“НАХУСТИН ЧАРХАИ "САНГТӮДА-2" БАЗУДӢ ФАЪОЛ ХОҲАД ШУД”
Ширкати эронии “Фароб”, ки машғули сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки то чанд рӯзи дигар нахустин чархаи ин нерӯгоҳ ба тавлиди барқ оғоз хоҳад кард. Тибқи иттилоъи манобеъи ин ширкат, чархаи дувуми ин нерӯгоҳ дар остонаи ҷашни Наврӯз фаъол хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, интизор меравад мушкили камбуди барқ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар фасли сармои имсол то андозае коҳиш ёбад. Зимнан, дар бисёре аз манотиқи рустоии Тоҷикистон ба манозили сокинон дар шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соъат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Як масъули ширкати “Фароб”, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи ҷумъаи 16 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки то чанд рӯзи дигар чархаи нахусти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” фаъол хоҳад шуд ва барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ба системи энержии Тоҷикистон "хоҳад рехт."
Вай гуфт, ки умури насби таҷҳизот ва озмоиши чархаи нахусти нерӯгоҳ анҷом ёфта ва коршиносон машғули бозрасии ниҳоии фаннӣ ва системи кори ин чарха ё огрегот ҳастанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз ду чарха иборат аст, ки ҳар яке зарфияти тавлиди 110 меговот нерӯи барқро хоҳанд дошт.
Вай афзуд: “Вале обанбори “Сангтӯда-2” чандон бузург нест ва ба ин далел миқдори тавлиди барқ ба мизони оби рӯдхонаи Вахш бастагӣ дорад. Агар аз обанбори нерӯгоҳи Норак об зиёд бирезад, пас “Сангтӯда-2” низ барқи бештаре тавлид хоҳад кард.”
Интизор меравад, ки чархаи дувуми “Сангтӯда-2” дар остонаи ҷашни Наврӯз, яъне дар моҳи марти соли 2012 фаъол шавад. Ҳарчанд ба гуфтаи манбаъи ширкати “Фароб”, ин ширкат талош дорад, ки чархаи дувуми нерӯгоҳро қабл аз ин мӯҳлат роҳандозӣ кунад.
Тайи як ҳафтаи ахир мавзӯъи фаъъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон қарор гирифтааст. Муаллифони ин матолиб навиштаанд, ки ҳарчанд расми ифтитоҳи ин нерӯгоҳ дар моҳи сентябр баргузор шуда, вале то ҳол тавлиди барқ дар он шурӯъ нашудааст.
Зимнан, расми оғози кори нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо ширкати руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуда буд. Президент Раҳмон он замон эълом кард, ки чархаи нахусти “Сангтӯда-2” фаъол шуда ва то моҳи декабри соли ҷорӣ чархаи дувумаш низ ба тавлиди барқ шурӯъ мекунад.
Вале манобеъи огоҳ он замон хабар дода буданд, ки бо ширкати руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон танҳо маросими расмии ифтитоҳи “Сангтӯда-2” баргузор шуда ва чархаи нахусти нерӯгоҳ танҳо дар остонаи фасли зимистон ба тавлиди нерӯи барқ оғоз хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, ахиран бархе аз расонаҳо бо такия ба манобеъи ширкати “Барқи тоҷик” хабар додаанд, ки қимати нерӯи барқи тавлиди “Сангтӯда-2” барояшон хеле гарон аст.
Аммо ширкати “Фароб” мегӯяд, ки созишномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Эрон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар соли 2005 имзо шуда буд ва дар он омадааст, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ ҳар килувотсоъат барқро бар ивази 2,98 сенти омрикоӣ харидорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, таъаҳҳудоти дигаре дар ин замина вуҷуд надорад ва интизор меравад, ки арзиши нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ танҳо дар соли 2015 бознигарӣ шавад.
Тибқи ин тавофуқот, тӯли 12,5 соли баъд аз оғози кори “Сангтӯда-2” ин нерӯгоҳ моли давлати Эрон хоҳад буд ва сипас дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор мегирад. Дар ин муддат ҷониби Эрон бояд аз тариқи фурӯши нерӯи барқ махориҷи худро бозпас рӯёнад.
Эрон қасд дошт иҷрои ин тарҳро бо ҳазинаи 180 милюн дулор анҷом диҳад. Вале манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки арзиши аввалияи ин тарҳ то ба 70 милюн дулор афзоиш ёфтааст ва ин амр бояд аз сӯйи давлати Тоҷикистон пазируфта шавад. Афзоиши қимати ин тарҳ ба боло рафтани арзиши масолеҳи сохтмонӣ ва махориҷи изофии ҳамлу нақли таҷҳизот барои нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" марбут будааст.
Би-Би-Си