12:50:22 01-уми Июли 2025 сол

САРИ БУРИДАИ ЯК ТОҶИК. ИН БОР ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия сари боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз тан ҷудо кардаанд. Ба қавли наздикони мақтул, Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи як гурӯҳи номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.

/images/stories/2011/11/28_jasadi-muhojir281111.jpgБа қавли ин манбаъ, қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд. Ҳоло ҷасади Бахтиёрро, ки аз як лунда гӯшт иборат будааст, мақомоти зидахли Русия муоина мекунанд.

Бахтиёр Расулов аз деҳаи “Партизан”-и ноҳияи Шаҳритус, зодгоҳи  Салоҳиддин Азизов, мардикори 20-солаи тоҷик аст, ки сари ӯро низ моҳи декабри соли 2008 дар Русия неофашистҳои рус аз тан ҷудо карда буданд.

Ҳамчунин, моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷасади Ҷонибеки 24-сола аз Маскав ба зодгоҳаш -- шаҳри Панҷакент оварда шуд, ки бо 21 зарбаи корд ба кушта шудааст. Амаки Ҷонибек, Амриддин Қосимов, дар сӯҳбат ба  Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷасади ӯро дар як ҷангали назди деҳаи Василево, 80-километрии пойтахти Русия занбурӯғчинҳо пайдо карда ва ба пулис хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Русия аз афзоиши бегонаситезӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд. Натиҷаҳои таҳқиқи Маркази иттилоотию таҳлилии "СОВА" низ нишон медиҳад, ки танҳо дар ҳашт моҳи гузаштаи соли 2011 ҳудуди 20 нафар аз дасти нажодпарастон дар Русия кушта, 80 нафар захмӣ ва ба 7 нафар таҳдиди марг шудааст.

Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, ҳаёҳуи расонаҳои Русия барои инъикоси  қазияи ду халабони як ширкати русӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷикро дар назари миллатгароёни рус боз ҳам "шум" кардааст. Онҳо бовар доранд, ки ин эҳсосу тасвир ба зудӣ аз қалбу зеҳни онҳо шуста нахоҳад шуд.

Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик оварда мешавад, ки як гурӯҳи онҳо дар пайи ҳамлаи миллатгароёни рус кушта шудаанд. Агарчӣ мақомот бовар доранд, ки бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва ё ҳангоми кор дар сохтмонҳо ба ҳалокат расидаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ