даргирӣ шудаанд ва хисороти ҷонӣ низ доштанд. Афзун бар ин, дар ин солҳо бахше  аз нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон  рисолати Нерӯҳои посдори сулҳро иҷро  мекарданд. Дар замони муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 302 низомии ин кишвар кушта ва ҳудуди 400 тани дигар захм бардоштаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854