10:41:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИРО ДУЗДИДААНД

26 октябри соли 2011 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Лоиқов Абдухолиқ, Ҳаитов Қурбоналӣ, Ғозиев Зоирхон ва дигар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо аломатҳои моддаҳои 314 қисми 2, 318 қисми2, ва 323 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

/images/stories/2011/11/09_kulob-khonaho.jpgИнчунин нисбати Раҳимов Назиршо мудири бахши танзим ва тақсимоти хонаҳои ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 163 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Ва  аммо тибқи қонуни авф аз  чавобгарӣ озод шуданд. Хотиррасон менамоем, ки ашхоси мазкур бо ҷурми қаллобӣ дар тақсимоти хонаҳои навсохт барои офатзадагони 7 майи соли 2010-и кӯчаҳои Чарм-гарони поён, Суғдиён ва Нонбои поени шаҳр айбдор дониста мешаванд .

Муҷримин тӯҳфаи президентиро ба офатрасидагон иборат аз хонаҳои навсохти замонавӣ, ки ҳар кадом бо баҳои то 180 000 сомонӣ сохта шудааст, ғайриодилона ҳатто ба ашхосе додаанд, ки усулан на танҳо дар кӯчаҳои офатрасида, балки дар шаҳри Кӯлоб иқомат надоштанд.

Гуфта мешавад, тафтишоти ибтидоии қазия аз ҷониби прокуратураи генералӣ маноқиби мактуби як гурӯҳ истиқоматкунандагони кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб иборат аз 40 нафар, сурат гирифтааст. Дар маҷмӯъ барои зарардидагон аз офати табиӣ 612 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Аҳмади Мӯсавӣ, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi