23:56:46 02-уми Июни 2025 сол

КЛИНТОН ДАР ДУШАНБЕ. АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ТО САРНАВИШТИ РОҒУН

Вазири умури хориҷаи Амрико дар Душанбе гуфт, "мо мехоҳем, Тоҷикистон дӯсти хуби Амрико бошад." Ин матлабро Котиби давлати Иёлоти Муттаҳида дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи маданӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе баён кард. Ин мулоқот ҳудуди як соат дар фазои озод ҷараён гирифт.

/images/stories/2011/10/22_hillary_klinton_dushanbe_20.jpgЗеро хонум Клинтон як суханронии кӯтоҳе  ироа карда ва ба дунболи он бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муколамаи созандаеро анҷом дод. Меҳвари суханронии хонум Клинтонро густариши ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон, ба хусус дар заминаҳои рушди демократия, волияти қонун, риояти ҳуқуқи башар, озодии баён, озодиҳои мазҳабӣ, мустақилияти додгоҳҳо ва мушорикати фаъоли занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дар бар гирифт.

Ин буд, ки Котиби давлатии ИМА гуфт, кишвараш барои тасвсеи иқтисодии Тоҷикистон барномаҳоеро рӯи даст дорад ва талош хоҳад кард, то ин кишвар ба рушди бештаре дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ даст ёбад. Ба таъкиди хонум Клинтон, ИМА аз соли 1992 то  ҳол барои иҷрои  барномаҳои мухталиф ба маблағи 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.

​​Хонум Клинтон дар ин мулоқоташ, ки дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе доир гашт, дар ишора ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва мухолифатҳои Узбакистон дар ин замина гуфт, Тоҷикистон бояд мунтазири натоиҷи ниҳоии ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бимонад. Ҳамзамон хонум Клинтон таъкид кард, ки Тоҷикистонро лозим аст барои рушди ҳар чи бештари иқтисодӣ иқдомотеро дар заминаҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва рафъи маҳдудиятҳо барои тиҷорати озод пиёда кунад.

Вазири умури хориҷии Амрико дар посух ба суоли марбут ба вазъи Афғонистон ва стратегияи ояндаи ИМА дар ин кишвар гуфт, Иёлоти Муттаҳида хоҳони  истиқрори сулҳ ва субот дар  Афғонистон аст. Дар ҳамин ҳол хонум Клинтон аз кӯмакҳои Русия барои интиқоли маводи икмолотӣ барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон низ ёдоварӣ ва қадрдонӣ кард.

Вай афзуд, албатта, нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳро дар Афғонистон намехоҳанд, аммо бо ин ҳам бояд талош хоҳанд кард, то дар ин кишвар сулҳ пойдор шавад. Ин аст, ки ба гуфтаи хонум Клинтон, Амрико аз гурӯҳҳое дар Афғонистон пуштибонӣ хоҳад кард, ки шартҳои сулҳро қабул доранд. Вай ҳамчунин амалишавии тарҳи "Роҳи нави абрешим" дар минтақаро муҳим арзёбӣ намуд.

Як бахши суолу ҷавобҳо бо хонум Клинтон ба сафари ӯ ба Узбакистон ихтисос дошт. Вай дар посух ба суоли он ки пас аз ҳаводиси хунуни Андиҷон чӣ гуна Амрико бо ҳукумати Ислом Каримов музокира хоҳад кард, гуфт, "воқеан мо  ҳодисаи Андиҷонро маҳкум карда будем ва борҳо риояти ҳуқуқи башарро матраҳ кардаем. Аммо ҳоло музокирот бояд бо ҳукумати Узбакистон дар заминаҳои мухталиф, аз он ҷумла риояти ҳуқуқи башар сурат бигирад. Ба ин далел дар сафар ба Узбакистон бо мақомоти он кишвар ин масоил ҳатман баррасӣ хоҳад шуд."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854