17:22:52 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЛОИҲАИ НАВИ ЧОРВОДОРОНИ ПОМИР

Маркази таҳқиқотии ҷомеаҳои кӯҳистони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази мили салоҳият дар таҳқиқоти Шимол Ҷануб дастуруламалро барои чорводорони минтиқаи Помири Ғарбӣ муаррифӣ намуданд. Муаррифии ин дастурамал 21-уми декабри соли равон дар кампуси ДОМ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

/images/stories/2011/12/22_korovi_221211.jpgМуаррифии дастурамал бо иштироки даҳ нафар чорводор ва дигар шахсон аз ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Дарвоз ва Ишкошим, ки дар ҷамъоварии маълумот барои ин дастурамал ширкат доштанд. Дар ин маҳфил директории бахши тадқиқоти ДОМ, чонишини директории генералии ДОМ - доктор Насрин Дананӣ, ҳамоҳангсози минтиқавии маркази миллии салоҳият дар таҳқиқот Шимол-Ҷануб - Мира Аринова, корманди калони илмии ДОМ – доктор Инам-ур-Раҳим, мудири шӯъбаи энергетика, коммуникатсия ва нақлиёти ВМКБ Сӯҳроб Мусоев. Мудири шӯъбаи растанипарварии Институти биологии Помир, доктори илмҳои биологӣ – Худодод Ақназаров ва инчунин кишоварзону байторон иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро доктор Довудшо Назришоев – мудири кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ мудирӣ мекард. Чорводорон ва дигар мутахассисоне, ки дар таҳияи дастурамал саҳмгузорӣ карданд, фикру андешаҳои худро ба ҳамагон иброз доштанд ва дурнамои татбиқи дастурамалро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дастурамал бо дастгирии Лоиҳаи СММ, Фонди глобалии экологӣ «Идоракунии захираҳои замини Помир-Олой» ва Шарикии Кӯҳистон таҳия шуда, мақсади он пешниҳоди дониш ва самгузорӣ дар тайғироти чарогоҳҳо дар деҳоти Помири Гарбии Тоҷикистон мебошад.

Моҳҳои июл ва августи соли 2010 пешнависи дастурамал дар байни мутахассисони соҳа ва чорводорон дар Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани ин дастуруламал баррасӣ карда шуд.

«Дастури мазкур донишҳои анъанавӣ ва илмӣ, василаҳои оддӣ ва амалии баландбардории маҳсулотнокии чорво ва чарогоҳҳоро пешниҳод намуда, ва аз се бахши асосӣ: чарогоҳҳои асосӣ, идоракунии чарогоҳ ва чорво иборат мебошад. Маълумот ба таври фаҳмо ва сода барои чорводорон, барномарезон ва донишмандон тартиб дода шудааст.» -қайд намуд доктор Инам-ур-Раҳим.

Аммо пас аз баррасӣ ва муаррифӣ намудани дастуруламал иштирокдорон маҳфил бо саволҳову пешниҳодот ва норизогиҳояшон ба муаллифони ин дастуруламал «ҳамла» намуда, фикрҳои наву ҷолибро пешкаш намуданд. Худодод Ақназаров аз мураттибони дастурамал талаб намуд, ки нуктаҳои зиёд сарфи назари онҳо шудаанд ва барои мукаммал намудани дастурамал онҳоро вориди китоб гардонанд.

Инчунин мутахассиси бахши кишоварзии MSDSP-и ноҳияи Ванҷ Нуралӣ Вазиров, агроном аз шаҳри Хоруғ Мизроб Амирбеков ва рӯзноманигор Қурбон Аламшоев ақида ва андешаҳои худро бар обоз ҳам пурратар намудани дастурамал пешниҳод намуда, талаб карданд, ки дар таҳқиқоти минбаъда мутахассисони маҳаллиро ба барнома ҷалб намоянд.

Алишер Ҷунайдов «Рӯзгор» Хоруғ


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi