20:10:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПРЕЗИДЕНТ БА ДОДИ КӮЛОБИҲО РАСИД

Зимистони ғайричашмдошт сарди имсола ҷиҳати камбуди барқ, гази табиӣ ва маводи дигари сухт боиси нигаронии сокинони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гаштааст. Навбатҳои дурударози мардум барои пур кардани зарфҳои гази табиӣ ва маҳдудияти барқ дилсардкунандааст. То ба чор сомонӣ боло рафтани як дарза ҳезум, ки ҳатто барои ҷӯшонидани як литр об басанда нест, назири дигари мушкилоти мардум аст.

/images/stories/2011/12/26_mushkili-kulob_2011.jpgВа аммо барои оилаҳои серкӯдаки миллати тоҷик ашёи тақдирсоз нон маҳсуб мешавад, ки аз он Кӯлобшаҳр истисно нест. Як сокини оддии шаҳр агар дастикам 4 халта орд дар анбори хонааш дошта бошад, мушкилоти дигарро то андозае фаромуш месозад. Аммо хушксолии баҳори имсол ва ба думбол гаронии нархи орд имкони захира кардани ин ашёи стратегиро надод. Баста шудани роҳи оҳани кишвар дар ҳудуди ҷумҳурии Узбакистон боиси нигаронии вижаи мардум гашт.

Ҷамшед Амиров директори ширкати Ҷамъияти Саҳҳомии Шакли кушоди «Суғдиён», ки собиқ комбинати ғаллаи шаҳрро сарварӣ мекунад, алорағми ҳама мушкилот мегӯяд нигаронии сокинон асос надорад, чунки корҳо дар самти истеҳсоли орд дар комбинат бад нестанд. Аз 23 корхонаи мавҷудаи Кӯлобшаҳр ин ягона корхонаест, ки фаолияти хуб дорад.

Тули 11 моҳи имсол комбинат ба миқдори беш аз 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин ҳам бо дастгирии президенти мамлакат ва малакаву кордонии сарвари корхона муяссар шуд. Ҷаноби оғои Амиров мегӯяд: «Барои даромади иловагӣ гирифтан боз тасмим дорем шурӯъ аз соли нав сехҳои хурди макаронбарорӣ, қаннодӣ ва маҳсулоти нонӣ таъсис бидиҳем.»

Хотиррасон менамоем, ки баъди маҳкум ва ба ҳабс гирифта шудани собиқ соҳибмулки ин корхона генерал Ғаффор Мирзоев мулаққаб бо Ғафор «Седой» корхона муддати солиёни зиёд бефаъолият мехобид. Сарвар дар ин маврид қайд кард: «Комбинати ғаллаи Кӯлоб тулии 20 сол баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бефаолият буд.

Шурӯъ аз 29 октябри соли гузашта бо супориши бевоситаи президенти мамлакат ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимоми корхонаро Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ӯҳда гирифт. Яъне комбинати бефаолият эҳё гардид ва ба нафъи мардуми минтақаи Кӯлоб ва вилояти Бадахшон бомуваффақият фаолият дорад. Имсол ба маблағи 3 миллиону 298 000 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардем.»

Гуфта мешавад, бо ин ҳама фаолияти густарда рӯзе, ки мо вориди комбинат шудем директор дар ҳузури ходимони андози шаҳр буд. Маълум гашт, ки чанд рӯз боз ҷиҳати қарздорӣ аз андози солҳои бефаъолиятии корхона директорро мавриди таҳдид ва истинтоқ қарор додаанд. Ин усули деринаи ходимони андоз аст, ҷиҳати бӯғӣ карда куштани корхонаҳои дар ҳоли рушд. Ва аммо аз пардохтҳои ҷорӣ, мегӯяд ҷаноби Амиров, комбинат тамоман қарздор нест.

Гумон дорем  Агентии Захираҳои Моддии назди президенти ҷумҳурӣ мебояд оҷилан ба доди сарвари комбинат расад, набошад ҷидду ҷаҳди боз як ҷавони серғайрати истеҳсолотчиро дастони пурқуввати хадамоти гуногун буғӣ мекунанд ва ҳама заҳматҳояш бар боди фано мераванд. Ҳамин тавр аксарияти 21 корхонаи саноатии шаҳр билохира анқариб бефаъолият гаштаанд, ки мазарраташро на танҳо буҷҷа, балки истеъмолкунанда низ мекашад. 

Сокинони шаҳр бошанд аз ғамхории президенти мамлакат ва Агентии Захираҳои моддӣ миннатдор буда, бар он назаранд, ки садои чархҳои азими корхонаи ғалла ҳангоми фаъолият, ягона воситаи дилгармии онҳо маҳсуб мешавад дар ин зимистони сарду вазнин. То замоне, ки ин коргоҳ фаъолият дорад мутмаинанд, ки нархи орд дар бозор дар ҳадди эътидол боқӣ хоҳад монд. Алҳол дар комбинат, илова кард директор, боз 1000 тонна ғаллаи дигар захира карда шудааст.

Аҳмади Иброҳим, барои «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi