01:10:21 02-уми Июли 2025 сол

ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДИ “МУҲАММАДИЯ”-РО БАРОИ СЕ МОҲ МУТАВАҚҚИФ КАРДАНД

Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти яке аз масоҷиди ҷомеъи ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистонро барои се моҳ мутаваққиф кард. Ҳамчунин ин кумита Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, имом-хатибони ин масҷидро аз симматашон сабукдӯш кард.

/images/stories/2011/12/12_turajonzoda_121211.jpgТавре ки Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос, рӯзи 12 декабр ба Би-би-сӣ гуфт вай ва бародараш Нуриддин Тӯраҷонзодаро субҳи имрӯз ба ин кумита даъват карда ва ба онҳо ҳушдор додаанд, ки дар масҷидашон барои се моҳ, яъне то тасмими навбатии ин кумита аз намозгузории рӯзҳои ҷумъа худдорӣ кунанд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки дар ҷараёни сӯҳбат бо онҳо Абдураҳим Холиқов, раиси ин кумита, муъовинонаш ва раиси шаҳри Ваҳдат ҳузур доштаанд. Ӯ гуфт: “Масъулони кумита моро ба нақзи қонун муттаҳам карданд ва гуфтанд, ки фаъолияти масҷидро чун масҷиди ҷомеъ барои се моҳ қатъ мекунем.”

Ба гуфтаи вай, қаблан мулло Мирзои Кӯлобиро аз фаъолияташ дур кардаанд ва вай афзуд: “Имрӯз навбати домуллоҳои мо буд ва фардо навбати кӣ хоҳад буд, номаълум аст.”

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки таъқиби онҳо баъд аз ёдоварӣ аз шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн дар рӯзҳои аввали декабр оғоз шуд. Аммо вай доир шудани маросими Ошуро дар масҷиди Туркободро такзиб кард ва гуфт, ки хонаводаи онҳо даст ба нақзи ҳеҷ гуна қонун назадааст.

Ҳамчунин вай афзуд: “Аммо мо аз Шӯрои уламо даъво дорем, ки агар онҳо қарор мегузоштанд, ки алайҳи мо фатвое мебароранд, бояд моро ба ҷаласа даъват мекарданд ва мо зимни сӯҳбат бо уламо ба онҳо шарҳ медодем, ки баргузор кардани ёдбуди шаҳодати Имом Ҳусайн дар мазҳаби мо ҷоиз аст.”

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, агар Шӯрои улумо қабл аз марсоими ин ёдбуд қарорашро пахш мекард, он гоҳ масъулони Шӯро метавонистанд онҳоро дар нақзи қонун гунаҳкор бикунанд, вале баёния Шӯрои уламои дин баъд аз чанд рӯзи баргузории маросими ёдбуд, пахш шудааст.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки онҳо дар садади ба додгоҳ кашидани Шӯрои уламо барои тавҳин ва тӯҳмат алайҳи хонаводаи хеш ҳастанд. Масҷиди ҷомеъи “Мадрасаи Муҳаммадия”, ки расман ба унвони масҷиди ҷомеъи “Халифа Абдукарим” сабт шудааст, дар ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст, чандин сол аст, ки дар миёни мардум машҳур аст.

Гуфта мешавад, ки барои намозгузорӣ дар ин масҷид, дар рӯзҳои ҷумъа аз 10 то 20 ҳазор нафар аз сокинон аз сартосари Тоҷикистон гирди ҳам меоянд.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки рӯзи шанбеи 10 декабр доир шудааст, аз Шӯрои уламои дини Тоҷикистон дархост кардааст, то ба таври ҳамешагӣ таъйиди салоҳияти имом-хатибони масоҷиди пойтахти Тоҷикистонро баргузор кунанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ