USAID: АРЗИШҲОИ УМУМИАМОНРО ТАНТАНА МЕКУНЕМ
Изҳороти Директори минтақавии USAID оид ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хонум Эрин Элизабет Маккӣ
Рӯзи 3 ноябр аз таъсисёбии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) аз ҷониби Президенти ИМА Ҷон Ф. Кеннеди расо 50 сол пур шуд.
Чӣ ба ҳангоми эмкунии кӯдакон аз бемориҳои пешгиришаванда ва чӣ ба ҳангоми баланд бардоштани ҳосили киштзорҳо ва ё чӣ ба ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда USAID ҳамеша он қуввае буд, ки на танҳо Тоҷикистон, балки садҳо кишварҳои дигарро низ ба пеш ба сӯи бунёди ҷаҳони бехатару осоишта раҳнамоӣ менамуд. Дарҳол пас аз истиқлолияти Тоҷикистон USAID ба ин ҷо омад, то дар сохтани иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани асосҳои ҳокимияти демократӣ ва пиёда сохтани ислоҳоти системаи тандурустӣ дар ин кишвар мусоидат намояд.
Миллат аз нав эҳё мегашт ва дар ҳар гӯшаву канор тағйироти бузург ба амал меомад. Аз ҳамон вақт сар карда, USAID барои таъмини амнияти озуқавии мардум корҳои зиёдеро анҷом дод. Мусоидат ба деҳқонон дар таъсис додани ассотсиатсияҳои обёрикунандагон, омӯзонидани оилаҳо оиди кишти маҳсулоти серғизо дар заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани зарфияти мағозаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари кишвар, барои додани маслиҳатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра аз ҷумлаи ин корҳо мебошанд.
Дар доираи Барномаи USAID оиди дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ин созмон тавонист ба зиёда аз 2055 аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар идоракунии устувори системаи ирригатсиониашон мусоидат намояд, ки дар натиҷа даромади онҳо то ба 200% афзоиш ёфт. Аз ин барнома дар шакли ғайримустақим зиёда аз 275 000 сокинони деҳоти Тоҷикистон манфиат гирифтаанд.
Соли гузашта USAID ба гирифтани пеши роҳи бемории полиомиелит мусоидат намуд ва кӯшиш кард, ки ин бемории хатарнок дигар ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон барнагардад. Агарчанде USAID аксаран дар сатҳи сиёсати соҳавӣ кор мебарад, вале он ҳамчунин кӯмакҳои худро ба деҳот, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, иҷро менамояд. Мусоидат бо дастрасии аҳолӣ ба оби нушокӣ, таълими асосҳои тандурустӣ ва хӯроки солим, кӯмаки молӣ ба аҳолӣ ҳангоми офатҳои табиӣ аз ҷумлаи чунин кӯмакҳо мебошад.
Имрӯз мо дар як давраи муҳими гузариш қарор дорем. Дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон USAID кӯшиш дорад, ки аз созмони мададрасони анъанавӣ ба як ташкилоти муосири тараққидиҳанда табдил ёбад, ки бо руҳияи нави рушд ва ба хотири расидан ба натиҷаҳо фаъолият менамояд. Муваффақияти мо аз ҳамкории бевосита бо маҳаллаҳо ва пешвоёни маҳаллӣ вобаста аст, то бо истифода аз эътимод ва ҳамкории мардум корҳои зиёди муҳимро иҷро намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем мардумро аз ин ҳолати қашшоқӣ берун орем.
Мо мекӯшем чунин як шароитеро фароҳам орем, ки дар он дигар ба кӯмаки USAID ҳоҷат намонад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дигар барои мо коре намонад. Мақсади мо бунёди чунин як оламест, ки дар он мардумон озоду шарафмандона, бо такя ба имконоти худ, озод аз ҳама гуна низоъ, беморӣ ва мӯҳтоҷӣ ба сар баранд. Ин ҳама орзӯҳоеанд, ки ҳам ба мардуми Амрико ва ҳам ба мардуми Тоҷикистон хосанд; орзӯҳоанд, ки USAID мехоҳад ба онҳо ҷомаи амал пӯшонад; орзӯҳоанд, ки барои ҳамкории мо асос мегузоранд.
Аз номи тамоми кормандони USAID дар Тоҷикистон ман мехоҳам ба халқи тоҷик барои он ҳама дӯстиву ҳамкориҳояш арзи сипос намоям. Мо ин арзишҳои умумӣ, ирода ва эътиқодамонро ба он, ки роҳи интихобкардаи мо дуруст аст, ҳамеша нигоҳ хоҳем дошт.
Директори минтақавии USAID оид ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Эрин Элизабет Маккӣ