17:02:12 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ХАЙРИЯҲОРО КАМ КАРД

Чаҳор тан аз имом- хатибони масоҷиди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тӯли 9 моҳи имсол тӯйи домодии 24 нафар навҷавононро аз оилаҳои камбизоат гузарониданд, гуфт дар сӯҳбат бо мо Рустамхон Бобоев мудири бахши дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ.

/images/stories/2011/11/05_tajik_wedding_2011.jpgАз ҳисоби соҳибкорон дар маҷмуъ 1251 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат хатнасур шуда, ба маблағи 140 000 сомонӣ маводи ғизоӣ барои камбизоатон хайр шудааст. Ин дар ноҳияи Восеъ, аммо дар маҷмӯъ дар минтақаи Кӯлоб дасти сахои мардуми доро нисбат ба солҳои пеш бамаротиб кӯтоҳ шудааст. Беш аз 2 сол боз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» амал мекунад.

Оне ки қонун расму оинҳоро то андозае ба танзим даровард шубҳае нест, аммо баъди қабул шудани ин қонун аз байн рафтани бисёре аз кӯмакҳои хайриявӣ низ ҳақиқат аст. Ҳар сол мусалмононе, ки озими сафари зиёрати хонаи Каъба мешуданд аз барои Худованд чорво забҳ карда барои хешовандон ва ҳамсояҳо садақа медонанд. Ҳам дасти ёрӣ ба камбизоатону бенавоён дароз мекарданд.

Ҳамакнун рафтан ва омадани ҳоҷиён бидуни хайру садақот сурат мегирад. Ноаён мераванд ва меоянд. Дар ин миён чандин муассисоти мӯҳтоҷ аз қабили ҷамъиятҳои маъюбон, дармонгоҳи беморони рӯҳӣ, хонаи пиронсолон ва ба ҳамин монанд аз кӯмакҳои хайриявии расмӣ маҳрум шудаанд. Махсусан дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон хайру садақоти мардумони доро ягона умеди бисёре аз дармондагон буд.

Одатан дар арафаи ин ду ид тоҷирони имони заифдоштаи бозор нархи маводи аввалияро аз қабили гӯшт, равған, меваҷот, шириниҳоро бамаротиб боло мебаранд. Маоши гирифтаи мардуми камбизоат бошад базӯр барои хариди як халта орд басанда аст. Дигар чашм ба дар ҳастанд, то саховатманде дарашонро кӯбад.

Неъматуллои Айниддин сарвари ташкилоти «Мушфиқи Маъюбон», ки танҳо дар шаҳри Кӯлоб 370 нафар аъзо дорад, мегӯяд соли гузашта ба ҷуз раиси ҳукумати шаҳр, касе ба ташкилот дасти кӯмак дароз накардааст. Кӯмаки расонидаи раис низ иборат аз ҳамагӣ 1000 сомонӣ ё муодили анқариб 200 доллар буд. Дигар «Мушфиқи Маъюбон» бо ҳақкулузвияти худи маъюбон, ки иборат аз 84 дирам барои 30 рӯз аст, фаъолият кард.

Дар ин миён, ҳуҷҷоҷи минтақа барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои сафари ҳаҷ маблағҳои ҳангуфт ришва дода, гуноҳи зиёд дар номаи аъмолашон зам карданд ва барои ислоҳи онҳо ба Арафот шитофтанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки хайру садақот ба маъюбону дармондагон яке аз фарзҳои Худованд аст, ки мисли дуо дар кӯҳи Арафот каффораи гуноҳон шуда метавонад.

Камбизоатону дармондагон бошанд рӯзи ид баъди адои намози иди Қурбон даст ба дуо бардошта, тибқи нишондоди имом хатиб аз Худованд илтиҷо мекунанд, то ҳаҷҷи ҳоҷиён қабул шавад. Аммо бо ин ҳама тангдастии мардуми доро, ки маъбадро мебинанду маъбудро не Худованд ҳаҷҷи киро қабул мекунад, кас намедонад.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi