03:55:11 02-уми Июли 2025 сол

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҲИНД ВА ТОҶИКИСТОН ТАСВИБ ШУД

Порлумони Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум миёни Ҳинд ва Тоҷикистон дар бораи таҷдиду бозсозии нерӯгоҳи "Варзоб", дар шимоли шаҳри Душанберо, тасвиб кард. Ин санад 6 августи соли 2007 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва дар чорчӯби он нерӯгоҳи “Варзоб”, воқеъ дар ҳумаи шимоли шаҳри Душанбе, бо сармояи 17-милюндулории Ҳинд ва аз ҷониби коршиносони ин кишвар таҷдид ва бозсозӣ мешавад.

/images/stories/2011/12/08_parlament_tj_81211.jpgПӯлод Муҳиддинов, муъовини аввали вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 7 декабр дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби ин санад дар иҷлоси порлумон гуфт, ки то ҳол беш аз 80 дар сади таҷҳизоти фаннӣ барои таҷдиди нерӯгоҳи “Варзоб” ба Тоҷикистон ворид шуда ва бар асоси тавофуқи Ҳинд ва Тоҷикистон, воридоти ин таҷҳизот аз пардохти аворизи гумрукӣ муъоф аст.

Оқои Муҳиддинов гуфт, ки дар назар аст чархаи (огреготи) якуми нерӯгоҳи “Варзоб” дар моҳи апрел ва чархаи дуюм дар моҳи июли соли оянда фаъол шавад. Пас аз таҷдид тавоноии ин нерӯгоҳ ба андозаи 1 меговот бештар шуда, солиёна ба миқдори 9,5 меговот нерӯи барқ тавлид хоҳад кард. Зимнан, нерӯгоҳи “Варзоб” дар соли 1936 дар рӯдхонаи Варзоб бунёд шуда ва дар муддати 75 сол таҷҳизоти фаннии он кӯҳнаву фарсуда шуда ва конолҳои обпарто хароб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин суолро матраҳ кард, ки чаро ёддошти тафоҳуми соли 2007 тоза барои баррасӣ ва тасвиб ба иҷлоси порлумон ирсол шудааст?

Муъовини аввали вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфт, ки нахуст Ҳинд барои корҳои таҷдиду бозсозии нерӯгоҳи “Варзоб” 13 милюн дулор ихтисос дода буд, аммо пас аз анҷоми мутолеъоти фаннию иқтисодии ин тарҳ аз ҷониби мутахассисони ҳиндӣ ҳазинаи он 17 милюн дулор арзёбӣ шудааст.

Ӯ гуфт, ки ҷониби Ҳинд пас аз ду сол 4 милюн дулори дигар ба ин тарҳ ихтисос дода ва ба ҳамин далел корҳои таҷдиду бозсозӣ низ бо таъхир шурӯъ гардидааст. Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, узви кумитаи энержӣ, саноеъ, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки бахши аслии нерӯгоҳҳо, хутути барқ ва трансформаторҳо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуда ва ҳоло ба таҷдиду бозсозӣ ниёз доранд.

Гуфта мешавад, дар сурати таҷдиду бозсозии чархаҳои нерӯгоҳи “Норак”, ки се чаҳоруми ниёзҳои кишвар ба нерӯи барқро таъмин мекунад, мизони тавлиди нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ солиёна ба миқдори 35 меговот афзоиш хоҳад ёфт. Зимнан, давлати Тоҷикистон тарҳи сармоягузории “Таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак”-ро таҳия кардааст, ки ҳазинаи он ҳудуди 300 милюн дулор буда ва иҷрои ин тарҳ дар панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ